Фаъолияти 10 мактаб дар се баст. Чаро?

Мутаассифона, феълан дар вилояти Хатлон 10 муассисаи таълимӣ дар се баст фаъолият доранд. Вале муассисаҳои таълимие, ки дар ду баст фаъолият доранд ва дар як синф аз 30 то 33 хонанда таҳсил мекунанд, кам нестанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки масъулин мегӯянд, мувофиқи меъёр бояд дар як синфхона аз 25 хонанда зиёд набошад.

7 мактаб аз себаста ба дубаста гузаштанд

Аз Раёсати маорифи вилояти Хатлон маълумот доданд, ки дар аввали соли таҳсили 2021-2022 теъдоди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии дар се баст фаъолияткунанда 17 ададро ташкил мекард. Ба ҳолати имрӯза 3 муассиса аз ноҳияи Фархор, як муассиса аз ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, як муассиса аз ноҳияи Данғара, як муассиса аз ноҳияи Восеъ ва як муассиса аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз таълими себаста бароварда шудаанд.

Мутаассифона, ҳанӯз дар шаҳри Кӯлоб 3 муассиса, дар ноҳияи Балҷувон як муассиса, дар ноҳияи Фархор 5 муассиса ва дар ноҳияи Кӯшониён як муассисаи таълимӣ дар се баст фаъолият мекардаанд.

Ғазалшо Сафарзода, сардори Раёсати маориф дар вилояти Хатлон дар суҳбат гуфт, ки масъалаи аз меъёр зиёд будани хонандагон дар синфхонаҳои муассисаҳои таълимӣ дар вақти таҳсил маълум карда мешавад. “Ҳоло дар ин масъала чизе гуфта наметавонем”,- афзуд вай.  

То охири сол мушкил 90% ҳал мешавад

Қурбон Ҳакимзода, раиси виояти Хатлон дар нишасти матбуотии хеш иддао кард, ки то охири соли хониш мушкили дар се баст фаъолият кардани 10 муассисаи таълимӣ то 90 дарсад бартараф карда мешавад. “Дар аввали сол дар 17 муассисаи таълимӣ хонандагон дар се баст таҳсил мекарданд”,- афзуд ӯ. Вай мегӯяд, ки 7 мактаб ба дубаста гузаронида шудаанд.

“Дар чор мактаби дигар сохтмонҳои иловагӣ рафта истодааст. Боварии комил дорам, ки то охири сол мо 90 фоизи ҳамин мактабҳоро ба дубаста мегузаронем. Имконият ҳаст. Бо ҷалби буҷети маҳал дар шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорон ва шарикони рушд”,- афзуд мавсуф.

Дар ҳамин ҳол, Бобоҷон Валиев, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Кӯшониён дар суҳбат гуфт, ки “як муассисаи таълимии мо дар се баст фаъолият мекунад”.

1500 кас хатм кард, 3000 қабул мешавад

Фаридун Саидахмедов, сармутахассиси шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар гуфт, ки “дар шаҳр муассисаи таълимии себаста нест, аммо дар баъзе синфхонаҳои муассисаҳои таълимӣ хонандагон аз меъёр зиёданд. Сабаби асосии зиёд будани хонандагон дар синфхонаҳо — ин афзоиш ёфтани аҳолӣ аст. Солҳои таҳсили 2021-2022-юм 1 ҳазору 517 хонандаи синфи 11 муассисаҳои таълимии шаҳрро хатм карданд. Вале то имрӯз 1 ҳазору 951 кӯдак ба синфи як қабул шудааст. Ҳоло қабул идома дорад ва мутмаинам, ки ин рақам ба се ҳазор баробар мешавад. Агар 30 нафар хонанда дар як синф ҳисоб кунем, 50 синфхона аз соли гузашта зиёд мешавад”.

45 дақиқаи дарс бо беш аз 30 хонанда

Коршиносон мегӯянд, ки бо зиёд будани хонанда дар синфхона, омӯзгор имкони ба дурустӣ гузаронидани дарсро надорад. Зеро дар 45 дақиқаи дарс имкони пурраи пурсидани иҷрои вазифаи хонагӣ ва гузаштани дарси нав қариб ки имконнопазир аст. Тассавур кунед, дар 45 дақиқа аз иҷрои вазифаи хонагии 30 хонанда чӣ гуна пурсида мешавад? Боз дарси навро ба шогирдон фаҳмонидан лозим. Беҳтар аст, ки масъулин бо ҷалби сармояҳои гуногун ва саҳми падару модарону ҳиссаи соҳибкорон ба бунёди биноҳои иловагӣ таваҷҷуҳ кунанд. Вале хуб мешавад, ки бештар бинои баландошёна бунёд намоянд. Зеро замини ҳамвор дар кишвари мо кам аст ва бо сохтмони биноҳои баландошёна ин мушкилиро метавонанд аз байн баранд.

Бо бунёди шумораи зиёди муассисаҳои таълимӣ ва биноҳои иловагӣ низ, мутаассифона, мушкили норасоии ҷойи нишаст ва аз 30-33 хонанда ба 25 оварда расонидани онҳо дар баъзе муассисаҳои таълимӣ бартараф карда нашудааст.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *