Тоҷиконро қазоқҳо наҷот доданд

Наҷотбахшони Ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Қазоқистони шимолӣ шаби 19 ба 20 декабр ду ронандаи як фура аз Тоҷикистонро аз сардӣ наҷот доданд. Онҳо ба Русия меваҷот мебурданд, вале мошини «Мерседес-Бенс»-ашон дар роҳи Мамлютка- Қустанай ба сабаби истифодаи соляркаи тобистона аз кор монд. Умедҷони 36-сола ва Фирӯзҷони 32-сола бо рақами 112 ба хадамоти наҷотбахшӣ занг заданд ва алакай баъди 15 дақиқа наҷотбахшон – лейтенанти калон Сағандиқ Маҷидов, капитан Ҷанат Муҳамбетқалиев ва прапоршик Виталий Кокорин ба кумаки онҳо расиданд. Онҳо мошини вайроншударо ба шаҳраки Пресновка бурда, дар онҷо ба ронандагони тоҷик барои дуруст кардани мошинашон кумак карданд ва ба баки мошини онҳо соляркаи зимистона рехтанд.
Ронандагони тоҷикро ҳамчунин ин чиз ба риққат овардааст, ки баъди анҷоми кумакҳо наҷотбахшони қазоқ онҳоро бо хӯроку чойи гарм низ зиёфат доданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *