Фарзандони муҳоҷирони меҳнатиро ба мактабҳои Россия қабул мекунанд?

Фирӯза Сатторӣ

Фарзандони муҳоҷирони меҳнатиро ба мактабҳои Россия қабул мекунанд?

  1. Муҳоҷират набояд монеъи таҳсили кӯдакон гардад
  2. Кӯдакони муҳоҷир ҳуқуқи таҳсил карданро доранд?
  3. Барои таҳсили кӯдак дар мактаб ба куҷо бояд муроҷиат намуд?
  4. Ҳуҷҷатҳое, ки волидон бояд пешниҳод созанд
  5. Кӯдакро қабул карданд, қадами баъдӣ
  6. Нозукиҳои қабули кӯдакони муҳоҷир ба мактабҳои Россия
  7. Мӯҳлати қайд (регистрация)- и кӯдакро чи тавр дароз мекунанд?
  8. Кӯдаки муҳоҷирро ба мактаб қабул намекунанд, чи бояд кард?
  9. Ташкилотҳое, ки ба кӯдакони муҳоҷир ёрӣ мерасонанд…
  10. Кӯдакро ба ватанаш бар мегардонанд, агар…

 Муҳоҷират набояд монеъи таҳсили кӯдакон гардад

Муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз заруриятҳои рӯзгор буда, одамон ба хотири беҳтар кардани шароити зисту зиндагии аҳли оилаашон рӯ ба кишвари дигар меоранд, то кори хубу манбаи даромад дошта бошанд, вале дурӣ аз наздикону пайвандон дили касро мефишорад. Аз ҳамин сабаб солҳои охир қисмати зиёди муҳоҷирони меҳнатии тоҷик зану фарзандонашонро низ бо худ ба Федератсияи Россия ва дигар кишварҳо мебаранд, аммо…

Мутаассифона, на ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар бораи чӣ тавр дар кишвари дигар ба мактаб додани фарзандони худ маълумот доранд ва ноогоҳии волидон сабаб мешавад, ки кӯдакон як соли дароз ва ҳатто бештар аз ин аз мактаб ва омӯзиши илму дониш дур монанд. Кӯдакони муҳоҷир низ мисли дигар бачаҳо ҳуқуқ ба таҳсил доранд ва муҳоҷират набояд монеи донишандӯзии атфол гардад, аз ҳамин хотир мо дар бораи тартиби қабули кӯдакони муҳоҷир ба мактабҳои Россия каме маълумот медиҳем.

Кӯдакони муҳоҷир ҳуқуқи таҳсил карданро доранд?

Мувофиқи меъёрҳои Конвенсияи байналмиллалии ҳуқуқи кӯдакон, Конститутсияи Федератсияи Россия, Қонуни Федералии Россия дар бораи маориф дар Федератсияи Россия” таҳти №273-ФЗ аз 29.12.2012 ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ тамоми кӯдакони синну соли мактабӣ, аз ҷумла фарзандони шаҳрвандони хориҷӣ ва муҳоҷирони меҳнатие, ки дар қаламрави Россия ба таври қонунӣ кору зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд, ки ба таври ройгон дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Россия таҳсил намоянд.

Барои таҳсили кӯдак дар мактаб ба куҷо бояд муроҷиат намуд?

Тартиби қабули кӯдакони шаҳрвандони хориҷӣ ба мактабҳои Россия дар Фармони Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия аз 15-уми феврали соли 2012 таҳти № 107 мушаххасан нишон дода шудааст. Мувофиқи фармони мазкур қабули кӯдакони шаҳрвандони хориҷӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба мактабҳои Россия ҳамасола дар қатори худи кӯдакони шаҳрвандони Россия аз 1-август оғоз меёбад.

Муҳоҷиронро лозим аст, ки барои ба мактаб додани фарзанди худ ба шӯъбаи маорифи макони зисташон,ба маркази бисёрфунксионалии (МФЦ) ва ё ба директор ё маъмурияти мактабе, ки худашон интихоб намудаанд, муроҷиат намоянд. Ҷойи холӣ бошад, маъмурияти мактаб ҳақ надорад, ки қабули кӯдаки муҳоҷирро рад намояд, вале ҷойи холӣ набошад, шуморо ба шӯъбаи маориф мефиристанд. Шӯъбаи маориф барои фарзанди шумо дар мактаби дигар, ки ба макони зистатон наздик бошад, ҷойи холӣ меёбад.

Ҳуҷҷатҳое, ки волидон бояд пешниҳод созанд

Барои супурдани ҳуҷҷатҳо бо худ ба мактаб бурдани кӯдак ҳатмӣ нест, вале падару модар ё яке аз волидон бояд барои ба мактаб қабул шудани фарзандашон ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод намоянд:

  1. Кортҳои муҳоҷиратии кӯдак ва падару модараш ё яке аз волидон
  2. Шиносномаи волидон бо нусхааш (ксерокопия)
  3. Зодномаи кӯдак бо нусхааш (ҳуҷҷатҳоро бо забони русӣ тарҷума ва дар идораи нотареалӣ тасдиқ намуда, пешкаш кардан лозим)
  4. Шиносномаи кӯдак(агар бошад) ва нусхаи он бо тарҷумаи русии тариқи нотареалӣ тасдиқ шудаи ҳуҷҷат.
  5. Ҳуҷҷати қайди муҳоҷиратии кӯдак ва волидонаш дар макони зисташон дар Федератсияи Россия (Регистрация)
  6. Ариза барои қабули кӯдак ба мактаб.

Маъмулан ариза бо забони русӣ дар 2 нусха тартиб дода мешавад. Як нусха дар дасти котиби мактаб мемонад, нусхаи дигар бо рақами воридотӣ ба худи аризадиҳанда бар гардонида мешавад. Дар ариза ному насаб, санаи таваллуд ва шаҳрванди кадом давлат будани кӯдакро ҳатман қайд кардан лозим аст.

Кӯдакро ба мактаб қабул карданд, қадами баъдӣ

Дар мактаб ҷойи холӣ пайдо шуд ва аризаи шуморо барои қабули фарзандатон қабул карданд, пас аз ин чи бояд кард?

Барои он ки фарзанди шуморо ба таҳсил роҳ диҳанд, иловатан ба ҳуҷҷатҳое, ки дар боло зикр намудем, бояд боз як даста ҳуҷҷатҳои дигарро пешниҳод намоед.

  1. Ҳуҷҷати эмгузаронӣ шудани кӯдак (Сертификат о прививках)
  2. Корти тиббии кӯдак, ки вақти гузаштан аз комиссияи тиббӣ дар Федератсияи Россия дода шудааст ё онро аз кишвари худатон овардаед.
  3. Полиси суғуртаи тиббии кӯдак
  4. Кӯдак мактабхон бошад, парвандаи шахсии ӯро аз мактабе, ки пештар таҳсил мекард, бурданатон лозим аст. Дар Тоҷикистон кӯдак дар мактаби русӣ хонда бошад, нусхаи ҳуҷҷатҳои таркиби парвандаро бурдан кифоя аст, худи парвандаро баъди он ки кӯдакро дар Россия ба мактаб қабул карданд, мебаред.
  5. Маълумотномаи тиббӣ дар бораи гузаштани кӯдак аз комиссияи тиббӣ дар Россия ва бемориҳои хавфнок надоштанаш.

Диққат!

Фаромӯш накунед, ки барои дар Россия ба мактаб қабул шудан кӯдаки муҳоҷир бояд забони русиро хуб донад ва донишаш ақалан дар сатҳи миёна бошад, бинобар ин, аз фарзанди шумо метавонанд имтиҳон бигиранд. Дар сурати ба талабот ҷавобгӯ набудани сатҳи донишаш кӯдаки муҳоҷирро метавонанд як синф поёнтар қабул кунанд, то ки дар аз худ кардани барномаи дарсӣ азоб накашад.

Дар сурати тайёр набудани кӯдак барои таҳсил дар Россия метавонед ба як қатор ташкилоҳои ҷамъиятӣ муроҷиат кунед, то ки ба фарзанди шумо кӯмак расонанд. Волонтёрҳо ба таври ихтиёрӣ ва ройгон ба кӯдакони муҳоҷир дар аз худ кардани забони русӣ ва омӯхтани шеваи муносибат бо дигар кӯдакон дар Россия ёрӣ дода, ҳамроҳи чунин кӯдакон барномаҳои гуногуни фарҳангию омӯзишӣ мегузаронанд..

Чунин ташкилотҳоро метавонед дар суроғаҳои зерин пайдо намоед:

Дар шаҳри Маскав ва атрофи он:

Маркази мутобиқшавӣ ва омӯзиши кӯдакони муҳоҷир бо номи «Такие же дети»- http://kidsarekids.tilda.ws

картин 1

Дар Вилояти Маскав:

Мактаби забономӯзии «Ковчег»

http://pereletnye-deti.ru

картин 2

Дар шаҳри Санкт-Петербург:

АНО «Дети Петербурга» https://detipeterburga.ru/

Телефон: +7 911-773 7787

картина 3

Барои мустақилона забони русиро омӯхтани кӯдакон аз ин сомонаҳо истифода бурдан

мумкин аст:

Портали Институти забони ба номи А.С.Пушкин «Русский язык для наших детей» http://rus4chld.pushkininstitute.ru/#/

картинка 4

Портал барои дастгирии омӯзиши забони русӣ дар мактабҳои ибтидоӣ-ИМЦ -и ноҳияи Адмиралтейскии Санкт-Петербург бо номи «Говоруша»

http://www.govorusha.adm-edu.spb.ru/

картинка 5

Мӯҳлати қайд (регистрация)- и кӯдаки мактабхонро чи тавр дароз мекунанд?

Тибқи қонунҳои Федератсияи Россия кӯдакони шаҳрвандони хориҷӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ низ бояд дар қайди муҳоҷиратӣ бошанд ва мисли волидонашон ҳуқуқ доранд, ки дар давоми ним сол фақат 90 рӯз дар қаламрави Россия зиндагӣ кунанд, вале дар сурати ба мактаб фаро гирифта шудани кӯдак мӯҳлату буду бошашро дар қаламрави Россия то 3 моҳ дароз кардан имкон дорад. Барои ин волидони кӯдакро лозим аст, ки бо ариза ба Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Россия доир ба масъалаҳои муҳоҷират (ГУ МВД) ва шӯъбаҳои он муроҷиат намуда барои дароз кардани мӯҳлати зисту зиндагии фарзандашон дар Россия ариза ва ҳуҷҷатҳои зеринро пешкаш созанд:

1. Ҳуҷҷати тасдиқкунанда дар бораи таҳсили кӯдак дар мактаби Россия (Справка из школы)

2. Чек-квитанцияи пардохти патенти волидони кӯдак

3. Маълумотнома дар бораи қайди муҳоҷиратии кӯдак ва волидонаш (Уведомление о постановке на миграционный учет ребенка и родителей) Дар ҳарду ҳуҷҷат бояд як суроға зикр шуда бошад.

Волидони кӯдак дар корхонаҳои давлатии Россия тибқи шартномаи меҳнатӣ кор мекарда бошанд, мӯҳлати буду боши кӯдаконро ба мӯҳлате, ки шартнома баста шудааст, дароз кардан имкон дорад, дар акси ҳол мӯҳлати буду боши кӯдакро дар Россия то 3 моҳ дароз мекунанд.

Кӯдаки муҳоҷирро ба мактаб қабул намекунанд, чи бояд кард?

Дар сурати бе асос қабул накардани фарзанди шумо ба мактаб метавонед ба ташкилотҳои зерин муроҷиат намуда, кӯмак пурсед:

  1. Вазорати маорифи Россия:
  2. https://open.edu.gov.ru/appeals

Телефон: +7 (495) 587- 01-36

Сурғаи электронӣ барои қабули арзу шикоятҳо:

https://open.edu.gov.ru/appeals/e-send/

картинка 6

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак: http://deti.gov.ru/ 

картинкаи 7

Кӯдакро ба ватанаш бармегардонанд, агар..

Фаромӯш накунед!

Мувофиқи қонунҳои Россия кӯдакон ва бачаҳои ноболиғ, ки ҳанӯз ба синни 18-солагӣ нарасидаанд, ҳуқуқи кор карданро надоранд.

Кӯдакон бояд ҳатман ба таҳсил фаро гирифта шаванд. Шаҳрванди хориҷӣ ва муҳоҷир агар ба ҷойи ба мактаб додани фарзандаш кӯдакро аз таҳсил маҳрум намуда, барои ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шудан маҷбур созад, ташкилотҳое, ки аз ҳуқуқҳои кӯдакон дифоъ менамоянд, метавонанд волидонро тариқи суд ба ҷавобгарӣ кашида, ҷарима банданд ва кӯдакро ба ватанаш бозпас фиристанд, бинобар ин, вақте ки фарзандонатонро ҳамроҳи худ ба Федератсияи Россия мебаред, кӯшиш кунед, ки кӯдакон ҳатман ба таҳсил дар мактаб фаро гирифта шаванд.

Подробнее тдж: https://oila.tj/news/farzandoni-muoironi-menatiro-ba-maktaboi-rossiya-abul-mekunand

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *