Баҳодур Усмонов соҳиби камарбанди WBO Oriental шуд

Дар «Шоми бокс», ки рўзҳои 27 ва 28-уми октябр бо сарпарастии IBA дар Душанбе баргузор шуд, чанде аз муштзанҳои тоҷик пирўз шуданд ва муштзани маъруфи Тоҷикистон Баҳодур Усмонов соҳиби камарбанди WBO Oriental гардид.

Шаббос Неъматуллоев дар аввалин набарди худ дар ринги касби бо нокаути техники дар раунди аввал бар Карен Аветисян пирўз шуд.

Дар набарди дуюми ин шом Давлат Болтаев ўзбекистони Муҳиддин Раҷабовро дар раунди дуюм бо нокаути техники шикаст дод.

Акмал Убайдов дар раунди аввал бар муштзани Ўзбекистон Темур Кушаков бо нокаути техники ғолиб омад.

Абубакр Муродзода бо қарори якдилонаи доварон аз Давит Азизяни армани шикаст хўрд.

Дар набарди асосии ин шом муштзани маъруфи тоҷик Баҳодур Усмонов (7-0) дар раунди сеюм (набард иборат аз 10 раунд буд) бар муштзани тайланди Манат Сопатип (10-2) бо нокаути техники пирўз шуд. Тайланди дар ин набард чор маротиба ба нокдаун дучор шуд. Ҳамин тавр, Баҳодур Усмонов соҳиби камарбанди WBO Oriental шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *