Маслиҳати хушдоман: Фарзанд дона-набера мағзи дона
Меҳмони навбатии рубрикаи “Маслиҳати хушдоман” Тавакалой Нарзиалиева, аз дараи Алмосӣ, деҳаи Нилӯ, хушдомани се келин ва бибии 14 набера қарор доранд. Вақте ба меҳмонии ин зани фариштахисол рафтем, аз меҳрубониҳои бибӣ нисбати набераҳояшон ҳаловат бардоштем. Модари азиз дар мавриди нақши бибӣ дар тарбияи набераҳо чунин ибрози андеша намуданд.
-Ҳар як хушдоман вақте бо умед ба дари хонаи духтардор ба хостгорӣ меравад, сараввал хушбахтии фарзанди худро фикр мекунад. Ягон хушдоман намехоҳад, ки келини саркашу гапгардонро ба хонааш оварда, умре дар муҳити ноором зиндагӣ кунад. Келини боақл бо ҳама аъзоёни оила забон ёфта, ба дилашон роҳ меёбаду дуои хушдоманро мегирад, чунки рӯзе худаш низ хушдоман мешавад. Барои хубу беҳтар шудани муносибати хушдоману келин шавҳар низ бояд саҳми худро гузорад. Модар бо ҳазор умеду орзу писар ба воя мерасонад, ки фарзандаш дар дами пирӣ асои дасташ гардад. Агар писар модарро ҳурмату эҳтиром кунад, дар оянда зани ӯ ҳам ҳурмати хушдоманро ба ҷо меорад.
Келинҳо бояд фаромӯш накунанд, ки хушдоманҳо дар ҳама пастиву баландиҳои зиндагӣ роҳнамо ва ёрдамчии келин ва тарбиятгари набераҳо ҳастанд. Хушдоман барои ободиву озодагии хонавода саҳми беандоза мегузорад. Аввалин афсонаву панду насиҳатро набера аз бобову бибияш мешунавад. Хусусан дар оилаҳои ҷавоне, ки аксари зану шавҳарон барои дуруст тарбия кардани фарзандони худ таҷрибаи кофӣ надоранд, нақши хусуру хушдоман бениҳоят муҳим аст. Беҳуда нагуфтаанд, ки “фарзанд дона-набера мағзи дона”, ҳар як бибиву бобо набераи худро бештар аз фарзандонашон дӯст медоранду эрка мекунанд.
Аз ин рӯ, ба тамоми келинҳои тоҷик маслиҳати ман ҳамчун модар ва модаркалон ҳамин аст, ки хушдомани худро мисли модар қабул кунед, он гоҳ шумо ҳам муҳаббати хушдоманро ба даст меореду ҳам саодати рӯзгор насибатон мегардад.
Дилошӯб
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ