Евгений Муллоқандов & Шариф Хамдампур

Евгений Муллоқандов: Ҳақ дорам, ки шаҳрванди Тоҷикистон бошам!

Ӯ авоили солҳои 90, замоне аз Тоҷикистон рафт, ки ҷумҳурӣ дар оташи ҷанги шаҳрвандӣ месӯхт. Ва танҳо пас аз се даҳсола ба макони овони кӯдакии беғаш ва ҷавонии хуш сипарикардааш баргашт.

Евгений Муллоқандов, соҳибкор, метсенат, раҳбари гуруҳи ширкатҳо дар Русия ва ИМА меҳмони идораи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва сомонаи Pressa.tj шуд ва таассуроти худро дар бораи зодгоҳаш, мардуми Тоҷикистон баён кард.

Мулоқот баъди 32 сол

— Ман баъд аз 32 соли ба ИМА рафтани оилаамон, дар рӯзи таваллуди як дӯстам ба Тоҷикистон омадам,- мегӯяд Евгений.- Баъдан пайваста меоям ва нахуст ба зодгоҳи азизам — шаҳри Ваҳдат, ки дар гузашта Орҷоникидзеобод ном дошт, мешитобам.

Боре Евгений ба мактаби хатмкардааш омада, бо муаллимоне, ки аз нарасидани синфхонаҳо дилтанг буданд, суҳбат кард ва тасмим гирифт, ки дар бунёди бинои иловагии 3-ошёнаи таълимӣ нақш гирад.

— Миқдори муайяни компютерҳоро харидем ва баъд аз он ба тарҳрезии мактаб шуруъ кардем. Ман аз муаллимони ин мактаб хеле миннатдорам. Дар ин ҷо таҳсил кардам, ин мактаб маро ба пояе расонид, ки имрӯз ҳастам,- мегӯяд Муллоқандов.

— Мо аз бунёди мактаб хабар дорем, дар ифтитоҳи он Президенти кишвар иштирок дошт. Аммо, мутаассифона, шумо дар он маърака набудед.  

— Ман муддате пеш аз маросими ифтитоҳи мактаб барои чанд рӯз ба ИМА, ба хабаргирии оилаам рафта будам. Дар он ҷо ба коронавирус гирифтор шудам, ки онро вазнин паси сар кардам. Афсӯс, ки дар маросими ифтитоҳ набудам, вале хеле шодам, ки шахсан Президент омада ин мактабро кушоданд. Ман аз ин фахр мекунам.

Ба ҳамкурсам, академик, президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ низ барои саҳмгузориаш дар таъмини мактаби нав бо ҳайати омӯзгорӣ изҳори сипос мекунам.

Дар мавриди он, ки чӣ тавр падару модари Евгений ба Орҷоникидзеобод омадаанд ва дар он ҷо муқимӣ шуданд, ӯ мегӯяд:

— Пеш аз таваллуди ман падар ва бобою бибиам дар онҷо зиндагӣ мекарданд. Модарам аз Челябинск аст. Ӯ бо як роҳхати сайёҳӣ ба Тоҷикистон омада, дар он ҷо бо падарам вомехӯрад. Баъд, барои зиндагӣ ба Орҷоникидзеобод мекӯчад.

Волидонатон чикора буданд?

— Сохтмончӣ.

Шумо ба пайи онҳо нарафтед?

Не, ман ба факултаи физикаи донишгоҳи Душанбе дохил шудам. Физикаро дӯст медоштам ва мехостам бештар ба илмҳои дақиқ машғул шавам. Афсӯс, ки натавонистам таҳсилро ба анҷом расонам. Дар Тоҷикистон ҷанг оғоз шуд ва волидонам ба ИМА рафтанд. Ин соли 1993 буд. Он вақт ман ҳамагӣ 21-сола будам.

Тақдир қаҳрамони моро ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бурд ва дар он ҷо донишгоҳро бо ихтисоси “Менеҷменти соҳаи тандурустӣ хатм карду баъдан як шахси хеле муваффақ гардид. Аммо, сарфи назар аз ҳама дастовардҳои худ, Евгений хеле хоксор боқӣ мондааст.

Ҳоло шумо шахси муваффақ, соҳибкори номдор, саховатпеша ҳастед. Чӣ тавр ба ин ҳама дастовардҳо ноил гардидед?

— Аз бисёр ҷиҳат, албатта, бахтам хандид. Пеш аз ҳама, маҳз ҳамин мактабе сабаб шуд, ки ман дар бораи он сухан рондам. Онҷо ба ман таълим доданд, ки дар ҳама ҳолат эҷодкор бошам, аз болои худ кор кунам. Илова бар ин, ман бо одамони хуб вохӯрдам, хеле зиёд. Яке аз охирин вохӯриҳои хотирмону муҳим вохӯрӣ бо ҳамсарам аст. Ман ӯро хеле дӯст медорам ва ин мулоқотро қадр мекунам.

Ҳамсаратон ба чӣ кор машғул аст?

— Ҳамсари ман Елена Жидкова роҳбари як шабакаи хеле калон дар Федератсияи Русия, аз ҷумла шабакаи тиббӣ мебошад. Ӯ Донишгоҳи тиббиро хатм кардааст. Елена номзади илм аст. Мақолаҳои илмии ӯ дар маҷаллаҳои тиббии Амрико ба нашр мерасанд, ки ин дастоварди хеле бузург аст. Ҳоло ба ҳимояи рисолаи докторӣ омодагӣ мегирад.

Евгений соҳиби оилаи калон аст — панҷ фарзанд ва се набера. Ду калонӣ — як писар ва як духтар дар Иёлоти Муттаҳида зиндагӣ доранд, онҳо оиладоранд. Хурдиҳо ба мактаб мераванд, яке барои дохил шудан ба донишгоҳ тайёрӣ мебинад. Дар омади гап, фарзандони хурдии Евгений дар ватани волидайни худ буданд — ду ҳафта дар Тоҷикистон дар меҳмонии як дӯсти хонадонашон қарор доштанд.

Муллоқандов ва кино

— Бо номи Евгений Муллоқандов як нафар коргардони кино ҳаст. Тасодуфан, ӯ шумо нестед?

— Бале, ман.

Шуморо чӣ ба кино овард?

— Модарам мисли шумо қаламкаш аст, ҳикояҳои ҷолиб менависад ва мо тасмим гирифтем, ки яке аз онҳоро ба навор гирем. Он хеле муваффақ буд. Ин филм дар бисёр фестивалҳо ғолиб омад. Имсол дар ҷашнвораи ҷаҳонӣ беҳтарин филм ба забони русӣ дониста шуд. Оҳиста-оҳиста ба таҳияи лоиҳаҳои тиҷоратӣ шуруъ кардем, ки онҳо низ муваффақ шуданд. Ман тиҷорати бисёрсамта дорам. Мо бо сохтмон сарукор дорем ва ҳам филмбардорӣ мекунем.

Модаратон бо кадом забон менависад?

— Бо русӣ, ӯ ба наздикӣ 79-сола мешавад.

Шумо бо кино машғул шуданро идома медиҳед?

— Бале, мо ба наздикӣ силсилафилмеро дар шакли пилотӣ ба навор гирифтем, ки хеле муваффақ баромад. Ҳоло он сиррӣ аст, ошкор карда наметавонам.

100 сол пеш

— Евгений, дар ибтидои асри 20 гузаштагони шумо дар қатори дигар тоҷикони Осиёи Марказӣ ҷои сукунаташон Бухоро, Самарқанд ва дигар шаҳрҳоро тарк карда, ба як гӯшаи ҷанубии Аморати Бухоро кӯчиданд, то Тоҷикистони нав бунёд кунанд. Ба фикри шумо, онҳоро чӣ ба ин водор намуд?

— Барои ман сухан гуфтан аз номи онҳо душвор аст, аммо шояд аз он сабаб бошад, ки ватанашон буд. Онҳо ба қадри имкон кору зиндагӣ ва ба Ватан хизмат карданд.

Шумо ҳам кори оғозкардаи онҳоро идома медиҳед. Мисоли он мактабест, ки дар Ваҳдат сохтед. Дар Тоҷикистон ягон иншооти дигар бунёд карданӣ ҳастед?

— Мо ният дорем, ки дар ин ҷо клиникаеро бо лабораторияи мукаммали муосир созем. Аллакай ба ин кор шуруъ, ҳатто сохтмонашро оғоз кардем.

— Яҳудиёни Бухоро дар ҳар куҷое, ки бошанд, анъана, фарҳанг (хусусан Шашмақом ва санъати театрӣ), забоне, ки онро забони яҳудиёни Бухоро меноманд (яҳудиёни бухороӣ тоҷикӣ ҳарф мезананд), ҳифз мекунанду рушд медиҳанд. Шумо дар ин кор саҳм доред?

— Не, надорам. Ман ба ин ришта ҷалб нашуда будам. Дар бораи хешонам медонам, ки онҳо ҳунармандони маъруфу шоистаи Тоҷикистон ҳастанд. Аммо оилаи мо дар ҳаёти фарҳангии Тоҷикистон нақш надошт, онҳо дар риштаи дигар истеъдодҳои соҳибистеъдод буданд. Ҳам падарам ва ҳам амакам дар соҳаи гидроэнергетика, дар трести машҳури «Тоҷикгидроэнергострой» фаъолият доштанд. Хизмати онҳо маҳз дар ҳамин аст. Як амаки дигарам устои хеле хуб, устои мошинолотсозӣ буд. Бобоям ва ду бародару хоҳараш омӯзгори забони тоҷикӣ буданд.

Қандини Калон

Ман дар китоби «Взгляд…» гуфтаҳои Камол Айниро овардаам. Вақте падараш устод Садриддин Айнӣ ба Тошканд сафар мекунад, дар хонаи президенти Академияи илмҳои Ӯзбекистон Султон Умаров тамоми элитаи Бухоро ҷамъ меоянд. Дар байни онҳо Давид Муллоқандов ҳам буд. Ӯ ба шумо кӣ мешавад?

— Шояд нафаре аз хешовандон бошад. Зеро насаби Муллоқандовро беш аз сад сол як нафар асос гузоштааст ва мо ҳама авлоди ӯ ҳастем. Шояд Давид Муллоқандов амакбачаи бобоям аст.

Шумо медонед, ки Муллоқандовҳо дар ҳудуди Осиёи Марказӣ аз асри 17 зиндагӣ мекунанд?

— Аз 18, дақиқтараш 19. Таърихи чӣ тавр омаданашон мавҷуд аст. Онҳо Муллоқандовҳо набуданд, як нафар ин насабро қабул кард.

Барои чӣ маҳз насаби Муллоқандовро?

— Барои он, ки модари ӯ Қандини Калон буд. Ӯро ҳамин тавр ном мебурданд. Ӯ хоҳари вазири вақти Аморати Бухоро буд. Шавҳараш бошад, аз Эрон омада, насабаш Мулло Думайнӣ буд. Қандини Калонро ба Мулло Думайнӣ ба шавҳар доданду фарзандон ба дунё омаданд, ки яке насаби Муллоқандро гирифт.

Президент онест, ки ҳаст

Шумо беш аз 30 сол дар Тоҷикистон набудед. Зодгоҳатон Орҷоникидзеободро чӣ гуна дарёфтед?

— Орҷоникидзеобод хеле тағйир ёфтааст, вале, мутаассифона, на ҳама ба хубӣ. Шояд аз он сабаб бошад, ки дар ин ҷо ҷанг буд. Баъди ин гуна харобӣ ҳама чизро аз нав барқарор кардан, иктисодиёти куҳнаро ба меъёр даровардан душвор буд. Аммо сарфи назар аз ин ҳама, ба ман писанд омад. Аз раиси пешин ва раиси имрӯза, ки барои шаҳр корҳои зиёд кардаву мекунанд, миннатдорам. Аз Президент ҳам. Умуман, Президентро хеле дӯст медорам. Ҷумҳуриро аз вазъияти басо душвор баровард. Ин рост аст. Барои ин кор Пешво лозим буд. Оне, ки ӯ ҳаст. Мутаассифона, бо ӯ во нахӯрдаам. Вагарна, дасташро бо самимият мефишурдам.

Он чӣ пинҳон буд, аён шуд

— Аз даврони мактабхонӣ ва донишҷӯӣ хотироти зиндае дар зеҳнатон боқӣ мондааст?

— Бисёранд. Ёд дорам, боре ману модарам ба Душанбе, ба истгоҳи роҳи оҳан омадем ва ба тарафи “Садбарг” рафтем. Онҷо ҳавзи дорои фаввораҳо буд ва ман оббозӣ кардам. Он вақт модарам ба ман чизҳои ҷолиб гуфт: «Мебинӣ, Женя, ман одами хеле хушбахтам». Пурсидам: «Чаро?». Модар ҷавоб дод: «Ман хеле шодам, ки ба падарат ба шавҳар баромадам ва ӯ маро ба Тоҷикистон овард. Чунки ҳоло дар биҳишт зиндагӣ мекунем. Ман аз Челябинск ҳастам — соле ду моҳ офтоб аст, меваю сабзавот он қадар зиёд нест, одамон сахтгапанд, аммо дар ин ҷо ҳама одамдӯсту меҳмоннавоз. Ин ҷо ба ман хеле маъқул аст. Худи шаҳр бошад, бубин, чӣ қадар зебост». Ин гуфтори модарам як умр дар хотирам нақш бастааст. Таассуфовар аст, ки дар чунин биҳишт чунин ҳодисаҳо рух доданд. Аммо ман, ки солҳои зиёд дар Ғарб зиндагӣ кардаам, нав мефаҳмам, ки ин ҳама чӣ гуна сурат гирифт. Хушбахтона, ҳама чиз ба тартиб даромад.

Нигоҳ аз берун

Дастовардҳои Тоҷикистонро дар чӣ мебинед?

— Дар ин бора сухан гуфтан бароям душвор аст. Ба фикрам, дороии асосии Тоҷикистон мардуми заҳматкашу меҳнатдӯсташ аст ва бояд бо онҳо фахр кунад. Илова бар ин, мо бисёр канданиҳои фоиданок дорем, ки шояд муносибати беҳтарро талаб кунанд. Азбаски волидайни ман гидроэнергетиканд, ман бо ин соҳа ошноям. Мо арзонтарин нерӯи барқро дар ҷаҳон дорем. Дар мо дарёҳои тезоб зиёданд. Аммо ин ҳама технологияҳои мураккабро талаб мекунад, ки сармоягузории зиёд мехоҳад. Фаҳмиши ман дар ин бора рӯякист, дар сатҳи як нафари оддӣ. Аммо раванди рушди Тоҷикистонро дар ҳамин мебинам.

Ибтикоратонро дар соҳаи маориф идома медиҳед?

— Бале, дар мактабе, ки бунёд кардам, маҷмааи варзишӣ месозам. Махсусан толори гӯштини самбо. Зеро худам бо гӯштини самбо машғул ҳастам. Дар мактаб бо мураббиам вохӯрдам, ки ҳоло ҳам қавию хушҳол аст ва таълими гӯшингириро ба кӯдакон идома медиҳад. Инчунин, мехоҳам маркази тенниси рӯи миз бунёд кунам.

— Дар Тоҷикистон бахши IT бозори холист. Оё шумо намехоҳед худро дар ин самт санҷед?

— Зиёд мехоҳам. Борҳо кӯшиш кардам, ки як системаи иттилоотии тиббиро ба тамоми Тоҷикистон ҳадя кунам, аммо, мутаассифона, бемористонҳо бо компютер таъмин нестанд. Илова бар ин, дар ин самт маълумоти тахассусӣ вуҷуд надорад. Вале бо дилу ҷон мехоҳам ҳамаи инро ташкил кунам ва мактабе, ки ман сохтам, назди он чизе, ки ба ҷумҳурӣ дода метавонам, ночиз хоҳад тофт. Худи ин система пули калон мехоҳад. Онро нигоҳ доштану хизматрасонӣ кардан кори осон нест. Ман метавонам хароҷоти қисмате аз онро ба дӯш гирам. Бунёди он имкон фароҳам меоварад, ки шаҳрванди Тоҷикистон онлайн ба кабинети худ дарояду аз таърихи бемории худ маълумот пайдо кунад. Табиб бо истифода аз он метавонад бубинад, ки ҳатто 20 сол пеш бо бемор чӣ шуда буд, кадом доруҳоро истифода бурд, чӣ рӯй дода истодааст, чӣ пешрафт аст, ё баръакс… Ва ин хеле муҳим аст. Медонам, ки Президент дар Паёми як сол пеш дар назди Ҳукумат чунин вазифа гузошта буд, аммо маълум нест, ки чӣ тавр онро амалӣ месозанд, ман сари қудрат нестам, чизе гуфта наметавонам.

Ширкати IT «Матадор» бо таваҷҷуҳ ба тарҳҳои миллӣ талош дорад, ки ин бахшро дар Тоҷикистон роҳандозӣ кунад. Як қатор лоиҳаҳоро худи ширкат маблағгузорӣ мекунад, барои баъзеи он сармоягузорӣ ҷалб месозад ва дар заминаи Донишгоҳи технологӣ таълими иловагӣ ташкил менамояд. Аммо кор бо душворӣ пеш меравад. Ҳарчанд ояндаи Тоҷикистонро бидуни технологияҳои IT тасаввур кардан ғайриимкон аст

Парво накун!

Шиори шумо дар зиндагӣ.

— Ман дар зиндагӣ шиор надорам.

— Китоби дӯстдоштаатон?

— Китобҳои Ҷек Лондон, Теодор Драйзер, Толстой, Пушкинро дӯст медорам. Ман чанд муддате, ки ин ҷо будам, китоби Бобоҷон Ғафуров — «Тоҷикон»-ро хондам. Бисёр аҷоиб аст. Қаблан «Шоҳнома»-ро ба забони русӣ хонда будам.

— Агар бори дигар таваллуд мешудед, кӣ шудан мехостед?

— Ман дар ин хусус фикр намекунам. Он ки ҳастам, маро қонеъ мекунад. Ташаккур ба волидонам.

Забони тоҷикиро медонед?

— Фаромӯш кардаам, аммо қаблан бо тоҷикӣ хеле хуб гап мезадам.

— Ибораи дӯстдоштаатон ба забони тоҷикӣ?

— Парво накун!

— Маслиҳати шумо ба соҳибкорони тоҷик.

— Маслиҳат додан маслаки ман нест. Ман аз кору бор ва зиндагии онҳо хабар надорам. Аммо мехоҳам поквиҷдон бошанд, оилаи худ, халқи худро дӯст доранд, боз ҳам муваффақтар шаванд. Ҳамеша ҷой барои соҳиби дастовардҳои бештар шудан вуҷуд дорад.

— Вақти холиро чӣ гуна гузаронидан мехоҳед?

— Мехоҳам дар хона бо кӯдаконам бошам.

— Шуғли дӯстдоштаатон?

— Шоҳмотбозӣ. Зимнан, яке аз самтҳои соҳибкории ман таъсиси мактаби шоҳмот аст. Ман шоҳмотбоз Ян Непомняшро сарпарастӣ мекунам.

— Таманниётатон ба мардуми Тоҷикистон.

— Дар роҳи маърифат бикӯшед! Маърифат сарчашмаи муваффақият аст.

— Агар ба шумо имкони муроҷиат ба ягон муаллиматонро медоданд, ба ӯ чӣ мегуфтед?

— Ташаккур мегуфтам. Ташаккури зиёд.

Зиндагӣ кардан дар Душанбе ба шумо писанд аст?

— Бале. Мутаассифона, наметавонам ҳамеша дар Душанбе бошам. Ман шаҳрванди Тоҷикистон нестам.

— Агар ба шумо шаҳрвандӣ диҳанд?

— Бо хушнудӣ қабул мекардам. На танҳо бо хурсандӣ қабул мекунам, балки чунин мешуморам, ки барои шаҳрванди Тоҷикистон будан ҳақ  дорам.

Мусоҳиб: Шариф ҲАМДАМПУР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *