Фаъолияти таксиҳои 3 сомонӣ манъ карда шуд
Мақомоти интизомии Тоҷикистон ҳаракати таксиҳои маъруф ба «се сомонӣ»-ро дар ҳудуди пойтахт манъ карда, баъзе аз ин таксиҳоро боздошт ва ба ҷаримагоҳ бурдаанд. Умарҷони Эмомалӣ – сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ – рӯзи 12 апрел далели ин тасмимро ҷилавгирӣ аз тамбашавӣ дар роҳҳо номид. Ӯ гуфт, “ин таксиҳо бояд барои мусофиркашонӣ иҷозатнома ва патенти хадамоти давлатии танзим ва назорат дар соҳаи нақлиётро дошта бошанд. Ҳамзамон ин таксиҳо дар ягон ҷамъияти мусофирбар сабт шуда, рақами махсуси зард бигиранд.” Ин навъи таксиҳо маъмулан дар кӯчаҳои марказии пойтахт ҳаракат карда, бар ивази 3 сомонӣ ба сокинони Душанбе хидмат мерасонанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ