Фарзонаи Хуршед шавҳари афғон мекунад?
Инак, соли нав дар паси дарвозаҳои зиндагии мост ва якмаром дар мекӯбад. Боз соле меояду соле меравад ва китоби зиндагии моро саҳифагардон мекунад. Соле, ки аллакай чоруқу мӯзаҳояшро дӯхта, азми рафтан дорад, дар ҳаёти аҳли ҳунар, дар рӯзгори ситораҳои санъати тоҷик аз худ чӣ ёдгории неке боқӣ гузошт ва дар соли нав чӣ нияту нақшаҳо доранд? Биёед, инро аз худи ҳунармандон бипурсем!
-Фарзонабону, тариқи телевизиони “Орзу”-и Афғонистон шумо ваъда додед, ки ҳатман соли 2019 ба Афғонистон сафари ҳунарӣ мекунед. Мабодо ягон марди афғон ошиқи зоратон гашта, пешниҳоди издивоҷ намояд, ишқашро мепазирад ё не?
-Мардҳои афғон нисбати занон, яъне ҳамсаронашон вафодоранд, вале хостгории афғонбачаро ман рад мекунам, чунки дили Фарзона аллакай банд аст.
-Тӯй мехӯрем гӯед? Домод кист?
-Номи домодро рӯзи тӯй мефаҳмед. Бигзор ин барои мухлисонам “сюрприз” шавад.
—Ба назар хеле лоғар менамоед, магар беморие азиятон медиҳад?
-На, сабаби харобиям модар буданам аст. Ду фарзандро бо хуни ҷигар ба воя расонидан заҳмату бедорхобиҳои зиёдеро талаб мекунад. Тифли ширхора дорам, боз сад ташвиши эҷодӣ, барои ҳамин сахт лоғар шудаам. (механдад).
—Мегӯянд, ки дуи ҳоҷӣ мустаҷоб мегардад. Шумо хонаи Худоро зиёрат карда омадед. Ба хонандагони “Оила” ва мухлисонатон як дуо намедиҳед?
—Ҳафтаномаи “Оила” боз ҳам машҳуртару маҳбубтар гардад. Кормандонаш бештар аз навгониҳои ҳаёти ситораҳо навишта, мухлисони моро хурсанд гардонанд. Дуо мекунам, ки мамлакатамон ҳамеша ободу зебо бимонад. Омин!
Суҳбаторо: Рустам Азимӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ