Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ 16,7 млн зарар расонид

Дар шаҳри  Истаравшани вилояти Суғд  давоми соли 2017  30 бино ва иншооти хурду калони таъиноти гуногуни  истиқоматӣ, таълимӣ, тандурустӣ, истеҳсоливу иҷтимоӣ ва фараҳангиву фароғатӣ  оғоз ёфта, аз он 9 адад пурра бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтааст.  Раиси шаҳр Баҳром Иноятзода  зимни нишасти хабарӣ бо хабарнигорон аз мутахасиси соҳаи сохтмон набудни баъзе аз  меъморону шаҳрсозони шаҳри Истаравшан изҳори нигаронӣ карда гуфт:

— Танҳо аз ҳисоби нодуруст кашидани лоиҳаи коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ 16, 7 млн сомонӣ ба буҷаи МИҲД-и шаҳр зарари моддӣ расид.  Вақте лоиҳаро аз нав дида баромадед ва санҷиш кардем, лоиҳае шуд, ки ҳамагӣ 5 млн сомонӣ тақозо мекард.  Аз ин сабаб минбаъд мутахасисони соҳаи меъморӣ бояд сари ҳар лоиҳа бештар кор кунанд ва ҳарчи бештар ба  камии хароҷот ва беҳбудӣ кор кӯшиш мекунанд.

                                                                                                                        Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *