Фармони навбатии Усомаи Норакӣ иҷро нашуд

     Як манбаи сомонаи «Ахбор” аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон хабар додааст, ки дар арафаи Соли нав мақомоти вазори корҳои дохилии Тоҷикистон ду сокини ноҳияи Фархорро бо иттиҳоми омодагӣ ба анҷоми ҳамлаи террористӣ боздошт кардаанд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, Сайдалиев Орзу Исуфович, соли таваллудаш 1992 ва Сайдалиев Лоиқ Ҷӯрахонович, соли таваллудаш низ 1992, ҳарду сокинони деҳаи Навободи поёни ҷамоати деҳоти Зафари ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, аз ҷониби кормандони фаврии ВКД замоне дастгир шуданд, ки алакай омодагиҳои аввалия барои анҷоми ҳамлаи террористиро гирифта буданд. Ҳангоми боздошт аз онҳо як автомат ва як норинҷак ёфт шудааст. Манбаъ гуфтааст:»Ин ду нафар ҳангоми муҳоҷирати корӣ дар Қазоқистон ба воситаи шабакаҳои интернетӣ ва радиои Зелло ба ташкилоти террористии ДОИШ («Давлати исломӣ”) шомил шуда, моҳи августи соли 2018 дар радиои Зелло ба Абӯ Усомаи Норакӣ (сокини шаҳри Нораки Тоҷикистон Назаров Тоҷиддин Маҳмадраҳимович, яке аз эмиссарҳои ДОИШ) байъат супурдаанд. Онҳо қасам ёд кардаанд, ки супоришу фармонҳои Абӯ Усомаи Норакиро иҷро мекунанд. Абӯ Усомаи Норакӣ ба Орзу ва Лоиқ Сайдалиевҳо акси бинои асосии ВКД Тоҷикистонро равон карда, амр медиҳад, ки ба бинои ВКД ҳамла оварда, «ҷиҳод” кунанд.” Баъди гирифтани ин фармон Орзу ва Лоиқ Сайдалиевҳо ба Тоҷикистон баргашта, аз паси омодагӣ ба ҳамла мешаванд. Онҳо барои ин кор 200 доллар ва яроқу аслиҳа пайдо мекунанд, вале дар ҳамин ҳангом дастгир мешаванд.Мақомоти Тоҷикистон Абӯ Усомаи Норакиро яке аз хатарноктарин мубаллиғони ДОИШ мешуморанд ва мегӯянд, ки ӯ сабаби ба Сурияву Ироқ рафтану ба ДОИШ пайвастани беш аз 100 ҷавони тоҷик, аксаран муҳоҷирони корӣ дар Русия шудааст.Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳанӯз боздошт шудани ин ду сокини Фархор бо иттиҳоми омодагӣ ба ҳамлаи террористиро расман шарҳ надодааст.Ва аммо ин бори аввал нест, ки исми ДОИШ дар робита ба ҳамлаҳои террористӣ дар Тоҷикистон расонаӣ мешавад.Моҳи августи соли 2018 Додгоҳи олии Тоҷикистон 14 нафарро бо ҷурми омодагӣ ба анҷоми ҳамлаҳои террористӣ, аз ҷумла ҳамлаҳо ба зидди пойгоҳи Русия ба муҳлати аз 7 то 26 сол маҳкум ба зиндон карда буд.Моҳи ноябр дар бораи боздошти як гуруҳи 12-нафарӣ бо роҳбарии нафаре бо номи Сӯҳроб аз Ваҳдат гузориш шуда буд. Гуфта мешуд, ин афроди аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дастгиршуда қасд доштанд, ки пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистонро битарконанд.ДОИШ ҳамин тавр, масъулияти қатли сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара дар таърихи 29 июли соли 2018 ва ошӯби шаби 7 ноябри маҳбусон дар зиндони рақами сеи шаҳри Хуҷандро бар ӯҳда гирифт.Дар Данғара 4 сайёҳи ғарбӣ ва дар ҷараёни амалиёти таъқиби террористон 4 ҳамлагар кушта шуданд ва роҳбари онҳо Ҳусейн Абдусамадов моҳи ноябр ба ҳабси абад маҳкум шуд. Ҳарчанд масъулияти он ҳамларо ДОИШ ба дӯш гирифт, вале мақомоти Душанбе дар он ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ)-ро айбдор мекунанд. Аммо баъди масъулияти ошӯби маҳбусон дар Хуҷандро ба дӯш гирифтани ДОИШ мақомоти Тоҷикистон эътироф карданд, ки аз 21 маҳбуси кушташуда дар ҷараёни саркӯби ин ошӯб 12 нафараш ҷангиёни собиқе буданд, ки дар Сурияву Ироқ дар сафи гуруҳҳои террористӣ меҷангиданд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, Сайдалиев Орзу Исуфович, соли таваллудаш 1992 ва Сайдалиев Лоиқ Ҷӯрахонович, соли таваллудаш низ 1992, ҳарду сокинони деҳаи Навободи поёни ҷамоати деҳоти Зафари ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, аз ҷониби кормандони фаврии ВКД замоне дастгир шуданд, ки алакай омодагиҳои аввалия барои анҷоми ҳамлаи террористиро гирифта буданд. Ҳангоми боздошт аз онҳо як автомат ва як норинҷак ёфт шудааст. «Ин ду нафар ҳангоми муҳоҷирати корӣ дар Қазоқистон ба воситаи шабакаҳои интернетӣ ва радиои Зелло ба ташкилоти террористии ДОИШ («Давлати исломӣ”) шомил шуда, моҳи августи соли 2018 дар радиои Зелло ба Абӯ Усомаи Норакӣ (сокини шаҳри Нораки Тоҷикистон Назаров Тоҷиддин Маҳмадраҳимович, яке аз эмиссарҳои ДОИШ) байъат супурдаанд. Онҳо қасам ёд кардаанд, ки супоришу фармонҳои Абӯ Усомаи Норакиро иҷро мекунанд. Абӯ Усомаи Норакӣ ба Орзу ва Лоиқ Сайдалиевҳо акси бинои асосии ВКД Тоҷикистонро равон карда, амр медиҳад, ки ба бинои ВКД ҳамла оварда, «ҷиҳод” кунанд.” Баъди гирифтани ин фармон Орзу ва Лоиқ Сайдалиевҳо ба Тоҷикистон баргашта, аз паси омодагӣ ба ҳамла мешаванд. Онҳо барои ин кор 200 доллар ва яроқу аслиҳа пайдо мекунанд, вале дар ҳамин ҳангом дастгир мешаванд.Мақомоти Тоҷикистон Абӯ Усомаи Норакиро яке аз хатарноктарин мубаллиғони ДОИШ мешуморанд ва мегӯянд, ки ӯ сабаби ба Сурияву Ироқ рафтану ба ДОИШ пайвастани беш аз 100 ҷавони тоҷик, аксаран муҳоҷирони корӣ дар Русия шудааст.Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳанӯз боздошт шудани ин ду сокини Фархор бо иттиҳоми омодагӣ ба ҳамлаи террористиро расман шарҳ надодааст.Ва аммо ин бори аввал нест, ки исми ДОИШ дар робита ба ҳамлаҳои террористӣ дар Тоҷикистон расонаӣ мешавад.Моҳи августи соли 2018 Додгоҳи олии Тоҷикистон 14 нафарро бо ҷурми омодагӣ ба анҷоми ҳамлаҳои террористӣ, аз ҷумла ҳамлаҳо ба зидди пойгоҳи Русия ба муҳлати аз 7 то 26 сол маҳкум ба зиндон карда буд.Моҳи ноябр дар бораи боздошти як гуруҳи 12-нафарӣ бо роҳбарии нафаре бо номи Сӯҳроб аз Ваҳдат гузориш шуда буд. Гуфта мешуд, ин афроди аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дастгиршуда қасд доштанд, ки пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистонро битарконанд.ДОИШ ҳамин тавр, масъулияти қатли сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара дар таърихи 29 июли соли 2018 ва ошӯби шаби 7 ноябри маҳбусон дар зиндони рақами сеи шаҳри Хуҷандро бар ӯҳда гирифт.Дар Данғара 4 сайёҳи ғарбӣ ва дар ҷараёни амалиёти таъқиби террористон 4 ҳамлагар кушта шуданд ва роҳбари онҳо Ҳусейн Абдусамадов моҳи ноябр ба ҳабси абад маҳкум шуд. Ҳарчанд масъулияти он ҳамларо ДОИШ ба дӯш гирифт, вале мақомоти Душанбе дар он ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ)-ро айбдор мекунанд. Аммо баъди масъулияти ошӯби маҳбусон дар Хуҷандро ба дӯш гирифтани ДОИШ мақомоти Тоҷикистон эътироф карданд, ки аз 21 маҳбуси кушташуда дар ҷараёни саркӯби ин ошӯб 12 нафараш ҷангиёни собиқе буданд, ки дар Сурияву Ироқ дар сафи гуруҳҳои террористӣ меҷангиданд.

«Ахбор»

Илова аз «Тоҷикистон таймс»: Вақте,ки ба хотири тасдиқ ё рад намудани  хабари мазкур ба сухангӯи ВКД муроҷиат намудем, дар он ҷо гуфтанд,ки онҳо дар даст чунин маълумот надоранд ва ба сохторҳои дигар ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намоем.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *