Тоҷикбачаро бо нашъа дастгир карданд!

Ҳамза Саидов, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки тӯли 5 сол муқими шаҳри Москваи Федератсияи Русия буд, бо маводи мухаддир ба даст афтидааст. Тавре Интерфакс хабар медиҳад, ин ҷавони тоҷик бинобар сабаби тиҷорати пинҳонияш бо афғонҳо ба дасти кормандони ҳифзи ҳуқуқ афтода, ба суд интиқол дода шудааст. Ҳамза Саидов 32- сола буда, дар кӯчаи Подрабани Москва дар хонаи иҷора зиндагӣ доштааст. Ин ҷавони тоҷикро ҳомиёни қонун ба даст доштан дар хариду фурӯши маводи мухаддир муттаҳам медонанд. Ҳамза Саидов иқрор шудааст, ки тӯли 3 сол боз бо кӯмаки Муҳаммад Равил ном марди 40-солаи афғон бо қочоқи маводи мухаддир машғул буд.

Тафтишоти қазия идома дорад ва алҳол маълум нест, ки суд ин ҷавони тоҷикро ба муҳлати чанд сол аз озодӣ маҳрум хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *