«Файзи баракат» ба Чин равған содирот мекунад
Директори ҶДММ «Файзи баракат» Давлаталӣ Ҷӯрабеков ва роҳбари ширкати чинии «Синзян Мадина Интернешнл Логистик груп Ко лимитед» Кунугули Махачи барои содироти равғани корхона ба Чин ба маблағи 5 миллион доллар созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
Бино ба иттилои расида, ин корхона аз ҷониби соҳибкор Файзалӣ Ҳоҷиев дар масоҳати 1 гектар бунёд шуда, дар як шабонарӯз 70 тонна ва дар як моҳ 2100 тонна навъҳои гуногуни равғани босифат истеҳсол менамояд. Корхона аз ҳисоби даромади софи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файзи Сомон» бунёд гардида, иқтидори солонаи он истеҳсоли 25 ҳазор тонна равғанро ташкил медиҳад.
Дар он аз пахта, маъсар, лӯбиё ва офтобпараст равған истеҳсол ва дар зарфҳои гуногуни пластикӣ ҷой карда мешавад. Маҳсулоти тавлидшуда аз лиҳози сифат ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ