Фарруху Юлдуз дар назди президентҳо ҳунарнамоӣ мекунанд

Фаррух Зокиров, овозхони маъруфи Узбекистон ва раҳбари дастаи ҳунарии «Ялла» дар якҷоягӣ бо чанд з овозхонимаъруфи он кишвар дар консерти устодони ҳунари Тоҷикистон ва Узбекистон, ки қарор аст дар даҳаи аввали моҳи март дар Душанбе баргузор шавад, иштирок мекунад.

Фаррух Зокиров гуфтааст, ки қарор аст дар ин барномаи муштараки ҳунарӣ, ҳунармандони дигари узбекистонӣ, аз ҷумла Юлдуз Усмонова ва Шералӣ Ҷӯраев ва дигарон ҳунарнамоӣ намоянд.Ин барномаи фарҳангӣ ба ифтихори сафари раиси ҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар «Кохи Борбад»-и Душанбе баргузор мешавад. Қарор аст, ин барномаи ҳунарии устодони санъати ду кишварро Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев тамошо кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *