Фалаксарои тоҷик бо ному чеҳраи русӣ

Нусратуллои Иноятулло маъруф бо номи Михаил Ломоносов аз зумраи ҳунармандони ҷавону овозадорест, ки бо сабку услуби хос ва жанри қадимаи фалаксароӣ миёни ҳаводорони санъат шинохтаву маъруфият ба даст овардааст. Чанде қабл ин сарояндаи номдор дар меҳмонии радиои “Ҳамсадо” дар боби зиндагиву фаъолияти худ маълумот дод, ки фишурдаашро пешкаши шумо мегардонем. 

Шумо дар мусоҳибаҳои қаблиатон гуфта будед, ки номи маро ба он хотир Михаил гузоштанд, ки ман зардина таваллуд шудам, ба русҳо хеле монанд будам. Вале савол ин аст, ки чаро Ломоносов?

— Вақте мо аз шаҳри Кӯлоб ба шаҳри Бохтар омадем, дар кӯчаи Ломоносов зиндагиро идома додем, ҳамроҳи падару модарам. Насаби ман аз ҳамин ҷо замина мегирад.

Вақте аввалин бор ба саҳна баромадед, мардум тааҷҷуб намекарданд, ки чаро Михаил Ломоносов? Савол намедоданд, ки шумо рус ҳастед?

— Вақте ман таваллуд шудаам, аз он ки хеле зардина будаам, маро ба забони кӯчагӣ Михаил гуфтаанд ва ман ҳамин тавр шинохта шудам.

— Дар куҷо таваллуд шудаед?

— Дар шаҳри Кӯлоби бостонӣ таваллуд шудам.

— Аз хурдӣ чӣ орзу доштед?

— Мехостам кайҳоннавард шавам. 

— Модоме орзуятон кайҳоннавард шудан буд, чӣ гуна ба мусиқӣ ва сарояндагӣ рӯй овардед? Ҷои пӯшида нест, ки овози шумо ғайримуқаррарист, ки хеле ба гӯш роҳат мебахшад. Чандсола будед, ки аввалин суруди худро сароидед?

— Вақте хурд будам, ба ин намуди санъат хеле шавқу рағбати беандоза доштам. Ба бисёр ҷойҳо мерафтам, роҳ намедоданд, дастгирӣ намекарданд. Мегӯянд, ки одам то азоб накашад, ба қадри меҳнат намерасад. Ман низ хеле азоб кашидам, аввалаш бо хости Худо, дуюм бо дуои волидон ва сеюм овозам маро шуҳрат бахшид. Аз 13- солагӣ ба сурудхонӣ оғоз кардам. Ҳамаи чизе, ки ба даст овардам, дуоҳои сари ҷойнамоз кардаам аст, бар додагию нододааш шукрона мекунам.

— Дар суҳбате гуфта будед, ки падари ман бекор аст. Ҳоло вазъ чӣ гуна аст?

— Ман дар оила як фарзанд ҳастам. Бародарону хоҳаронам мухлисонам ҳастанд. Падари ман сутуни хонадони ман, такягоҳи ман, обрӯю эҳтироми ман аст.

— Шунидем ба падари худ гуфтаед, ки ман бародар мехоҳам, аз модарам пинҳонӣ оиладор шавед, то ки соҳиби бародар шавам. Дар ин ҳолат худатон ҳис накардед, ки нисбати модар каме ноҳурматӣ шуд?

— Як фарзанд будан ҳам мушкил аст, бародари азиз. Хуш ба ҳоли он касе, ки хоҳару бародар дорад. Ба падарам гуфтам, ки пинҳонӣ оиладор шавед, вале гуфтанд, ки ба ҳамин яктоаш шукр мекунам.

— Табиист, ки имрӯз сарояндаҳо барои даромади хуб клип сабт мекунанд, дуэт месароянд бо сарояндагони машҳур, аммо то ҷое медонам, шумо ба ин чиз хеле кам таваҷҷуҳ мекунед. Сабаб дар чист?

— Ростӣ, мехоҳам бо сарояндаҳо ҳамкорӣ кунам, роҳҳои ҳамкориро кофта истодаам. Ҳоло нав ба синни 24 даромадам. Худо умри моро дароз кунад, оҳиста –оҳиста мо ҳам ба ин ҷодаҳо мерасем.

— Хато накунам, ду сол қабл тӯйи хонадоршавӣ доштед, ки дар он ҳамаи ситораҳои шинохтаи тоҷик иштирок доштанд ва дар  сатҳи олӣ гузашт. Айни ҳол зиндагӣ чӣ хел аст?

— Супер! Аввалаш Худованд, дуюмаш дуои падару модарам буд, ки ман бо як духтари хуб оиладор шудам. Ман аз оилаам бениҳоят розӣ ҳастам. Зан ҳам ҳуқуқи худро дорад, вале ҳамдигарфаҳмӣ аз ду тараф мешавад. Хушдоманам низ бисёр зани хуб аст. Ӯ гуфт, ки ман мухлиси ту ҳастам. Агар духтарамро нагирӣ ҳам, дар тӯяш омада, як суруд бихон. Вақте аз хона мебаромадам, ҳамсарам “майлаш, ака” гӯён, хайрухуш карданӣ шуд. Дар ҷавоб гуфтам, ки “ака нагӯ, ҳоло мо ҷавонем”. (механдад)

— Ҳоло дар куҷо зиндагӣ мекунед, дар шаҳри Душанбе ё Бохтар?

— Гоҳ дар Душанбе, гоҳ дар Бохтар. Шукри Худо соҳиби фарзанд шудем. То фарзанддор шудан, табобати зиёд кардем, интизории зиёд кашидем ва самараашро низ чашидем.

— Аввалин суруди шумо дар бораи чӣ буд?

— Суруди таблиғӣ дар бораи бозори Ҳоҷӣ Шариф буд.

— Дар ғарб ҳамин гуна аст, ки барои ҳамкорӣ намудан бо ҳунармандон, пешниҳоди оҳанг мекунанд ва ҳамин тавр ҳамкориро ба роҳ мемонанд. Чаро шумо ин усулро истифода намебаред?

— Ман бо аксари сарояндагон дӯстӣ дорам, аммо сад дар сад бовар дорам, ки агар пешниҳод кунам ҳам, қабул намекунанд.

— Чаро?

— Инро аз худашон пурсидан лозим аст.

— Аз ҷониби шумо чунин кӯшиш буд?

— Албатта буд.

— Ба кӣ равон кардед, биёед гапҳои махфиро кушоем…

— Аксарияташро нагуфтаму танҳо ба як-ду нафар пешниҳод кардам. Аммо мехоҳам бо устод Гугуш ҳамкорӣ кунам. Консертҳои калоне, ки  гуфтед, умед дорам, ки ягон нафари даст ба хайре пайдо шаваду сарпарастӣ кунад. Нақша дорам, ки дар сатҳе гузаронам, ки дар Тоҷикистон аввалин бор бошад.  

— Шумо бо Бобои Файз, равонашон шод бод, як дуэт сароидед, ки дар муддати кутоҳ шуҳрати зиёд пайдо кард. Дӯстии шумо чӣ гуна пайдо шуд?

— Падарам гуфт, ки ман бо Бобои Файз маслиҳат кардам, рафта бо ӯ якҷоя дуэт сароед. Маслиҳат дар миёни бузургон ҳал шуд, мо ҳамкориро ба роҳ мондему сурудро бо ҳамроҳии шодравон якҷоя омода карда сароидем.

— Воқеан ҳам шумо ончунон дар дуэт бо ҳам наздик будед, ки аксарият фикр мекарданд, ки шумо набераи Бобои Файз ҳастед ва он мавҷи аввалини шуҳрат ёфтани шумо буд. Дуюмин мавҷи шуҳрати шумо ин бо микрофон дар як лаҳза чанд намуд кардани садои худ аст. Ин ҳолат бадоҳатан пайдо шуд ё пешакӣ омодагӣ дида будед?

— Медонед, ин яке аз усулҳои санъати ман аст. Аҳамият диҳед, овоз чӣ қадар тоб мехӯрад ва боз омада, дар ҷояш меистад. Дар атрофи ин видео бисёр суханҳо буд, ҳатто суханҳои қабеҳ, ки хеле нороҳат шудам. Бояд ҳар кас ҷои тоза ёфта, худаш шинад. Вақте аз пушти сарат ҳарф мезананд, инро бидон, ки ту ҳатман пеш астӣ ва онҳо аз паси туанд.

— Худро сарояндаи беҳтарини Тоҷикистон меҳисобед?

— Бале, шукронаи Худо!

— Хушбахтӣ дар пул аст?

— Не.

— Аз ҳаракатҳои ғайриоддӣ ҳангоми сурудан шарм медоред?

— Не.

— Аз рашки ҳамсари худ наметарсед?

— Ҳамсари ман аз рашки ман метарсад.

— Агар фарзанди ояндаатон зардина таваллуд шавад, ба ӯ номи русӣ мегузоред?

— Бале.

— Саҳифаи инстаграматонро худатон идора мекунед?

— Бале.

— Сарояндаи писандидаи шумо кист?

— Сурайё Қосимова хеле бароям гиромӣ ва қадрдон аст, санъаташро дӯст медорам, эҳтиром мегузорам.   

— Чӣ ҳарфи ногуфта доред?

— Ман аз бисёр сарватмандон хоҳиш мекунам, ки санъаткоронро дастгирӣ намоянд, то ки санъати тоҷик боло равад. Хоҳиши дигарам ин аст, ки фаҳмида дастгирӣ намоянд, нофаҳмида накунанд.

Омодасоз: М. ДАВЛАТ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *