Фарзонаи Хуршед: Модарам аз фишорбаландӣ муолиҷа мегирад

Сурайё Қосимова, овозхони саршиноси тоҷик ва модари Шабнаму Фарзона дар Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон дар Душанбе муолиҷа дорад.

Наздиконаш ба “Озодӣ” гуфтанд, ки ӯ дар хона аст ва танҳо барои гирифтани доруву машварати пизишкон ба бемористон меравад.

Фарзонаи Хуршед, духтари Сурайё Қосимова дар суҳбати телефонӣ бо “Озодӣ” гуфт, ки саломатии модараш хуб аст ва «ӯ аз фишорбаландӣ муолиҷа мегирад».

Гуфта мешавад, ки  овозхон тақрибан як ҳафта боз дар онҷо бо табобат фаро гирифта шудааст. Вазъи  саломатии Сурайё Қосимова хуб арзёбӣ шуда, рӯзҳои наздик рухсат мешавад.

Овозхони шинохта дар гузашта низ дар шӯъбаи бемориҳои ҷигару меъдаи ин бемористон бистарӣ шуда буд. Номи овозхони маъруф, Сурайё Қосимова моҳи сентябри соли гузашта бо хабари издивоҷаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси зиёде ба по кард. Ӯ  гуфта буд, ки “хушбахт аст”.

Сурайё Қосимова соли 1957 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Ӯ дар 13-солагӣ  ба саҳнаи ҳунар роҳ ёфта, то имрӯз ба овозхонӣ  машғул аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *