Театри миллӣ. Сохтмони он кай ба анҷом мерасад?

Соли 2015 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди Театри миллии Тоҷикистон, ки дар воқеъ калонтарин театр дар кишвар ва минтақа хоҳад буд, санги асос гузоштанд. Аммо бо сабаби баъзе омилҳо, махсусан мушкилоти молиявӣ сохтмони он ба таъхир афтод.

Дар соли 2019 бошад, сохтмони он аз нав шуруъ шуд. Ҳанӯз расонаҳо дар он сол хабар дода буданд, ки сохтмони Театри миллии Тоҷикистон то соли 2021 анҷом меёбад. Тавре агентии “Авеста” навиштааст, барои сохтмон беш аз 71 миллион доллари амрикоӣ ҷудо гардида, ширкати “Сирдарё” сохтмони онро ба зимма гирифтааст. Ҳукумати Тоҷикистон дар навбати худ ин ширкатро аз пардохти андоз озод намуда буд. Аммо бо гузашти 2 сол аз ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз ҳам сохтмони Театри миллии Тоҷикистон анҷом наёфт.

Соли гузашта дар Рӯзи Театри тоҷик АМИТ “Ховар” хабар дод, ки Театри миллии Тоҷикистон дар арафаи 35-солагии Истиқлол ба истифода дода мешавад ва он беҳтарин театре хоҳад буд дар минтақаи Осиёи Миёна.

Бо ин мақсад хостем аз бунёди театр дидан кунем. Тавре маълум аст, ин театр паҳлуи Боғи Парчами миллӣ бунёд гашта истодааст. Аммо бо гузашти чанд сол мо қариб навгониеро намебинем. Ҳамоно сохтмон давом мекунад, аммо чӣ бунёд мешавад, номаълум аст. Ҳунармандон бошанд, интизоранд, ки дар саҳнаи Театри миллӣ кай ҳунарнамоӣ мекунанд. 

Б. САЙФУЛЛОЕВ, донишҷӯ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *