Файзиддин Қаҳҳорзода: Татбиқи 74 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ идома дорад
Ба ҳолати 1-уми июли соли 2022 дар ҷумҳурӣ татбиқи 74 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 3,7 млрд доллари амрикоӣ идома дошта, тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати ҷалб ва дарёфти захираҳои иловагии молиявӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва дигар созмонҳои байналмилалии молиявӣ амалӣ гардида истодааст.
Ин нуктаро Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд.
Номбурда афзуд, ки дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар доираи татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 2,8 млрд сомонӣ аз худ карда шуда, маблағҳои мазкур барои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ равона гардидааст.
— Бо мақсади ҷалби маблағҳои иловагӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятдошта дар нимсолаи якуми соли соли 2022 маҷмуан 8 созишномаи нави қарзию грантӣ ба маблағи умумии 243,9 млн доллари амрикоӣ ба имзо расонида шуд, ки аз он 217,9 млн доллари амрикоӣ маблағҳои грантӣ, 19,0 млн доллари амрикоӣ маблағҳои қарзӣ ва 7,0 млн доллари амрикоӣ саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад,- гуфт Ф. Қаҳҳорзода.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ