21 дастае, ки дар даври финалӣ бозӣ мекунанд, маълум шуданд

Рўзҳои 20 ва 21-уми ноябр бозиҳои даври 10-уми марҳилаи интихобии Евро-2024 баргузор шуданд. Баъди ин рақобатҳо дар умум 21 дастае, ки дар марҳилаи финалии Чемпионати Аврупо бозӣ хоҳанд кард, маълум шуданд.

Ҳамин тавр, дастаҳои мунтахаби Олмон (мизбони мусобиқа), Белжик, Фаронса, Португалия, Испания, Шотландия, Туркия, Утриш, Англия, Маҷористон, Словакия, Албания, Денмарк, Нидерланд, Руминия, Суис, Сербистон, Италия, Чех, Словения ва Крувоси роҳхат гирифтанд.

Боз се дастаи дигар дар марҳилаи плей-офф дар моҳи марти соли 2024 соҳиби роҳхат мешаванд. 6 тими мунтахаб — Олмон, Португалия, Фаронса, Испания, Белгия ва Англия дар вақти қуръакаши шомили сабади аввали Евро-2024 аз рўи имтиёзҳо гардиданд. Қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Евро-2024 рўзи 2-юми декабр баргузор мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *