Бохтар. Раиси нав мушкили куҳнаро ҳал карданист

Қисме аз бинои муассисаи томактабии рақами 7-и шаҳри Бохтар валангор аст. Мутаассифона, бо гузашти беш аз даҳ сол ва иваз шудани чанд раис мушкили мавриди назар бартараф нагардид.

Абдулмаҷид Муминзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтар дар аввалин нишасти хабарии хеш иддао кард, ки мо аллакай аз кӯдакистон дидан кардем.

Ӯ афзуд, ки як қисми бино ба таъмир фаро гирифта шудааст ва дару тирезаҳои қисмати дигари бино аз соли бунёди кӯдакистон аст.

«Мо супориш додем то харҷнома пеш аз ҳама барои иваз кардани дару тирезаҳои кӯдакистон тартиб дода шавад.Ин масъала таҳти назорати худам меистад. Дар рӯзҳои наздик мушкил пурра ҳал карда мешавад”,-таъкид кард вай.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *