Шаҷариён, ҳунарманде, ки Душанбе омада буд, ба саратон мубтало шудааст(ВИДЕО)

Дар чанд соли ахир гуруҳе дар ҳунармандон ва сарояндагони эронӣ мубталои бемориҳои табобатнавашанда, ба вижа саратон шудаанд.

Муҳаммадризо Шаҷариён, ҳам ки чанд моҳ қабл, аз бемории саратон доштанаш хабар дода буд, ҳоло дар бистари беморӣ бо ин дард даступанҷа нарм мекунад. Ҳамсари ин устоди мусиқии Эрон дар саҳифаи иҷтимоияш хабар додааст, ки марҳилаи аввалини дармони Муҳаммадризо Шаҷариён ба охир расидааст.


Муҳаммадризо Шаҷариён дар моҳи марти соли ҷорӣ аз хабари мубтало шуданаш ба бемории саратон дар паёми видеоие хабар дод. Муҳаммадризо Шаҷариён дар ин паём гуфт, дар бистари беморӣ бо саратон мубориза мебарад. Ба гуфтаи ӯ, ин дард меҳмони нохондаест, ки 15-сол боз дари ӯро мекӯбад.

Паёми муроҷиати Шаҷариён ба мухлисонаш инҷост:

Ҳамсари Муҳаммадризо Шаҷариён дирӯз дар саҳифаи шабакаи иҷтимоияш навишт, ки тули панҷ моҳ боз оқои Шаҷариён марҳилаи аввалини табобаташро ба анҷом расонд ва ҳолаш хуб аст.

Муҳамадризо Шаҷариён аз гуруҳи ҳунармандонест, ки дар руйдодҳои соли 2009, яъне дар интихоботи пурсарусадо ба сафи мухолифони раисиҷумҳури вақти  Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод пайваст ва шиорҳои тунде алайҳи режими Эрон сар дод. Ин мавқеияти сиёсии ӯ боис шуд, ки як муддат селаи фишорҳоеро таҳаммул кунад.

Шаҷариён аввалин ҳунарманд нест, ки ба бемории саратон дар Эрон мубтало. Соле қабл, Муртазо Пошоӣ, хонандаи саршиноси попи Эрон бар асари сартони меъда аз дунё даргузашт. Даргузашти ӯ мотаме дар шаҳри Теҳрон барпо карда буд ва мардум бо сурудани таронаҳои ӯ, дар маросими видоъ ё хоксупориаш «туфон» барпо карда буданд. Ҳар сол дасти кам як нафар ҳунарманд дар Эрон бар асари бемориҳои табобатнашаванда мефавтад. Чанд ҳафта қабл, Ҳабиб, яке аз сарояндагони саршиноси попи Эрон бо иллати сактаи қалбӣ даргузашт. Ӯ низ, ба шиддат таҳти назорат буд ва натавонист то охирин лаҳзаҳои умраш консерт баргузор кунад, яъне муҷаввизи фаъолият дарёфт накард.

Муҳаммадризо Шаҷариён барои тоҷикон ва Тоҷикистониён ошност. Зеро ӯ дар замоне, ки Тоҷикистон ҳанӯз таҳти фармони Шӯравӣ буд, ба шаҳри Душанбе омада ва дар Кохи Борбад консерт баргузор карда буд.

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *