Фаридун Одилов Вагнер Прадоро шикаст дод
Фаридун Одилов, варзишгари муҳорибаҳои омехтаи тоҷик дар доираи мусобиқаи ташкилоти АСА рақибаш Вагнер Прадоро шикаст дод.
Муҳорибаи Фаридун Одилов ва Вагнер Прадо дар даври якчорфинали АСА дар вазни 93 килограм доир гашта, варзишгари тоҷик тавонист, ки дар даври дуюм тариқи бӯғӣ кардан рақибашро таслим кунад.
Ёдовар мешавем, як рӯз пеш аз набард, вақте ки варзишгарон муҳорибаи рӯ ба рӯ мегузарониданд, Вагнер Прадо нисбат ба Фаридун Одилов муносибати хуб накарда буд ва ин ғалаба қасди ҳама сухану мимикаҳои номатбули ӯ буд.
Фаридун Одилов дар суханронии пас аз ҷангаш ба ҳама ташаккур гуфта, фикрашро чунин баён кард: — Ман чизе надорам, аммо рақибонро шикаст медиҳам. Шукри Худо!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ