Фарида Рустамова Слутскиро ба дастдарозии ҷинсӣ муттаҳам кард
Хабарнигори Би-би-си Фарида Рустамова намояндаи мардумӣ дар Думаи давлатии Русия аз ҳизби Либерал- Демократ Сергей Слутскиро ошкоро ба дастдарозии ҷинсӣ муттаҳам кард. Рустамова гуфт, ӯ навори садоӣ дорад, ки дар он сиёсатмадор ба ӯ пешниҳодҳои ношоиста мекунад. Би-би-си рӯнавишти ин гуфтгӯро нашр кардааст.
Ба гуфтаи Фарида Рустамова, ӯ моҳи марти соли 2017 ба дафтари кории Слутский рафт, то дар заминаи сафари номзад ба мақоми президентии Фаронса Марин Ле Пен аз сиёсатмадор шарҳ бигирад. Вақте онҳо танҳо монданд, Слутский ба журналист пешниҳодҳои ношоям кард.Ба гуфтаи Фарида Рустамова намояндаи мардумӣ ба ӯ пешниҳод кард, ки маъшуқааш шавад. Рустамова гуфт, ки баъди ин ҳодиса ӯ аз равоншинос кӯмак гирифт.
Рӯзи 22 феврал шабакаи телевизионии «Дождь» дар бораи мавридҳои дастдарозии Сергей Слутский ба занҳо матлаб нашр кард. Се журналисти масъули пӯшиши хабарҳои порлумон — продюсери шабакаи телевизионии «Дождь»Даря Жук, сардабири шабакаи телевизионии RTVI Екатерина Котрикадзе ва хабарнигори Би-би-си Фарида Рустамова Слутскийро ба дастдарозӣ муттаҳам карданд.
Слутский иттиҳомро рад мекунад. Ӯ дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии РБК изҳороти журналистсҳоро «ёвагӯӣ» унвон кард. Раҳбари ҳизби ЛДПР Владимир Жириновский гуфт, ки чунин рафторро ғайри қобили қабул медонад ва шикотяи занҳоро таҳқиқ хоҳад кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ