Мирзиёев: Оши палов миллат надорад

 Вақте ки  ин дархостро менавиштам, ҳеҷ гумон надоштам, ки он  мавриди таваҷҷуҳи мақомоти Ӯзбекистон қарор мегирад ва онҳо маро барои суҳбати рӯ ба рӯ дар арафаи Соли нав ба Тошканд даъват мекунанд. Ба воситаи VIBER, ки имрӯз дар Тоҷикистон хатари баста шудани он вуҷуд дорад, бо корманди масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҳамсоякишвар дар тамос шуда, аз онҳо мақсади ин даъватро пурсидам. Аз он тараф танҳо ҷавоби кӯтоҳе доданд:

-Бо шумо Шавкат Миромонович  суҳбат карданӣ…

Ҳарчанд ба гӯшу чашми худ бовар намекардам, бо вуҷуди ин ба тайёраи Душанбе- Тошканд  чипта фармуда, ба бинои Сафорати ин кишвар дар Душанбе  барои виза рафтам. Бовар кунед, вақте ки ба он ҷо расидам, худи ҷаноби сафир аллакай ба визаи ман имзо гузошта буд. Маълум буд, ки ӯ супориши махсус гирифтааст…

…Инак , ман дар рӯ ба рӯи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирамонович  Мирзиёев, дар қасри Кӯксарой қарор дорам. “Сарой” бо фарқ аз забони тоҷикӣ  маънои қаср ва ё кушкро дорад ва кук маънои сабз, яъне Қасри сабз.  Кӯксарой бо шаҳомати хосаи худ касро ба ҳайрат мегузошт, вале нисбати Қасри Миллат андаке пасттару  то андозае хурдтар менамуд. Дар даромадгоҳи Кӯксарой маро посбонон пешвоз гирифтанд ва рост ба дафтари Президент бурданд. Пас аз салому паём, ки бо риояи пурраи расму русуми шарқӣ сурат гирифт, Президент бо ишораи даст ба курсии заррин ишора намуд ва қабл аз он  ки саволи аввалинамро диҳам, гуфт:

-Метавонед ҳар саволеро, ки лозим донед, диҳед. Аммо хоҳиш менамоям, ки расмият камтар бошад. Ин суҳбати дӯстонаи солинавӣ  аст ва ман намояндаи “Тоҷикистон”-ро маҳз барои он даъват кардам, ки ҳафтаномаи  шумо танқид мекунаду танқидаш дӯстона аст. Ман танқиди дӯстонаро қабул дорам…

-Магар “Тоҷикистон”-ро дар Тошканд мехонанд?

-На танҳо мехонанд, балки баъзан аз он меранҷанд…

Рости гап, баъд аз ин суханон андаке тарсидам, ки мабодо маро барои ҷазо додан даъват накарда бошанд…

-Не, хавотир нашавед, моро як чиз мушавваш кард, ки шумо  ахиран як амали мо-дар ЮНЕСКО  ҳамчун матои миллии ӯзбекӣ ба қайд гирифтани  атласу адрасро танқид кардаед ва гуфтаед, ки ин моли тоҷикон аст…

Нафаси озод кашидам, зеро барои ин  навиштаҳо дар саҳифаи ҳафтанома асос доштам.

-Шавкат Мирамонович…

-Шавкат -ака гӯед ҳам мешавад…

-Узр, Шавкат -ака. Худатон медонед, ки атласу адрас дар Самарқанду  Бухоро ва Фарғонаю Марғелон роиҷ буд. Ин шаҳрҳо бошанд…

-Идома надиҳед ҳам мешавад. Вале, кӣ дасти шуморо баста буд,ки аз мо пештар онро чун моли худ ба ЮНЕСКО пешниҳод кунед? Магар аз он  ки  чавгонбозиатонро озариҳо моли худ карданд, сабақ нагирифтед?

-Успет накардем, Шавкат- ака, шумо бошед, пеш аз адрасу атлас оши паловро ҳамчун моли миллати худ сабти ном кардед. Охир, оши Панҷакенту Хуҷанд, Самарқанду Фарғона ва…

-Тошканд аз қадим маълуманд. Ман розӣ, ки  ин таом аз ҳар ду миллат аст. Аммо шумо деги оши моро,ки ба китоби Гиннес дохил шуд, дидед? Боз ҳам ин ҷо мо ягон гуноҳе надорем ва аз худатон дилмонда шавед…Ба андешаи ман, оши палов миллат надорад.  Беҳтараш  зудтар “қурутоб”-ро пешниҳод кунед, ки фарғонагиҳои мо ба ҳамон ҳам чашм ало карда истодаанд… Биёед, гилагузориро як тараф гузорему ба саволҳои аслӣ гузарем, ки аз афташ боз моро бо ягон ҷурми дигар айбдор карданӣ ҳастед…

-Майлаш, Шавкат- ака, вақте ки шуморо мардуми Ӯзбекистон нав ба маснади президентӣ интихоб намуданд, мардуми он тарафи сарҳад, яъне тоҷикистониён низ хурсанд шуданд, ки ӯзбекҳо интихоби дуруст карданд ва акнун  ҳаққи ҳамсоягӣ ба ҷо меояд, зеро хуни нофи волидони шумо дар Тоҷикистон рехтааст.То имрӯз барои ҳар ду миллат хизмати хуб кардед, вале…

-Ҳанӯз кам гуфтаниед? Дуруст мегӯед, вале  Маскав  мебахшед, Тошканд дар як рӯз сохта нашудааст …

-Аммо дар як рӯз вайрон шуда буд   ва  дар ободии дубораи он дӯстонатон ва қабл аз ҳама, ҳам дӯсту ҳам ҳамсояҳои наздикатон   саҳм доштанд…Чун сухан аз дӯстӣ рафт, бигӯед, ки барои дубора дар сатҳи олӣ қарор гирифтани дӯстии байни ба қавли Шароф Рашидов  “ду миллату як халқ” боз чӣ кор кардан мумкин аст?

-Ҳоло ҳамаи кор дар пеш аст. Бояд сарҳадотро боз карда,  себи хубонии Ғарму Панҷакентро  ба Бухорою Қаршӣ биёрем, бо гази худ чои  тоҷиконро ҷӯшонем… Барқи арзони тоҷикиро мисли пештара истифода барем… Аз ҳама муҳимаш, дар як фазои иқтисодӣ фаъолият намоем. Ҳоло, тавре ки ба ман гуфтанд, сементи Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон меравад. Мо бошем, онро аз хориҷи дур мехарем…

-Аллакай косаю табақу матоъ  ва мошинҳои истеҳсоли  кишвари шумо дар Корвону мошинбозори Душанбе фурӯхта мешаванд…

-Ин кам аст, аммо барои шахсан ман баъзе иқдомҳои Президенти шумо маъқул аст ва кӯшиш мекунам, ки аз он пайравӣ намоям…

-Масалан?

 –Масалан, танзими расму русум ва анъанаҳои миллӣ… Мо ҳам ба хулосае омадем, ки ҳамин маъракаҳои зиёдатӣ танҳо ба киссаи мардум зарар меоранду халос. Аз шумо ибрат гирифта,  ба танзими он сар кардем…

-Муваффақ бошед, акаи Президент… Аммо як чизро мехостам барои хонандагони “Тоҷикистон” аниқ  кунам. Ҳамин моҳ ба Президент шудани шумо як сол пур шуд. Медонем, ки дар ин давра нисбати прокурору милисаҳои ришвахӯру аз мансаб истифодабаранда ҷанги сахт эълон кардед ва гуфтед, ки аз собиқон имрӯз танҳо 30%  мондаанд. Аммо боз ҳам…

— Боз ҳам ин амал идома дорад мегӯед?   Коррупсияро “ етти бошли аждахо” мегӯянд, яъне сари аждаҳо ҳафто. Мо танҳо яктояшро кандем, тоқат кунед, натиҷаи инро баъди ягон сол мебинед…

-Шумо гуфтед, ки “аз барқи арзони Тоҷикистон” истифода хоҳед бурд. Аммо пештар…

-Боз ҳамон саволҳои куҳна. Пештар пеш буду ҳозир ҳозир. Шароит ҳам ҳозирбин аст мегӯянд ку… Имсол ҳамсояи гиромии мо чархаи аввали НБО-и “Роғун”-ро ба истифода доданист. Агар имкон пайдо шавад, дар кушодани он иштирок хоҳам кард. Дигар сари ин мавзӯъ савол надиҳед. Беҳтараш, биёед якҷоя оши палави тошкандӣ пазем, баъд мебинем,ки ин ош моли кист…

-Майлаш, лекин чаро тошкандӣ, чаро тоҷикӣ не?

-Ин ҷо як шарт, якҷоя  палов мепазем , бигзор дигарон гӯянд, ки ин  ош тоҷикӣ шуд  ё  ӯзбекӣ…

Бо супориши Шавкат ака зуд  ҳезуми арчаи хушк, зарчӯбаи Фарғона, зираи Ховалинг, зирки Искандаркӯл    ва думбаи гӯсфанди ҳисорию  биринҷи  марғелонӣ муҳайё гардид.  Баҳс сари он сурат гирифт,ки дар ош сабзии зардро истифода барем ё сурхро. Ин дам  сарошпази ошхонаи президентӣ Ботур- ако маслиҳат дод,ки ҳарду намуди сабзиро баробар истифода барем, маззаи ош  боз беҳтар мешавад. Дар рӯи ҳавлии Куксарой  ба зери оташдони дар як  лаҳза омодагардида баробар алав мондем. Бо маслиҳат зирбак пухтему бо  машварат намаку  зира андохтем. Вақте  ки оши палов  тайёр шуд, аллакай дар ду тарафи мизи дарози ба ин муносибат омодагардида ҳайати ҳакамони аз кормандони дастгоҳ  интихобшуда қошуқ дар даст интизори оши мо буданд ва дида мешуд,ки шиками баъзеҳо  аз бӯи хуши таъоми миллии мо пеш аз мӯҳлат  ба  “шашмақомсароӣ” оғоз кард. Баъди дам  партофтани кӯрпалав моро ошпазҳои президент  ба сари дастурхон даъват карданд ва худашон дасту по карда, идомаи фаъолиятро ба даст гирифтанд. Вақте  ки  оши “тошкандӣ”-ро дароварданд, ман  ҳамчун дӯстдори ин таом  зуд  ксерокопияи  “оши Панҷакент”-ро шинохтам, аммо  Шавкат -ако бо ҳаяҷон садо карданд:

-Бахудо, ки палави фарғонагӣ…  

 Ман сир бой надода,   қадаҳи дарозкардаи Президентро ба даст гирифтаму гуфтам:

-Соли наватон муборак,  ӯртоқ президент ва оши палави тоҷикии дар Тошканд пухташуда нӯши ҷонатон бод!

-Ба шумо ҳам ҳамчунин,бигзор дар соли нав ду миллати бузург доимо якҷоя ош пазанд, бинед, чӣ қадар бомазза… — чунин буд ҷавоби мусоҳиби ман, ки аз афташ аз хабарнигори  шумо дида, бештар  палави тоҷикиро  дӯст медошт…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *