Фаррух Ҳасанов. Тоҷике, ки 100 ҳунарманди русро қоил кард, кист?
Овозхони ҷавони тоҷик Фаррух Ҳасанов ба даври финалии озмуни телевизионии “Ну-ка, все вместе!”, ки соли панҷум аст, дар шабакаи телевизионии “Россия 1” пахш мешавад, роҳ ёфт. Маҳорати овозхонии Фаррух Ҳасановро аз 100 узви ҳакамони ин озмун 97 нафар писандиданд.
Аз 100 — 94!
Ёдовар мешавем, ки Мавсими панҷуми озмуни “Ну-ка, все вместе!” 8-уми сентябри соли 2023 оғоз ёфт. Формати ин озмун чунин аст, ки як сарояндаро 100 нафар аъзои ҳакамон, ки ҳама ҳунармандони саршиносанд, гӯш мекунанд ва дар сурати писандидани иҷрои сароянда онро ҷонибдорӣ мекунанд. Ҳар як ҳаками озмун имкони ба довталаб додани як балро дорад. Дар даври гузашта Фаррух Ҳасанов 94 овоз гирифта буд. Ёдовар мешавем, ки соли равон сарояндаи тоҷик Зафар Абдуалимов ҳам дар ҳайати ҳакамони озмун қарор дорад, вале зимни иштироки намояндаи Тоҷикистон ӯ курсии ҳакамиро тарк мегӯяд, зеро Фаррух Ҳасанов шогирдаш аст.
Фаррух Ҳасанов бо пешниҳоди Зафар Абдуалимов ба озмуни “Ну-ка, все вместе!” рафтааст. Ӯ мегӯяд, ки нияти сафар ба Амрикоро дошт, вале вақте Зафар Абдуалимов пешниҳоди ширкат дар ин сабқати ҷаҳониро намуд, сафари Амрикоро мавқуф гузошта, ба унвони озмун анкета равон кард.
Рӯ ба саҳнаи бузург
Фаррух Ҳасанов 20-уми июли соли 1998 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, миллаташ тоҷик аст. Ӯ аз кӯдакӣ ба мусиқӣ шавқу рағбат дошт ва дар баробари мактаби миёна дар студияи мусиқӣ низ таълим мегирифт. Аммо баъди хатми мактаб ба риштаи тарҷумониву забоншиносӣ дохил шуд. Фаррух як муддат аз рӯи касб кор кард, вале ишқи мусиқӣ дар ниҳоят боз ӯро ба ҷодаи ҳунар овард. Номи Фаррух Ҳасанов ҳамчун овозхон бори аввал дар пайи роҳ ёфтанаш ба финали озмуни “Central Asia Got Talent” муаррифӣ ва маъруф шуд. Фаррух бо иҷрои сурудҳои “Утром”, “Шейла”, “Лейли” ба забони русӣ ва таронаҳои тоҷикиаш “Резаборон”, “Телефон” ва “Модар” ба дили тамошобин роҳ ёфт. Соли гузашта ӯ сазовори ҷоизаи озмуни миллии “Tarona Music Award” гардид.
Фаррух Ҳасанов дар оғози соли 2023 бо нашри чанд акс дар “Инстаграм” аз издивоҷаш хабар дод, вале акси ҳамсарашро бо смайлик аз чашми ҳама пинҳон кард. Ҳамчунин, обуначиёни саҳифааш огоҳанд, ки падараш ба ӯ мошини “Мерседес” ҳадя кардааст.
Умед ба ғолибият
Фаррух Ҳасанов феълан талош дорад, ки ғолиби сабқати телевизионии “Ну-ка, все вместе!” шавад. Зеро ғолибият дар ин озмун шонси ӯро барои фатҳи саҳнаҳои бузурги ҷаҳонӣ зиёд мекунад.
Фаррух дар даври гузашта ҳакамонро бо таронаи Lovely аз Билли Айлиш ва Холидро ба ваҷд овард. Ин дафъа бошад, ӯ таронаи “Как любовь твою понять”-ро, ки онро сарояндаҳои маъруфи рус Ҷони ва Асти дуэт сароида буданд, иҷро кард. 97 нафар ҳакамони озмун ба ҷонибдории Фаррух овоз доданд. Роҳбари ҳайати ҳакамон Сергей Лазерев аз он изҳори норизоӣ кард, ки чаро 100 нафар ба истеъдоди Фаррух овоз надоданд. Вале бо вуҷуди ин Фаррух ба финал роҳ ёфт, ки ин барои ӯ муваффақияти беназир аст.
Мо ҳам ба ҳамватанамон Фаррух Ҳасанов барор мехоҳем ва орзу дорем, ки ӯ дар ин сабқати ҳунарӣ ғолибият ба даст биёрад.
Ф. БОБОЕВА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ