Миллатгаро дар Думаи Давлатӣ, чаро Драпенко бо Манижа ҷанг эълон кард?
«Манижа на танҳо ба ман, балки ба ҳама касони дигар маъқул нест. Намедонам, ба кӣ ин қадар маъқул шудааст»
Вакили Думаи давлатӣ Елена Драпенко пешбарии сароянда Манижа Сангинро ба озмуни Eurovision танқид кард.Аз ҷумла, вакили парлумон талаб кард, ки ҳамаи рамзҳои давлатӣ аз ӯ гирифта шаванд, яъне баромад дар зери парчами Русияро манъ кунанд. «Чемпионҳои олимпии мо бидуни парчами Русия ҳунарнамоӣ мекунанд ва маълум нест, ки ин овозхонҳо зери кадом парчам ҳунарнамоӣ мекунанд», — гуфтааст Драпенко. Ба ақидаи ӯ, суруди «Зани рус»-и Манижа таассуроти дуруст ба бор наовард ва наметавонад ба ҳиссиёти шунавандагон таъсир расонад. «Манижа на танҳо ба ман, балки ба ҳама касони дигар маъқул нест. Намедонам, ба кӣ ин қадар маъқул шудааст», гуфт вакил дар мусоҳиба бо “Собеседник”. Вай ибрози андеша дорад, ки гурӯҳи Little Big бояд ба озмун фиристода мешуд. Ҳамзамон, Драпенко Евровиденияро озмуни комилан бадномшуда номидааст. «Ғолиб аслан касе нест, ки беҳтар суруд хонад. Рақобат сиёсӣ шудааст», — илова кардааст ин вакил. Қаблан Манижа дар посух ба интиқодҳо барои ширкат дар озмун «таҳқиқи» ҳаҷвомез нашр карда буд.Бисёриҳо андеша доранд, агар вакили Думаи Давлатӣ чунин фикр кунад ва тавони дидани намояндаи як миллати дигарро дар Русия надошта бошад, пас ақидаҳои фашистӣ лар сатҳи баланди ҳукумати Русия сироят кардааст
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ