Боздошти 5 тоҷик, ки дар Русия ҳамватани худро ғорат кардаанд

Дар шаҳраки Парголовои ноҳияи Виборги вилояти Ленингради Русия пулис бо роҳандозии амалиёти “Перехват” 5 зодаи Тоҷикистонро дастгир кардааст.

Тавре зикр мегардад, онҳо ба латукӯб ва ғорати як ҳамватани худ муттаҳам мешаванд.

Бино ба хабарҳо, шоми 14-уми июл як раҳгузар ба рақами 112 занг зада, хабар додааст, ки дар Парголово 5 марди ношинос як марди дигарро бо калтак латукӯб карда, санадҳои ӯро кашида гирифтаанд ва сипас дар як мошини тамғаи “Фолксваген Поло” фирор кардаанд. Ба ин шоҳид муяссар шудааст, ки рақами мошинро ҳам бигирад ва ба пулис бидиҳад. Ин 5 нафар ҳама зодаи Тоҷикистон буда, аз 22 то 33 сол доштаанд.

Соати 18:40 ба шуъбаи 49-уми пулис ҷабрдида ҳам муроҷиат кардааст. Маълум шудааст, ки ӯ ҳам зодаи Тоҷикистон буда, 32 сол доштааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *