Файзулин муҳоҷиронро ба Русия даъват мекунад

«Ҳоло комиссияе таъсис дода шудааст ва мо тартиби корро барои Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Туркия муқаррар кардаем «гуфт Файзуллин

Вазорати сохтмони Русия механизми воридоти ҳадафноки муҳоҷиронро ба сохтмонҳои Русия оғоз кард. Дар ин бора рӯзи 23 январ сардори раёсати сохтмони Русия Ирек Файзуллин изҳор доштааст. «Тартиби идоракунии нав барои воридоти нерӯи кории хориҷӣ аллакай амалӣ шудааст ва амал мекунад. Барои ин ширкати калони сохтмонӣ ба намояндаи Вазорати сохтмон, ки дар ҳар минтақаи Русия ҳаст, муроҷиат мекунад. Ҳоло комиссияе таъсис дода шудааст ва мо тартиби корро барои Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Туркия муқаррар кардаем «гуфт Файзуллин (иқтибос аз Интерфакс). Ёдовар мешавем, ки ин ҳафта президент Владимир Путин амр дод, ки воридоти муҳоҷирон барои кор дар сохтмонҳо содда карда шавад. Ин дастур пас аз натиҷаҳои ҷаласаи моҳи декабри Шӯрои давлатӣ ва Шӯрои президент оид ба рушди стратегӣ ва лоиҳаҳои миллӣ дода шудааст. Масъалаи муқаррар намудани тартиби соддакардашудаи ҷалби коргароне, ки шаҳрвандии Федератсияи Россия нестанд, аз ҷумла онҳое, ки аз кишварҳои ИДМ ҳастанд, барои иҷрои корҳои сохтмонӣ-васлкунӣ мутобиқи талаботи санитарию эпидемиологӣ бо мақсади пешгирии паҳншавии сирояти нави коронавируси COVID-19 баррасӣ карда шуд , -гуфта мешавад дар хабар. “Ба соддагардонии вуруди муҳоҷирони меҳнатӣ, ки норасоии онҳо дар сохтмонҳо ба сабаби баста шудани марзҳо дар пандемия ба миён омадааст,дигар ҷои шубҳа нест” мегуяд Фвйзулин Вазорати сохтмон пешниҳод кард, ки воридоти муҳоҷирон танҳо ба ташкилотҳое, ки назорати санитарию эпидемиологиро кафолат медиҳанд (ба даст овардани хулоса дар бораи набудани COVID-19 дар муҳоҷирон иҷозат дода мешавад. Ғайр аз он, ҷониби қабулкунанда бояд барои коргарон ҷои истиқомати доимӣ ташкил кунад, онҳоро ба қайди муҳоҷират гузорад ва муносибатҳои меҳнатиро бо онҳо ба расмият дарорад. Худи муҳоҷирон муваззафанд, ки барои кор дар Русия патент бигиранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *