Фаридун: Агар падарам барнагардад, худамро мекушам!

Чанде пеш ба идораи “tajikistantimes» писараки 12-солае тариқи телефон дар иртибот гашт. Номбурда Маърупов Фаридун, зодаи Истаравшани бостонӣ буда, аз он шиква намуд, ки падараш 8-сол пеш онҳоро партофта ба Душанбешаҳр рафта, дар онҷо бо зани дигаре издивоҷ намудааст. Айни замон вазъи зиндагии онҳо хеле бад буда, писарак ҳатто либоси дурусте надорад, ки ба бар намояд. Фаридун мавриди мазоқу масхараи ҳамсолонаш қарор гирифта, азоби руҳӣ мекашад. Мавсуф бо садои гиряолуд иброз дошт, ки аз чунин зиндагии сагона безор шуда, даст ба худкушӣ задан мехоҳад, вале андешаи он ки баъди сари ӯ ҳоли модари бемораш чӣ мешуда бошад, ӯро аз ин роҳ боз медорад. Хоҳарчаи 9-солааш бо сабаби ҳуҷҷат надоштан наметавонад дар мактаб таҳсил намояд. Фаридун ба хотири пайвандонаш ба ҳама кор тайёр аст, вале бо сабаби хурдсол буданаш ӯро дар ягон ҷо ба кор қабул намекунанд. Мақсади писарак аз муроҷиат ба ҳафтаномаи “Оила” дарди дил гуфтан буда, Фаридун тариқи “Оила” ба падараш гуфтанист:

Падарҷон, ба хубӣ ба хона баргардед, вагарна ман худамро мекушам!

Ин навраси бо нангу номус мехоҳад зиндагии волидонашро дубора барқарор намояд ва оилаашонро аз сарсонию гуруснагӣ наҷот диҳад.

Саргузашти Фаридун моро бетараф нагузошт ва бо модари ӯ дар тамос шудем. Ҷавонзан дар ҳақиқат бемор будаасту аз ҳолпурсии мо ба риққат омада, гирист ва иқрор шуд, ки шавҳараш онҳоро 8-сол пеш партофта рафтааст. Вай 29-сола буда, ду фарзанд дорад. Модар аз он хавотир аст, ки писараш Фаридун аз чунин ҳаёти пурдарду ғам ҷонбезор шуда, ягон рӯз худро ба дор овехта накушад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

7 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *