Фаронсавиҳо медалони зидди корнавирус ихтироъ карданд
Муҳандисони фаронсавӣ дастгоҳе ихтироъ карданд, ки метавонад ҳаворо аз коронавируси SARS-CoV-2 беш аз 90% тоза кунад, менависад рӯзномаи Le Parisien. Чӣ тавре ки қайд карда шуд, дастгоҳ дар шакли медалон сохта шудааст, ки онро дар гардан андохтан мумкин аст. Ба гуфтаи ихтироъкорон, дар дохили медалон мини озонатор ва минерали махсус мавҷуд аст, ки номаш махфӣ мебошад. Пеш аз он,фирмаи ихтироъанмудаи ин медалон дастгоҳе тавлид мекард, ки инсонро аз газидани магас, ки вараҷаро паҳн мекунад, муҳофизат менамояд.Қаблан, дар шаҳри Хуҷанд чунин “гарданбандҳои вирускуш”-ро қалобон аз куҷое оварда ба фуруш гузошта буданд,ки аз бефоида будани он Вазорати тандурустӣ сокинонро огоҳ крада буд.Ҳоло фурши онҳо манъ шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ