Фаррош. Нафаре, ки дар дилхоҳ корхона шахси калидӣ аст

Ду рӯз пеш, намедонам сабаб чӣ буд, ки ба фикри фаъолияти фаррошон андармон шудам. Табақае, ки бисёриҳо ба онҳо бо нигоҳи камгирона менигаранд.

Воқеан, фаррошон кистанд? Бархе онҳоро хизматгор меҳисобанд. Аммо нафароне низ ҳастанд, ки аз онҳо озодакор ном мебаранд. Фикр мекунам, ҳамин истилоҳи дуввум рамзи фаъолияти фаррошон ва лоиқи пазироиш аст. Зеро, ягон корхона бидуни фаррош ба дараҷаи стандартӣ поку тамиз буда наметавонад. Аз ин хотир, фаррошро шахси калидии корхона гӯем ҳам, хато намекунем.

Вақте ин андешаҳоро дар корхона мегуфтам, фаррош ба завқ омада, механдид. Чанде хандиду ба ман муроҷиат кард:

— Ако, хезед, ҷоятонро рӯбам!

Дарзамон хестаму шавқи шӯхиям омад:

— Аҷоиботро бинед-а, дар хона занак сад бор “хезед” гӯяд, аз ҷой намеҷунбам, як бор “хезед” гуфтед, парида хестам.

Духтари бало ба шӯхӣ бо шӯхӣ луқма партофт:

— Даркор шавад, “хезед” гӯям, раисатон ҳам парида мехезад!

Баъди ин гуфтугӯ фикрам атрофи мавзӯи фаррошон фаротар рафт. Агар амиқтар андеша намоем, шӯхиҳои номбаршуда воқеият доранд. Ҳамарӯза мушоҳида мекунем, ки вақте фаррош “хезед” мегӯяд, аз коргари қаторӣ то муҳосибу мудиру раис ҳама итоат мекунанд. Ба хотири тозагиву озодагии коргоҳ ва рифоҳи худу дигар кормандон.

Ба ҳамин хотир, нодида гирифтани заҳматҳои фаррош ва ночиз шуморидани меҳнати ӯ аз рӯйи адлу инсоф нест. Баръакс, ба ӯ бояд дар самти мутобиқ шуданаш ба кори корхона ва муносибат бо кормандон кумак кард.

Масалан, чаро Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон натавонад баҳри омӯзиши меъёрҳои ахлоқии фаъолияти фаррошӣ барои фаррошон курсҳои омӯзишӣ ташкил намояд? Ба чунин курсҳо метавон пеш аз ҳама фаррошони муассисаҳои тандурустӣ, бонкҳо ва дигар маҷмааҳои бузурги хизматрасониро ҷалб намуд.

Баъдан, дар қатори дигар самту соҳаҳо озмуни “Фарроши сол”-ро низ роҳандозӣ кардан зарур аст.

Ё лозим нест?

Фазлиддин АСОЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *