Фаъолияти Имдоди Хумайнӣ 5 сол маън карда шуд, аммо…

Масъулини Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфтанд, ки Кумитаи Имдоди Хумайнӣ, як ниҳоди хайрияи Эрон, то панҷ соли оянда ҳаққи фаъолият дар ҳудуди кишварро надорад. Ҳаким Мирсаидзод, муовини аввали вазири адлия, рӯзи 26-уми июл дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, дар ин маврид ҳукми додгоҳҳои Тоҷикистон содир шудааст.

Аммо ӯ баъд аз нишасти хабарӣ дар посух ба суоли хабарнигор гуфтааст, ки агар ин ниҳоди хайрияи Эрон ному ҳайат ва оинномаи худро тағйир дода, ба Вазорати адлия муроҷиат кунад, масъалаи сабтиноми дубораи онҳо мавриди баррасӣ қарор дода хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *