“Независимая газета”: Толибони тоҷик ба Тоҷикистон таҳдид мекунанд

“Мо ин корро имрӯз дар ин сӯи дарё кардем. Вале мо пеши шумо меоем ва бо шумо низ чунин хоҳем кард.”

Андрей Серенко, хабарнигори «Независимая газета»: Ҷангҷӯёни хориҷии ҷунбиши мамнӯи Толибони Афғонистон ҳушдор додаанд, ки қасд доранд ба амалиёти ҷангӣ дар Тоҷикистон даст бизананд. Чанд рӯз боз дар Интернет видеои ҳамлаи ҷангиёни тоҷикистонӣ ба як посгоҳи пулис дар минтақаи Моймақи Дарвози болои вилояти Бадахшон чарх мезанад. Дар видео дида мешавад, ки ин ҷангҷӯён бо гӯиши хоси Тоҷикистон суҳбат мекунанд ва сарбозони таслимшудаи нирӯҳои давлатии Афғонистонро бераҳмона тирборон мекунанд ва бинои посгоҳро оташ мезананд. Дар видео фармондеҳи онҳо (ба эҳтимоли ғолиб, Дӯстмуҳаммад Муҳаммадов бо лақаби Маҳдӣ) баъди ин ҳама куштор хитоб ба нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон мегӯяд: “Мо ин корро имрӯз дар ин сӯи дарё кардем. Вале мо пеши шумо меоем ва бо шумо низ чунин хоҳем кард.” Дар пайи ин ҳушдор мақомоти Тоҷикистон видеои хешовандони ро нашр карданд, ки аз наздикони худ мехоҳанд, то “ба тарафи Тоҷикистон тир напаронанд.” Аммо ҳамлаи террористии толибҳо дар наздикии марзи Афғонистон бо Тоҷиикситон иддаои намояндагони Толибон дар мавриди гӯё қасди ба хориҷи қаламрави Афғонистон густариш додани доманаи амалиётҳои ин ҷунбишро рад мекунад.
Бино ба иттилои “Независимая газета”, дар ҳамла ба Моймай таҳти роҳбарии фармондеҳи Толибон дар Дарвоз Ҷумъа Талбон ин шаҳрвандони Тоҷикистон иштирок доштаанд:
Дустмуҳаммад Муҳаммадов (лақабаш: Маҳдӣ, ба як духтар аз вулусволии Нусайи Бадахшон издивоҷ кардааст)
1. Далер Элмуродов (лақабаш: Ҳазифа),
2. Абдулбосит Воҳидов (лақабаш: Юнус Арсалон, муаллифи видеои таблиғотии ҳамла ба Маймой),
3. Бусанбой Гадоев (лақабаш: Закариё, ба қатли сарбозони таслимшуда гумонбар мешавад)
4. Сӯҳроб Юсупов,
5. Шакарбек Холбеков,
6. Рустамхӯҷа Насруддинов (бино ба иттилои мақомоти Тоҷикистон, ин сокини 43солаи ҷамоати Навгилеми Исфара ҳамроҳи писари 18солааш Абдураҳим ба Афғонистон рафтааст)
7. Бародарон: Ҷавоҳир Урунов
8. Ва Бегзод Урунов.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *