Facebook хабарҳои қалбакиро мешиносад
Шабакаи иҷтимоии Facebook абзорҳоеро барои мубориза бо хабарҳои беасос (ё «фейк»-ҳо) омода кардааст.
Акнун корбарон бо дидани хабари дурӯғ метавонанд ба шабака дар ин бора хабар диҳанд.
Иттилои фиристодаи корбаронро Facebook ба созмонҳое равона мекунад, ки дурустии хабарҳоро месанҷанд,. Агар коршиносон тасдиқ кунанд, ки иттилои фиристодаи корбар беасос аст, он иттилоъ «шубҳанок» унвон мешавад.
Хабари мазкур аз шабака пок намешавад, онро мумкин аст ба дигарон фиристод, аммо дар ин ҳолат хабар ҳамеша бо барчаспи «шубҳанок» ҳамроҳ хоҳад буд ва камтар дар саҳифаи корбарон пайдо хоҳад шуд. Ба ҷуз ин Facebook муодилаеро роҳандозӣ мекунад, ки ба дигарон имкон намедиҳад, то аз номи хабаргузориҳои воқеӣ иттилои сохтаи худро паҳн кунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ