Фарзонаи Хуршед

Фарзонаи Хуршед: Ин “секрет”-амро дар ягон ҷо нагуфта будам…

Фарзонаи Хуршед, сарояндаи саршиноси тоҷик дар як мусоҳибаи худ бо рӯзноманигори “Садои Амрико” дар бораи зиндагии имрӯзааш ба мухлисон хабар додааст. Тавре дар навор дида мешавад, Фарзона бо имиҷи нав ба саволҳои хабарнигор Самир Расулӣ посух мегӯяд. Шуморо бо ин суҳбат ошно мекунем.

— Мегуфтед, ки айни замон дар ҷодаи санъат ягон навгонӣ доред? Манзурам, суруду оҳангҳои ҷадидро барои мухлисони худатон омода карда истодаед?

— Медонед, ман ҳамеша кӯшиш мекунам, ки барои мухлисони худам оҳангу сурудамро “сюрпрайз” кунам. Дӯст медорам, ки чанд муддат хомӯш бошаму баъди он “бабабам”…

— Бозхонӣ карданро дӯст медоред, зеро аксари сурудҳои шумо бозхонии оҳангҳо, махсусан суруду оҳангҳои афғонӣ аст. Далелаш чӣ аст?

— Далелаш ин аст, ки ман ҳар як чизи зебоеро, ки бароям писанд меояд, дӯст медорам ва аз худ мекунам. Вале бештар мехоҳам оҳангҳоеро, ки мардҳо сароидаанд, бозхонӣ кунам, чунки овози мард бақувват аст, вале овози зан ширин аст. Мардҳое ҳастанд, ки мехоҳанд оҳанги мард сароидаро бо овози зан, овози ширин гӯш кунанд.

— Медонед, мардҳо бештар дар бораи занҳо суруд мехонанд ва агар шумо бозхонӣ мекунед, маҷбур ҳастед, ки матнро тағийр диҳед, то мувофиқ шавад.

— Ҳамин тавр кардам. Як оҳанг буд, ки “имсол, ки тӯям накунӣ, дилам дард мегирад” тарзи дурусташ ин буд, ки “имсол, ки тӯят накунам, дилам дард мегирад”, гирифтаму иваз кардам. Дар вақти сабт касе ба ман кумак намекунад, дар сарам меояд, ки ҳамон нуқтаашро бояд ба суханҳои зан наздик кунаму сароям.

— Дар баробари корҳои эҷодӣ дар Тоҷикистон, ба чӣ корҳои дигар машғул мешавед? Манзурам тиҷорат ё дигар корҳо…

— Бале, алҳамдулиллоҳ, ба наздикӣ атри ман ба номи “Shady by Farzona Khurshed” баромад. Мехоҳам муаррифии атри худро як барнома кунам дар Тоҷикистон.

— Барои худ кадом ҳунарманди афғонро рақиб эҳсос мекунед?

— Бе рақиб пешравӣ намешавад. Афғонҳо ҳам бародари мо ҳастанд, ба мо наздиканд. Ҳунармандон Фарҳоди Дарё, Амирҷон Сабур ва дигар сарояндагоне ҳастанд, ки бароям азиз ҳастанд.

— Чаро аз хонумони афғон ном набурдед? Агар номи онҳоро нагиред, ба ҷанҷол меафтед…

— Ман аз ҷанг наметарсам (механдад). Ман зиёд духтари қавӣ ҳастам. Ман Ориёро дӯст медорам, дӯстии хуб ҳам дорем, ҳатто якҷо нишастему ба ҳам дарди дил кардем. Ман мардуми афғонро дӯст медорам, чунки мардуми қавӣ ҳастанд.

— Вақте шумо ба саҳна ворид шудед, яке аз пуштибонҳоятон модаратон буд, ки ҳунарманди хеле азизу гиромӣ ҳастанд. Ба ғайр аз ин, ҷое барои такмили ин ҳунар омӯзиш гирифтед ё санъатро аз оила омӯхтед?

— Ман аз 12-солагӣ рӯи саҳна баромадам. Ин ҳамааш аз завқи модарам буд. Ҳар куҷое мерафтам, ӯро зиёд эҳтиром мекарданд, ҳавасам ба ин рафт. Пештар мехостам табиб шавам. Тасмим гирифтам, ки як суруд мехонаму халос. Як дафъа ба хотири Сураё Қосимова ба саҳна баромадам, ин қадар пазироӣ, чаппакзанӣ баланд шуд, ки тасмимам иваз шуд ва 22 сол аст, ки санъаткорам. Дар ҳамаи ин муваффақиятҳои ман модарам саҳми бузург доранд ва бо дуои ӯ ба ин сатҳ расидам.

— Гуфта будед, ки ду фарзанд доред. Онҳо писар ҳастанд ё духтар, чанд сол доранд?

— Фарзанди калониам Закияҷон духтар аст ва 7 сол дорад. Ногуфта намонад, ки ман дар миёни 11 моҳ дуто таваллуд кардам. Вақте дар тӯйҳо сухан мекунам, мегӯям, ки мисли ман дар як сол дуто таваллуд кунед, ман ҳамин тавр саросема шудам (механдад). Фарзанди дуюмам Муҳаммадхуршед 6 сол дорад. Азбаски номи Муҳаммадро зиёд дӯст медорам, ба хотири падари раҳматиям ин номро мондам, нахостам номи падар аз оила дур шавад.

— Ин аз як издивоҷ буд?

— Бале!

— Ҳоло бо ҳам нестед?

— Не.

— Дар фикри он ҳастед, ки дубора оиладор шавед, зиндагии хуб дошта бошед ё фикр мекунед, ки то охир ҳамин бас аст?

— Худо ягон занро дарду ранҷ надиҳад. Аммо як бор шикастани зиндагӣ барои зан қоматашро мешиканад. Нафарони зиёд фикр мекунанд, ки барои ҳунарманд шикастани зиндагӣ ҳеҷ чиз нест, аммо барои ҳар як зан вақте фарзандаш савол медиҳад, ки падари ман куҷост ё чаро падари ман намеояд, ин саволҳо ҳар як қабурғаи занро мешиканад, хуни дил мешавӣ. Ҳеҷ вақт зан намехоҳад падари фарзандонаш аз ӯ дур бошад, аммо ин насибу қисмат аст.

— Падараш бо онҳо дар тамос мешавад? Гоҳ-гоҳе мебинанд ё масъулият пурра бар дӯши шумост? Шояд барои омадани падараш шумо монеъ шуда бошед…

— Не, не, ин гуна нест. Ин чиз на аз рӯи қонун изоҷат аст, на аз рӯи ислом. Ҳар вақте падар мехоҳад ё фарзанд мехоҳад, бо ҳам вомехӯранд. Ман ин чизро ҳеҷ вақт банд карда наметавонам. Чунки Худованд агар маро бо ӯ рост намеовард, ман соҳиби фарзанд намешудам. Ман Худоро шукр мегӯям, ки соҳиби ду фарзанди дӯстрӯй ҳастам. Ман ҳамеша ҳурмату эҳтироми ӯро аз рӯи одоб ва аз рӯи ислом ҳам медонам. Аммо дар бораи дуюм издивоҷ гуфтед, мумкин дар оянда, мумкин ба наздикӣ рух диҳад.

— Яъне, ягон умедворӣ ҳаст?

— Бале, ҳаст марде, ки “ҳамаи ғаму ғуссаро аз дилат мебарорам, ман туро хушбахттарин зани дунё мекунам” мегӯяд. 

— Накунад, ки шумо ба ин суханҳо бовар кунед, чунки мардҳо дар гуфтани чунин гапҳо моҳир ҳастанд…

— Аммо мард то мард дорад. Вақте ӯ гап мезанад, аз чашмонаш мефаҳмам, ки чӣ мехоҳад.

— Консертҳои ҷадидро дар соли 2023 дар нақша доред?

— Ҳамаи чиз ба хости Худо аст. Бисёр фикрҳои хуб дорам. Мехоҳам имсол каме ҳам бошад, навгонӣ кунам. Консертамро дар якҷоягӣ бо як нафари дигар мегузаронам, ки мухлисонамро хушҳол кунам, аммо номи он нафар бояд махфӣ бошад.

— Аз ғизоҳои афғонӣ чиро дӯст медоред?

— Оши афғониро дӯст медорам. Як чизи дигар доред, фиринӣ мегӯянд, бисёр дӯст медорам ва ҳатто пухтанашро метавонам.

— Гуфтед, ки худам мепазам. Шумо ба пухтупаз майл доред?

— Бале, вақте зан шавҳарашро бисёр дӯст медорад, кӯшиш мекунад, ки як чизеро ба шавҳараш омода кунад, ки аз дигарон фарқ кунад.

— Чӣ тавр Фарзонаи Хуршед дар ошхона ба пухтупаз машғул мешавад?

— Ман “секрет”-и худро дорам, ки то имрӯз онро дар ягон барнома нагуфтаам.

— Бори аввал мегӯед?

— Бале. Ман ба андозае зани меҳрубон ҳастам, ки агар шавҳар бо дасти худаш ҷӯробашро пӯшад, аз ӯ хафа мешавам. Ман омодаам ҳатто ҷӯроби шавҳарамро ба дасти худам пӯшонам, нохунҳояшро тоза кунам. Мард ба умед зан мегирад, барои ӯ фарқ надорад, ки ту Фарзонаӣ ё каси дигар. Ин аз рӯи ислом аст ва ҳам модарам ба ман ин гуна тарбият додааст ва ман бояд ҳамаи қарзи худро пеши шавҳарам иҷро кунам.

— Бароятон барори кор хоҳонем.

Омодасоз Маҳинаи ДАВЛАТ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *