Сурайё Қосимова ба ҷавони 30 сол хурд ба шавҳар баромад. Галкини тоҷик кист?

Рӯзи 24 сентябр Интернетро хабари издивоҷи овозхони шинохтаи тоҷик Сурайё Қосимова  бо як ҷавони 32-сола, аз ӯ 30 сол хурд ба шӯр овард.

Ин хабар ибтидо дар саҳифаи Тамошоу дар Инстаграм нашр шуд ва сипас дар саҳифаҳои гуруҳҳои гуногуни Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба сайр даромад.

Як нафари наздик ба Шабнами Сурайё, духтари Сурайё Қосимова гуфтааст, ки ҷавон чанд сол ошиқи ҳунарманд буд. Ӯ номи домодро ифшо накард ва танҳо гуфт, ки ҷавон аз доираи ҳунармандон нест ва тоҷир аст.

«Дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, ки гӯё ҷавон барои пулу моли хонум Сурайё ӯро ба занӣ гирифтааст. Дурӯғи маҳз аст! Ҳаминро метавонам гӯям, ки ӯ солҳо боз ошиқи Сурайё Қосимова буд ва худаш ҳам марди доро аст», —гуфтааст ӯ

Ин ҷавон шавҳари сеюми Сурайё Қосимова аст. Ӯ аз шавҳари аввалаш ду духтар – Ҳафизамоҳ ва Шабнамро дорад ва аз шавҳари дуюмаш – Хуршед Рабиев низ ду фарзанд дошт – Фарзонаи Хуршед ва писари ягонааш Эмомалиҷон, ки соли 2017 дар синни 16 вафот кард.

Хуршед Рабиев, ки дар ВКД кор мекард, соли 2013 аз олам чашм пӯшид. Бархе овозхони шинохтаро маҳкум карданд ва бархе арӯсиашро табрик гуфта, ба ӯву ҷавони интихобкардааш орзуи хушбахтӣ карданд.

Издивоҷи Сурайё Қосимова бо ин ҷавонро бо издивоҷи примадоннаи эстрадаи рус Алла Пугачёва бо Максим Галкин шабоҳат додаанд. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *