Убайдуллоев: Барқ каму маҷлис бисёр

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе зимни ҳисоботи солонааш дар ҷаласаи вакилони пойтахт мушкили таъминоти барқ дар шаҳрро мавриди баррасӣ қарор додааст.

Ӯ  зимни ҳисобот ба вакилон мушкилоти таъмини барқро ба сабабҳои молиявӣ рабт дода, ба сохтори болоии “Барқи тоҷик” ишора кардааст, ки барномаҳои омодагӣ ба зимистонро ба таври лозим сармоягузорӣ намекунанд: “Бояд тазаккур дод, ки баҳри баланд бардоштани эътимоднокии барқтаъминкунии истеъмолкунандагони шаҳр, аз ҷониби корхона ҳамасола барнома ва нақша-чорабиниҳои марбута, аз ҷумла вобаста ба омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон таҳия ва тасдиқ гардида, мутаассифона бинобар сабабҳои молиявӣ, ки ба сохтори болоӣ – ШСХК “Барқи Тоҷик” вобастагӣ дорад, барнома ва нақша-чорабиниҳои мазкур солҳост, ки ба пуррагӣ иҷро намегарданд”.

Ӯ аз боридани барфи аввал ва садамаҳои рухдода дар истгоҳҳо ва зеристгоҳҳо гуфтааст, ки “дар тарҳрезии корҳои омодагӣ ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин кардани ҶСК “Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе” камбудиҳои зиёд ҷой доранд”.

Убайдуллоев аз муовинаш Шакарбек Самадов хостааст, ба ҷаласаҳои бефоида хотима бахшаду якҷоя бо “Барқи тоҷик” мушкили сокинонро ҳал кунад: “Барои таҷдиду азнавсозии таҷҳизот ва шабакаҳои барқии фарсудагаштаву дар ҳолати серборӣ қарордоштаи шаҳр, мустаҳкам намудани базаи моддию техникии ҶСК “Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе” оид ба истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ ва паст намудани сатҳи талафоти он чораҳои таъхирнопазир андешида шаванд”.

Ин дар ҳолест, ки бо фарорасии фасли сармо шикояти сокинони Душанбе аз қатъи интиқоли барқ афзоиш ёфтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *