оила

Машварати ҳуқуқӣ: Модар кӯдакашро чӣ гуна баргардонад?

Оё модари кӯдак ҳуқуқ дорад, ки баргардонидани кӯдакашро аз хешу табораш, ки кӯдакро ғайриқонунӣ бо худ нигоҳ медоранд, талаб намояд?

НАСИБА, шаҳри Гулистон

Посухи адвокат Иноят Иноятов:

— Пеш аз ҳама, бояд қайд намоем, ки баҳсҳои дар тарбияи кадоме аз волидайн мондани кӯдакро суд баррасӣ менамояд.

Мувофиқи талаботи Кодекси оила падару модар ҳуқуқ доранд баргардонидани фарзандонашонро аз ҳар шахсе, ки бе асоси қонунӣ ё ҳалномаи суд онҳоро дар наздаш нигоҳ медорад, талаб намоянд. Дар сурати ба миён омадани баҳс падару модар метавонанд барои ҳимояи ҳуқуқашон ба суд муроҷиат намоянд. Ҳангоми баррасии ин талабот суд бо назардошти фикру хоҳиши кӯдак метавонад даъвои падару модарро қонеъ нагардонад, агар ба хулоса ояд, ки ба падару модар баргардонидани кӯдак ба манфиати кӯдак нест.

Агар суд муқаррар намояд, ки на падару модар ва на шахсоне, ки кӯдак дар наздашон мебошад, ба тарбияи сазовори ӯ қодир нестанд, он гоҳ суд кӯдакро барои ба таълиму тарбия фаро гирифтан ба мақомоти васояту парасторӣ медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *