Фаъолияти ҳалқаи ягонаи энергетикии Осиёи Миёна барқарор мешавад
Бо гузашти тақрибан 10 сол аз қатъи фаъолияти ҳалқаи ягонаи энергетикии Осиёи Миёна мақомоти кишварҳои минтақа ба натиҷае расиданд, ки онро дубора фаъол созанд.
Дар ин муддат ҳар як кишвар дар алоҳидагӣ мушкилоти энергетикиро аз сар гузаронд, ҳатто кишвари газ ва нафтхезе мисли Узбакистон. Ҳоло ин кишварҳо ба қароре расидаанд, ки беҳтар аз ҳалқае, ки онҳоро дар даврони Шӯравӣ ба ҳам оварда буд, ҳалқаи дигаре вуҷуд надорад ва онҳо тасмим доранд, ки бо баргаштан ба ин ҳалқа додугирифти нерӯи барқро ба роҳ монанд.
Узбакистон соли 2009 аз ҳалқаи ягонаи энергетикӣ хориҷ шуд ва ҳамингуна як ҳалқае дар занҷир канд. Шабакаи ягона шакле сохта шудааст, ки рафтани як узв аз он кори дигаронро фалаҷ мекард. Кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ баъди канда шудани ҳалқа, ҳар як мустақилона аз пайи ҳалли мушкилоти энергетикии худ шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ