Фармондеҳи Гвардияи миллӣ иваз шуд
Бо амри Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Икром Ҷумъахонзода аз мақоми фармондеҳи воҳиди таъйиноти махсуси Гвардияи миллии Тоҷикистон барканор ва ба ҷои ӯ Шамолзода Мирзосафар Олим, ки то кунун фармондеҳии қисми низомии Гвардияи миллӣ дар Роғунро ба уҳда дошт, таъйин шудааст.
Тавре иттилоъ дода мешавад,Икгром Ҷумъахонзода ба сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи фармондеҳи воҳиди таъйиноти махсус барканор шудааст. Дар бораи ба кадом “кори дигар” гузаштани Ҷумъахонзода низ иттилое дастрас нашудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ