Тайёрии амниятӣ дар арафаи сафари Мирзиёев ва “Рузи модар”

Дар арафаи  сафари Шавкат Мирзиёев, президенти  Узбекистон, ба Тоҷикистон фаъолияти ниҳодҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кишвар пурзӯр карда шудааст.

Сафари расмии Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 9 ва 10-уми феврали имсол сурат мегирад.Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт,ки  “вобаста ба сафари президенти Узбекистон ва инчунин, Рӯзи Модар фаъолияти кормандони мо тақвият бахшида шудааст. Ин ба хотири он аст, ки амният на танҳо дар шаҳри Душанбе, балки дар саросари Тоҷикистон таъмин бошад.”Масъулони Вазорати дифои Тоҷикистон низ кормандони худро дар ҳоли пурзӯри хидмат қарор дода аст. Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифоъ, гуфт, “ҳадаф ин аст, ки мардум дар ин рӯзҳои барои Тоҷикистон пураҳамият бояд осуда бошанд”.Марзбонони тоҷик низ дар марзҳои тӯлонии кишвар бо ҳамсоягон, бахусус Афғонистон дар ҳолати омодабош ҳастанд. Маҳмудҷон Улуғхоҷаев, сухангӯи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон, гуфт,ааст, ки бо онки ягон супориши махсус нашудааст, нирӯҳои марзбонӣ дар ҳолати омодабош ва тибқи реҷаи муқаррарӣ фаъолият доранд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *