Фарзонаи Хуршед: Дигар дар бораи ману Шабнам аз Диловари Мизроб напурсед, зеро

Имрӯз 29-уми июн, Фарзонаи Хуршед, сароянда дар сӯҳбати телефонияш  гуфт, ки дигар ягон хабарнигор бобати ӯ ва хоҳарбузургаш Шабнам аз Диловари Мизроб интервю нагиранд: « Ман ин гапро аз ҳаво не, балки баъди машварати зиёд бо Шабнам мегӯям. Ин гапро бояд худи Шабнам мегуфт, аммо азбаски айни замон ӯ дар хориҷи кишвар аст, ман тавассути сомонаи шумо аз кули журналистони тоҷик хоҳиш мекунам. ки дигар ҳеҷ гоҳ бобати зиндагии ману хоҳарбузургам Шабнам аз Диловари Мизроб, ки дар ҳама ҷо худро продюсери оилаи мо муаррифӣ мекунад, пурсон нашаванд. Чун мо дигар бо шахисияте чун Диловар ягон робитаи ҳамкорӣ надорем».

Ин суханони хонум Фарзона дар ҳоле садо медиҳад, ки чанд соли ахир кули журналистони точик бобати то кадом андоза ҳақиқат доштани ин ё он хабари атрофи номи примадонаи саҳнаи тоҷик- Сурайё Қосимова ва духтарони ӯ Шабнаму Фарзона паҳн гардида пурсон мешуданд ва сухани ӯро чун ҳарфи продюсери ин хонавода рӯйи чоп меоварданд.

Ҳамчунин ҷаноби Диловар ҳамеша ба хоҳиши журналистон «Мусоҳибаи моро бо Шабнам ё Фарзона ба роҳ монед» рад карда, мегуфт, ки «агар саволе доред, ҳамин ҷо ба ман нависед, ман ҷавоби онҳоро хаттӣ ба шумо менависам» Ҳамакнун баъди ин сухани Фарзона овозаҳое низ паҳн гардидааст, ки гӯиё бештари пешравиҳои ин хонаводаро Диловари Мизроб бо номи худ сабт мекардааст.

Аммо бобати то кадом андоза ҳакикат доштани ин овоза Фарзоннаи Хуршед хомӯширо авло дониста, танҳо ҳамин қадар гуфт, ки «Ҳар чӣ дар гузашта буд, бигзор дар ҷои худ бимонад, аммо дар оянда бигзор ҳар касе чизеро фаҳмидан хоҳад, бигзор бевосита ба худи мо муроҷиат кунад».

Фарзонаи Хуршед, духтари хурдии Ҳунарманди шоистии Тоҷикистон Сурайё қосимова буда, ба наздики бо сарояндаи ҳамнасаби худ- Фаридуни Хуршед дар ҳоле, ки хабари издивоҷашон чанд моҳе пеш баромада буду аз сӯйи ин оила рад шуда, сипас яку якбора бо ҳомиладории Фарзона дубора тасдиқ гардид, оиладор шуда, соҳиби як духтар- Закия аст ва дар моҳи 8-уми ҳомиладорӣ қарор дорад.

Фарангиси Фармон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *