Марзи давлатӣ ва рисолати миллӣ

Назар ва даъвати «шаҳрванди огоҳ» дар масъалаи баҳсҳои марзӣ бо Қирғизистон

Гиреҳи баҳси марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар куҷост? Даври нави музокирот чӣ тафовут дорад? Чаро натиҷаҳои музокирот махфӣ монданд? Лаҳзаи геополитикӣ ба нафъи кист? Оё Қирғизистон кишвари «таҳдид» аст? Рисолати ҷомеа дар баробари ин мавзӯъ чист? Чаро бояд аз ҳайати давлатӣ ҳимоят кард? Дурнамои масъала чӣ гуна аст? Чаро ба ин мавзӯъ рӯй овардам? Нигоҳ ва муроҷиати шаҳрвандии банда дар масъалаи марзҳо бо муруре ба ин пурсишҳои муҳим.

ЯК САҲИФА МУҚАДДИМА

Пас аз навори кӯтоҳи муроҷиати банда дар мавзӯи марзҳо аз 19.03.2021 ва вокунишҳои гуногун ба он, дӯстони зиёде хостанд, ки дар ин боб шарҳи муфассале гузорам, то манзара рӯшан бошад. Ин аст, ки рӯзи аввали Соли нави миллиро сарфи ин кардам, ки ин рисолати миллиро ба ҷой оварам ва шарҳи зерро нависам. Шарҳе муҳимтар аз асл.

1.Чун, он рӯз дар ноҳияи Шаҳритус маҳфили «ширу шакар» доштам ва 10 соат (!) дар рафтубаргашт будам, навор хастаю афсурда омад. Вале муҳим буд, ки дар ҳамон рӯзи ҷамъбасти музокирот назари худро баён кунам. Чаро? Шарҳ мешавад.

2.Комменту ишораҳо, ки «фалонӣ ба адабиёт гузашта буду боз дар мавзӯи сиёсӣ назар додааст», низ саҳеҳ нестанд, зеро банда гуфта будам, ки аз баҳсҳои сабуки сиёсӣ дар бо шахсу гурӯҳҳо дар фазои маҷозӣ дур меравам, зеро ҳамагон шоҳидем, ки дар он ҷойи баҳси солим, табодули андеша ва нақди дидгоҳҳоро хушунату таҳқири ҳамдигар гирифтааст. Ин аст, ки моҳҳои охир дар ҳеҷ баҳси сабуки маҷозӣ бо касе ё гурӯҳе нестам.Аммо, ҳамзамон шарҳ дода будам, ки аз илми сиёсатшиносӣ, таҳлили равандҳои милливу минтақавӣ ва ҳимояти манфиатҳои миллӣ берун намеравам, ки он ҳам ихтисос ва ҳам зиндагии ман аст. Ва мавзӯи марзи давлатӣ маҳз аз ҳамин масъалаҳои усулии фаротар аз баҳсҳои сиёсист.

3.Бинобар ин, аз нигоҳи банда, масъалаи марзи давлатӣ басе фаротар аз баҳсҳои сиёсиии воқеию маҷозии байнитоҷикӣ, басе муҳимтар аз ихтилофҳои ҷузъию куллии мавҷуда байни афрод ё доираҳои сиёсӣ мебошад. Он масъалаест, ки хурду калон, пиру ҷавон, сиёсию ғайрисиёсӣ, шоиру олим, мухолифу мувофиқ, дохилбудаву хориҷбуда, розию норозӣ, дӯстдори ҳукумату бадбини ҳукумат, ҳамагӣ фақат як мавқеъ дошта метавонанд: ҳимояи бе чуну чарои манфиати кишвар, мавқеи давлат ва марзи давлат! Агар мавқеи касе чунин нест, пас худи ӯ низ аз ин миллату аз ин давлат нест.

4.Сабаби чунин қатъият дар он аст, ки дар масъалаи марз сухан на танҳо дар бораи пораи замин, балки дар бораи як асли муқаддас, дар бораи номуси миллӣ, дар бораи рӯҳияи миллӣ ва манфиати миллӣ меравад. Бинобар ин, набояд изҳори назари як шарҳванд ва ё дар масъалаи марзӣ ба иттиҳоду рисолати миллӣ даъват кардани як «шоир» ҷойи тааҷҷуб дошта бошад. Балки маҳз хомӯшию тамошогарии ин ҳама олиму адибу сиёсатшинос дар чунин масъалаи муҳимму ҳассос бояд боиси тааҷҷуб бошад. Зеро он баҳси роҳбарони ду ҳайат ё баҳси марзу манфиати ду ҳукумат нест, балки баҳси муқаддасот ва манфиатҳои миллист. Яъне баҳсу масъулияти ҳамаи мо. Аммо афсус, ки гоҳо мо натиҷаи як бозии футболро бештар аз натиҷаи музокироти марзӣ интизорӣ мекашем. Камтари мо шабе бедор ё соате интизору беқарор истодаем, то аз натиҷаи музокироти марзӣ огоҳ шавем. Чуноне, ки то саҳар бедорем, то натиҷаи бозиеро бидонем. Ҳатто бозии дигарон бо дигаронро.

5.Аҳаммияти арзишию миллию сиёсии масъала чунин аст. Аз ин рӯ, мехоҳам чун масъулияти шаҳрвандӣ назари худро дар бораи вазъияти имрӯзаи масъалаи марзӣ бо Қирғизистони ҳамсоя ва рисолати ҷомеаи мо дар ин мавзӯъ ба таври дақиқтар баён кунам. Чун ҳоло дар ин самт масъулияти расмии соҳавӣ надорам, ин назари шахсии шаҳрвандӣ ва коршиносии банда аст, ки бояд маҳз чунин пазируфта шавад. Зеро ватандорӣ мансаб ва вазифа нест, балки тафаккур, мавқеъ ва рисолат аст. Онро метавон дар Дастгоҳи иҷроия, дар Маркази стратегӣ, дар Иттифоқи нависнадагон ё дар мактаби миёна низ ба ҷой овард… Дар бораи салоҳияти коршиносии муаллиф барои изҳори назар дар ин мавзӯи печида бояд гуфт, ки банда бино бар фаъолият дар бахши таҳлили сиёсати хориҷӣ беш аз бист сол ба ин масъала наздик будам ва аз ҷумла, ҳудуди 7 сол ҳамчун роҳбари раёсати таҳлили сиёсати хориҷӣ аз ин ҷараён огоҳии кофӣ доштам. Бо вуҷуди ин, даъвои коршиносии ин мавзӯъ надорам ва ин шарҳро метавон ҳамчун «назари шаҳрванди огоҳ» пазируфт.

ФАЗО ВА МОҲИЯТИ ДАВРИ НАВИ МУЗОКИРОТ

Барои ҳалли баҳси марзӣ намояндагони ду кишвар солҳо ва борҳо мулоқоту музокира кардаанд. Гоҳ муваффақу гоҳ ноком. Дар натиҷа то имрӯз беш аз 60% аз хатту баҳси марзӣ ҳалли худро ёфтааст, ки он низ комёбист. Дар арзёбии вазъият ва хусусияти даври нави музокироти марзии ду ҷониб таваҷҷуҳ ба чанд нуктаи зер муҳим аст:

1.Пас аз солҳо, ин бор ҷониби Қирғизистон дар ҳолати муттаҳида ва қобили гуфтугӯ ва тасмимгирӣ қарор дорад, ки ин омил барои идомаву комёбии музокирот бисёр муҳим аст. Яъне, ҳоло президент, парламент, ҳукумат, ниҳодҳои қудратӣ ва нерӯҳои муайянкунандаи сиёсии ин кишвар асосан дар як мавқеъ ва ҷиноҳ буда, дар муборизаи зиддиҳамдигарӣ қарор надоранд. Омиле, ки то имрӯз дар он ҷониб набудани он ба натиҷабахшии музокирот ё татбиқи натиҷаҳои он ҳамеша таъсири манфӣ дошт.

2.Дар шароити нави пас аз интихобот барои роҳбарияти нави кишвари ҳамсоя ҳалли муваффақонаи баҳси марзӣ яке аз ваъдаҳо ва авлавиятҳои ҷиддӣ буда, барои исботи тавоноии мудирият ва таъмини машрӯияти устувори онҳо низ бисёр муҳим аст. Ин аст, ки роҳбарияти ҳамсоя ин бор ҳам зарурат ва ҳам иродаи сиёсии бештар барои хатми баҳсҳо дорад.

3.Дар ин марҳила аз ҷониби ҳамсоя зимоми музокироти марзӣ дар ихтиёри касонест, ки худ дар минтақаҳои ҷанубии ин кишвар эҳтиром ва нуфӯзи ҷиддӣ доранд. Доираҳое, ки нодида гирифтани назари онҳо гоҳо боиси нокомии музокироти пешин мегашт. Ин ҳолат боис мешавад, ки акнун онҳо на танҳо манфиатҳои ин мардумро ифода кунанд, балки боварии онҳоро низ ҳамроҳ дошта, қарорҳои қабулшударо дар минтақаҳои марзӣ татбиқ карда тавонанд. Ин омил низ бисёр муҳим аст.

4.Дар ин давр ҳайати ҳар ду кишварро раисони кумитаҳои амнияти миллӣ роҳбарӣ мекунанд, ки ин ҳолат ҷанбаи таблиғотию ташрифотии масъаларо кам ва дар айни замон, ҷанбаи корию амалии онро ҷиддитар мекунад. Аз ин назар, аз сатҳи муовинони сарвазир ба сатҳи раисони кумитаҳои амният поин овардани роҳбарони ҳайатҳо дар асл пасттар кардани сатҳи музокирот нест, балки нишонаи ҷиддитар шудани муносибат бо масъала аст. Дар чунин маврид субъекти музокиракунанда ва татбиқкунанда дар як хатту як чорчӯб ҷамъ мешавад, ки аз назари амалӣ хеле муҳим аст. (Ахиран дар кишвари ҳамсоя низ ниҳоди марзбонӣ ба тобеияти кумитаи амнияти миллӣ дода шудааст.)

5.Аз назари шахсӣ низ роҳбарони ҳар ду ҳайат дорои салоҳияти хосса буда, ҳамчун шахсони ботаҷриба, ҷиддию усулманд, афроди бонуфӯзи ҷомеаи худ ва чеҳраҳои наздиктарин ба роҳбарони ду давлат шинохта мешаванд.Дар бораи мавқеи имрӯзаи роҳбари ҳайати Қирғизистон, раиси нави кумитаи амнияти он кишвар, бояд гуфт, ки дар ду вохӯрии ахири худ бо мардуми минтақаҳои марзӣ ӯ мавқеи ҷиддӣ ва мантиқӣ дошт. Аввалан, ӯ изҳор намуд, ки ин масъала фақат дар натиҷаи гузашти мутақобила ва мубодилаи минатқаҳо ҳал мегардад, яъне «чизе дода ва чизе гирифта мешавад». Сониян, ба саволи сокинон, ки «чаро маҳз заминҳои моро медиҳед?» посух дод, ки замини шумо нест, балки замини давлат аст ва дар ин бора давлат тасмим мегирад. Ва низ таъкид намуд, ки ин масъалаи мураккаб буда, мо онро бо заҳамти ҷиддӣ ва фақат бо роҳи дипломатӣ ҳал мекунем. Гарчӣ баъзе расонаҳо асосан бар сӯҳбатҳои баҳсноки пешинаи ӯ таъкид доранд, аммо пас аз нишастан дар мақоми калидии расмӣ номбурда аз мавқеи созанда ва масъулиятшиносонаи давлатӣ суҳбат мекунад. Ин омил низ ба нафъи ҳалли мавзӯъ аст. Дар бораи роҳбари ҳайати Тоҷикистон, раиси КДАМ ҶТ низ бо тамоми боварӣ метавон гуфт, ки ин шахсият низ ҳам аз назари зарфияти илмию назариявӣ, ҳам аз диди собиқаи сиёсию дипломатӣ, ҳам аз назари мавқеи арзишию давлатмадорӣ ва ҳам аз назари таҷрибаи касбии соҳавӣ салоҳияти комил дорад. (Ба хотири пеш наомадани шарҳу гумонҳои ҳамешагии қолабӣ, банда қасам мехӯрам, ки ҳатто бо вуҷуди дархостам дар солҳои пеш, бо ин шахсияти сиёсии кишвар ҳаргиз, ҳатто барои як дақиқа дидор ва сӯҳбат надоштаам. Аммо зарфияти бузурги илмию зеҳнӣ, сатҳу таҷрибаи бузурги касбӣ, хидмати сиёсию давлатӣ ва ҷойгоҳи эшон дар низоми сиёсии имрӯзи кишвар барои касе пӯшида нест.) Бинобар ин, ваколат ва боварие, ки Роҳбари давлат ба дӯши раиси ҳайати Тоҷикистон гузоштааст, ба маънои боварии давлат ва мардуми мост. Бинобар ин, мо бояд ҳамчун миллат, намояндаву фиристодаи шоистаи худро дар ин ҷабҳаи мураккабу пурмасъулият аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ намоем.

6.Дар бораи лаҳзаи ҷории геополитикӣ дар атрофи минтақа ва гуфтушунидҳои марзӣ, ки омили ниҳоят муҳим аст, бояд гуфт, ки бо фаъолшавии сиёсати нави Ӯзбекистон дар ду соли охир, худи минтақа дар марҳилаи эҳёи равандҳои ҳамгароӣ қарор дорад, ки ин раванду рӯҳия ҳалли ҳарчӣ зудтари чунин низоъҳоро тақозо мекунад. Эълони ахири президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки шояд дар се моҳи оянда ба баҳсҳои марзӣ бо Қирғизистон хотима гузошта шавад, на танҳо паёми сиёсӣ, балки хабарест, ки тағйири сифатии муносибати кишвраҳо ба ин масъаларо ифода мекунад. Шарҳи бештари он дуруст нест, то солимии раванд осеб набинад. Дар айни замон, дар мавриди фазои муносибати худи ду ҷониби баҳси марзии мо, бояд гуфт, ки мутаассифона, дар лаҳзаи феълӣ омили калони геополитикӣ пурра ба нафъи мо нест. Ҳолати дигаре, ки даркаш мумкин ва шарҳаш норавост. Дар як сухан, ин масъала на танҳо барои кишварҳои минтақа, балки барои дӯстиҳову шарикиҳои стратегии фароминтақавии онҳо низ имтиҳоне иҷиддӣ хоҳад буд.

7.Тавре рӯшан гашт, ин омилҳо то ин лаҳза натиҷаи худро додаанд ва даври навбатӣ, ки ду рӯз пештар анҷом ёфт, яке аз ҷиддитарин ва пурбортарин марҳилаҳои музокироти марзӣ будааст. Дар он мувофиқаҳои усулие ба даст омаданд, ки метавонанд дар ҳалли ин баҳс кушоиши ҷиддӣ оваранд. Онҳо чистанд ва чаро махфиянд, дар поён зикр хоҳад шуд. Тартиби кор ин аст, ки бахши ҳамоҳангшудаи масъалаҳо дар мулоқоти дар пеш будаи роҳбарони ду давлат мувофиқа ва дар ҳадди тавофуқкардаи ҷонибҳо расонаӣ мешаванд.

РИСОЛАТИ ҶОМЕА ДАР ЧИСТ?

1.Дар баробари баҳси сиёсию арзишӣ, масъалаи марз як мавзӯи тахассусӣ ва амниятиест, ки бояд миёни ҳайатҳои босалоҳият ва соҳибтахассус баҳсу музокира шавад. Ин баҳс ҳаргиз дар саҳифаи матбуот, шабакаҳои иҷтимоӣ ё фазои иттилоотӣ ҳал намешавад. Албатта, намояндагони ҷомеа низ метавонанд моҳият ва куллиёти масъаларо дастгирӣ ё бо он мухолифат намоянд, аммо онро маҳз ҳайатҳои босалоҳияти сиёсию касбию амниятӣ ҳаллу фасл мекунанд. Бинобар ин, баҳси матбуотии ҷузъиёти чунин масъалаҳо кори созанда нест. Талаби «шаффофият» ё «ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» низ дар ин маврид нишонаи дурии баъзе «коршиносон»-и муҳтарам аз раванд аст. Зеро тибқи аввалин протоколи дуҷониба дар ин масъала ва тибқи банди мушаххасе, ки дар протоколҳои ҷамъбастии ҳар давра ҷой дорад, музокироти марзӣ бояд хусусияти комилан пӯшида дошта бошанд ва ҳеҷ ҷониб бояд то расидан тавофуқи ниҳоӣ ва имзои созишномаи расмӣ ҷузъиёти онро ифшо накунад. Зеро ҳар маълумоти бемавқеъ ифшошуда метавонад маводи хубе барои фитнаҳои қувваҳои сеюм гардад ва ба солимии раванд халал расонад. Аз ин рӯ, аз ҷониби Тоҷикистон риоят шудани тавофуқ дар бораи махфияти ҷузъиёти музокира на ҷои маломат, балки нишони масъулият ва нуктаи мусбат аст. Коре, ки тибқи созишнома, ҳар ду ҷониб ба он ӯҳдадоранд.Албатта, зарурати таҳкими робитаи зиндаи аъзои ҳайати музокиракунанда бо мардуми оддии минатқаҳои баҳсӣ ва вусъати корҳои фаҳмондадеҳӣ дар маҳалҳо ҳамчунон эҳсос мешавад, ки умедворем роҳбарияти нави ҳайат, ки аз аҳаммияти ин кор огоҳанд, онро тақвият мебахшанд.

2.Дар чунин масъалаи усулӣ ва лаҳзаи ҳассос, рисолати асосии ҷомеаи мо, рисолати ҳамаи қишру гурӯҳу сатҳу самтҳои он ин аст, ки аз мавқеи давлат ва манфиатҳои миллӣ ҳимоят намояд. Ҳимояти ҳайати музокиракунандаи давлат низ ҷузъи ҳамин ҳимоят аст. Ин ҳайат аз ҷониби давлат таъйин шудааст ва ҳайати давлати мо, ҳайати ҳар яки мо ва ҳайати ҳамаи мост. Он ба пуштибонии ҷиддии сиёсӣ, иттилоотӣ, равонӣ ва ҷамъиятӣ ниёз дорад ва ҷомеаи огоҳ ва ватандор бояд онро таъмин кунад. Ин баҳси бебаҳс, хатти сурх, меъёри кӣ будани ҳар яки мост.

3.Яке аз муҳимтарин вазифаҳои ҳамаи мо дар ин раванд нигоҳ доштани фазои солими иттилоотӣ дар атрофи ин масъала аст. Зеро ҳама гуна таҳлилҳои ғайрикасбӣ ва ғайримасъулона ва ҳама гуна маводи таҳрикдиҳанда метавонад булури фазоро шиканад, истифодаи бад шавад, ба фитна табдил гардад. Аммо мутаассифона, имрӯзҳо ҳатто касоне, ки дар масъалаҳои сиёсию низоъшиносӣ, аз ҷумла дар равиши ҳалли масъалаҳои марзӣ ҳатто камтарин тахассус надоранд, бе ҳеҷ эҳсоси масъулият ҳамчун «коршинос» дар ин бора изҳори назар мекунанд. Ё дар ин боб барномаҳои эҳсосие пахш мекунанд, ки ба ҳалли масъала ҳаргиз мусоидат намекунад.Масалан, ба назари шахсии банда дар ҳамин шабу рӯз бознашр ва шарҳи эҳсосии як мусоҳибаи кӯҳнаи раиси ҳайати Қирғизистон дар расонаву сомонаи баъзе гурӯҳҳои точик, аз ҷумла дар «Паём», ба фазои созандаи муносибатҳо таъсири манфӣ гузошт. То ҷое, ки ин амал боиси ҳайрати ҷониби ҳамсоя гашт, ки чаро бо вуҷуди музокироти бисёр хуб, «тоҷикон» ин маводро дар чунин лаҳза ёфтаву нашр кардаанд ва ба ҷойи эътимод миёни ҷонибҳо ҳисси нобоварӣ мекоранд? Бале, дигарон ҳамаи моро маҳз ҳамчун «тоҷикон» мешиносанд ва гумон мекунанд, ки чунин зарба ба музокиротро маҳз «тоҷикон» задаанд… Чунин амалҳо бори дигар нишон медиҳанд, ки муаллифони чунин иқдомҳо қудрати ташхиси манфиатҳои миллиро надоранд. Аз ҷумла, ин расона ҳатто агар масъулияти иттилоотиашро ба ҷой оварданӣ шуда бошад, яқинан лаҳзаи сиёсӣ ва масъулияти миллияшро дуруст ташхис надодааст. Зеро як нерӯи сиёсӣ ё расонаи миллӣ худ дарк мекунад, ки дар чунин лаҳзаи ҳассос ва дар чунин масъалаи усулии фаросиёсӣ талоши беобурӯ кардани ҳайати ҳукумат, таҳқири пайвастаи роҳбари ҳайати Тоҷикистон ё тахриби чеҳраи ҳайати меҳмон ҳаргиз мавқеи шоистаи миллӣ нест. Хусусан, агар чунин иқдомҳо огоҳона анҷом шаванд, дар ин масъала он зарбаи мустақим ба манфиатҳои миллӣ аст, ки ҳеҷ каси мо, новобаста аз мавқеи сиёсии худ, чунин ҳуқуқ надорем. Дар ин масъала ҳар фард ва ҳар нерӯ аз кӣ будани худ имтиҳон месупорад.

4.Аз сӯи дигар, баҳси марзӣ фақат баҳси «ҳақиқати илмӣ» ё «адолати таърихӣ» низ нест. Яъне, ин баҳси илмию таърихию расонаӣ дар боби ҳақиқату адолат дар музокирот ҳамаи чиз нест. Он метавонад бахши асосии баҳс бошад, аммо ҳалли масъала на танҳо ба «ҳақиқат», балки ба «воқеият» низ вобаста аст. Таносуби ҷории сиёию низомӣ, иродаи сиёсӣ, фазои геополитикӣ, ҷобаҷоии феълии одамону зерсохторҳо, хиради миллӣ, малакаи дипломатӣ, сифатҳои шахсӣ… Инанд омилҳои дигари ҳалкунанда…(Албатта, таъриху санадҳо нишон медиҳанд, ки «ҳақиқат» дар ҷониби мост, аммо дар айни замон, «воқеият» ба нафъи мо нест. Воқеияти инкорнопазире, ки даҳсолаҳо пештар ва берун аз манфиату ихтиёри мо эҷод шудааст.) Бинобар ин, интизори барқарории «ҳақиқати илмӣ» ва «адолати таърихӣ» дар баҳси марзӣ як интизори хушбинона ва ғайривоқеӣ мебуд. Агар ин ҳақиқату адолат дар сиёсати амалӣ корсоз мебуд, мо ба ниме аз ин минтақа даъво ва ҳаққи ҳалол дорем. Нуктаи бе шарҳ. Таҷрибаи ҷаҳонӣ низ нишон медиҳад, ки дар масъалаи марзҳо пофишории бениҳоят рӯи ҳақиқати илмӣ ё адолати тарихӣ ва хусусан, шакли эҳсосию расонаию оммавии он созанда нест. Дар ин баҳс «адолат» дар натиҷаи набарди «ҳақиқат» ва «воқеият» шакл мегирад ва ҳеҷ ҳайат ва ҷонибе фаротар аз он рафта наметавонад.

5.Барои тасаввури ваҳдати мавқеи ҷомеа дар чунин масъалаҳои усулии миллӣ зикри ду мисол муносиб аст:Мисоли аввал: Ҳафтаи гузашта, вақте Раиси ҷумҳурии ИМА Ҷ.Байден Раиси ҷумҳурии Русия В.Путинро қотил хонд, шахсияту нерӯҳои сиёсии рус, мухолифу мувофиқ, дар кӯтоҳтарин муддат вокуниши миллӣ нишон доданд. Масалан, ҳанӯз чанд рӯз пеш раиси Ҳизби коммунистии Русия Г.Зюганов бо роҳбарияти кишвараш дар ихтилофи шадид буда, мардумро ба тазоҳуроти эътирозӣ дар рӯзи 23-юми феврал даъват мекард. Аммо баробари шунидани таҳқири Путин бо қотеъият изҳор дошт, ки таҳқири президенти Русия баробари таҳқири тамоми Русия аст ва мо дар ин масъала якдилона дар атрофи роҳбари давлат ҳастем! Роҳбарони ҳизбу ҳаракатҳои дигар, аз ҷумла В.Жириновский низ дар ин масъала ба таври сареҳ аз ҳайсияти президенти Россия ҳимоят карданд. Ин намунаи хуби камоли сиёсӣ, лидери сиёсӣ, ҳизби сиёсӣ, оппозитсияи хирадманди сиёсист.Мисоли дуввум: Чанд сол пештар мақомоти амрикоӣ аз писари шоҳи собиқи Эрон ва яке аз роҳбарони асосии мухолифини ҳукумати феълии Эрон дар хориҷа Муҳаммадризо Паҳлавӣ даъват намуданд, ки ҳамчун шахси бонуфӯз барои фазосозӣ ба нафъи лоиҳаи минтақавии бо сармоягузории ИМА аз тариқи Афғонистон ба Ҳинду Покистон интиқол додани гази Туркманистон (ТАПИ) дар маъракаи таблиғотӣ иштирок намояд. Ӯ ҷавоб дод, ки (тарҷумаи мазмунӣ) ин лоиҳа аз хоки Эрон намегузарад ва дар бозори энергетикӣ бар хилофи манфиатҳои Эрон аст ва банда ҳаргиз ба нафъи он таблиғот намекунам. Гуфтанд, ки Шумо роҳбари мухолифини Эрон ҳастед ва ин режим падари Шуморо сарнагун ва худии Шуморо овора кардааст. Чӣ гуна Шумо аз манфиатҳои Эрон дифоъ мекунед? Гуфт: Банда мухолифи ҳукумати феълии Эрон ҳастам, на мухолифи давлату манфиатҳои Эрон. Марзу бум ва манфиатҳои давлатии Эрон дар ҳар ҳолат барои ман муқаддасанд! Ин низ намунаи хуби камоли сиёсӣ ва мухолифини хирадманди сиёсист.Бинобар ин, шоиста мебуд агар ҳамаи нерӯҳои сиёсии тоҷик, новобаста аз мавқеи сиёсию иҷтимоию идеологии худ, дар чунин лаҳзаҳои муҳим ва дар чунин масъалаи усулӣ маҳз барои таҳкими мавқеи давлат ва муттаҳидии ҷомеа дар атрофи ин мавзӯи миллии фаросиёсию фароҷиноҳӣ саҳм мегузоштанд. Ҳамин тавр, масъалаи марзи давлатӣ масъалаи ҳамаи мо ва нуктаи пайванди ҳамаи мост, новобаста аз мавқеи сиёсии касе нисбат ба ҳукумат ва роҳбари ҳайати давлатӣ. Ва рисолати ҷомеаи мо, балки рисолати ҳар яки мо маҳз дар ҳамин ҳимояи устувори ин масъалаи миллист.

НИГОҲЕ БА ДУРНАМОИ МАСЪАЛА

Дар бораи дурнамои ҳалли масъалаи марзҳо бо Қирғизистони ҳамсоя таваҷҷуҳ ба нуктаҳои зерин муҳим мебошанд:

1.Ҳам аз назари таърихиву фарҳангӣ ва ҳам аз назари ҳуқуқию сиёсӣ Қирғизистон барои мо кишвари дӯсту бародар аст. Тоҷикистон низ барои ҳамсояи худ чунин аст. Солҳои тӯлоние, ки банда дар Дастгоҳи иҷроия ва Маркази стратегӣ ба ин масъалаҳо наздик будам, дақиқан ёд дорам, ки дар аксари масъалаҳои минтақавӣ маҳз Қирғизистон шарику ҳаммавқеи Тоҷикистон буд. Хусусан, дар масъалаҳои обию энергетикии минтақа, ки солҳои дароз муташанниҷ буданду мо эҳсоси шадиди танҳоӣ доштем, ин кишвар ҳамчун кишвари болооби минтақа ягона шарики воқеии мо буд.Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ кишварҳои ҳампаймон буда, на Консепсияи амнияти миллӣ ва на Консепсияи сиёсати хориҷии мо ҳаргиз ҳамдигарро ҳамчун «таҳдид» таъриф намекунанд. Дар масъалаҳои амниятӣ низ ду кишвар ҳампаймону ҳамманфиатанд, ки ин воқеият басе фаротар аз сиёсату дипломатия мебошад.Бинобар ин, бо сабаби ихтилофи марзии меросӣ ба роҳ мондани таблиғоти манфӣ ва таҳқиромез нисбат ба давлат ва миллати ҳамдигар, ки баъзе расонаҳои бемасъулияти дохиливу хориҷӣ анҷом медиҳанд, ҳаргиз ба нафъи мо нест. Ин ҷо модели идомаи низоъи сиёсӣ-низомӣ-таблиғотии Кашмир байни Ҳиндустону Покистон корсоз намебошад. Баръакси ин, бояд тамоми талош анҷом дода шавад, ки ин баҳс дар доираи дӯстиву некӯҳамсоягии ду кишвар ва дар заминаи таҷрибаву анъанаҳои бузурги ҳамзистии ду миллат ҳал гардад. Зеро мо на танҳо чунин зарфият дорем, балки дар ин минтақа амалан маҳкум ба ҳамзистӣ ҳастем. Ин мушкилаи муштараки ҳар ду давлат аст, ки бояд муштаракан ҳал кунанд. Зеро бо таблиғи нафрат аз як ихтилофи маҳдуди ба истилоҳи низоъшиносон латентиву локалӣ ба душмании ду давлат ва ду миллати ҳамҷавор табдил кардани ин низоъ бузургтарин зарба ба манфиатҳои ҳар ду давлат ва ҳар ду миллат хоҳад буд. Рисолати аҳли қаламу сухану таҳлил дар ин масъала аз рисолати аҳли сиёсат камтар нест.

2.Масъалаи марз байни ин ду ҳамсоя ҳалли низомӣ надорад. Пас, ташвиқи «бо зур гирифтани қитъае» ё «пирӯз шудан бар ҷонибе» дар ин шароит мавқеи масъулона набуда, танҳо боиси амиқтару бузургтар шудани низоъ мегардад, ки вусъати он метавонад муҳити ду кишварро тӯфонӣ кунад. Ҳатто аз назари сирфан низомӣ гирифтани он заминҳои баҳснок ва кашидани девори оҳанин кори ношуданӣ нест ва ҷониби мо барои он қудрати кофӣ низ дорад, аммо аз назари дурандешӣ ва некӯҳамсоягӣ дар чунин сурат ин буҳрон ба низоъи абадии байни ду давлат ва ду миллат табдил меёбад, ки ба нафъи ҳеҷ ҷониб нест. Сабаби асосии тааммулу худдориҳои сатҳи сиёсӣ низ маҳз дар ҳамин аст. Зеро, илова бар даъвоҳои сиёсию амниятӣ, дар ин минтақаҳои баҳснок аҳолии зинда зиндагӣ мекунанд ва талаботи ҷории онҳо ба обу барқу роҳу замину манзил боқӣ мемонад. Ва муҳимтар аз ин, дар дохили ду кишвар низ шумори бузурги намояндагони ҳар ду миллат сукунат доранд, ки ҳамзистии осоиштаи онҳо бояд халал наёбад ва ба масъалаи бузургтар табдил нашавад. Пас, дар ин масъала даъватҳои эҳсосӣ, хоса аз дур, роҳи ҳал нестанд, балки ақл, ирода, тадбир, дипломатия маҳз барои чунин ҳолатҳост, то номумкинро мумкин созад.

3.Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки чунин мушкилоти мураккаби таърихӣ ҳаргиз бо як ё ду нишаст ҳалли худро намеёбанд. Шояд нишастҳо, музокираҳо ва солҳо зарур оянд, ки ҳалли ниҳоӣ ба даст ояд. Бинобар ин, шитоб ё интизори ҳалли фаврии масъалаҳо низ хушбоварист. Гарчӣ ҳоло беш аз ҳар вақти дигар шароит барои кушоиши усуслӣ дар ин мавзӯъ муносибтар аст.

4.Албатта, баҳси методологии музокирот, яъне тавофуқ рӯи ҳуҷҷатҳои такягоҳ ҳанӯз бо мушкил рӯбарӯст. Зеро ҳанӯз ҳам ҷонибҳо ба ҳуҷҷатҳои мухталифи сатҳу давраҳои гуногун такя мекунанд, ки пофишорӣ бар он вазъиятро дар бумбаст нигоҳ медорад. Аммо, чун ҳоло иродаи сиёсии ҷонибҳо ба ҳалли мавзуъ аст, пешбинии таҷрибии банда ин аст, ки шояд «рӯёрӯии ҳуҷҷатҳо» ба тадриҷ ба дараҷаи дуввум рафта, ҷонибҳо ҳадди ақалл, ба ҳалли қитъа ба қитъа ва ё ба делимитатсияи муваққатии қитъаҳои алоҳидда мувофиқат намоянд. Ин низ кушоишест, ки ташаннуҷро коҳиш медиҳад. Чуноне, ки то имрӯз аз 970 км хатти сарҳадӣ беш аз 504 км он ҳалаи худро ёфтааст.Мушкилаи дигар ин аст, ки дар баҳси марзӣ сухан танҳо дар бораи тақсими физикии замин ва кашидани хатти марз дар ҷойи холӣ намеравад, ки он кори мушкиле нест. Балки дар ин раванд бояд масъалаҳои мураккабтарине чун тақсими маҷро ва сарчашмаҳои ташаккули об, хатҳои барқ, роҳҳо, нуктаҳои аҳолинишин, хонаву дороии мардум, заминҳои кишоварзӣ, чарогоҳҳо, нуктаҳои маишӣ, зерсохторҳо, коркарди механизмҳои кафолати дуҷонибаи риояту татбиқи натиҷаҳо ва ғ. дар муҳити зиндаи инсонӣ ва минтақаи сераҳолӣ ҳалли худро ёбанд. Ва низ бояд дар назар дошт, ки бар хилофи инъикоси якҷонибаи расонаҳо, масъалаи марзии ду кишвар имрӯз фақат баҳси Исфараву Ворух нест, балки дар минтақаҳои Овчӣ Қалъача ва Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ баҳсҳои ҳаҷман хеле калонтаре ҷой доранд. Табиист, ки расидан ба чунин ҳалли фарогиру комплексӣ коре ниҳоят мураккаб буда, ба иродаву заҳмату замони зиёде ниёз дорад. 5.Бинобар ин, дар чунин марҳила ва дар чунин раванд хеле муҳим аст, ки рӯҳияи созандаи музокирот, ҳамкории шариконаи ҳар ду давлат, дӯстии ду миллати ҳамҷавор, амнияти минтақаҳои баҳсноки наздисарҳадӣ ва муоширату ҳамзистии неки инсонҳо нигоҳ дошта шавад. Ин муҳимтарин омилест, ки муҳити гуфтугӯи созанда ва идомаи ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли масъаларо имконпазир менамояд. Қадам ба қадам, дар доираи манфиатҳои миллӣ. Ва бисёр муҳим аст, ки ҷомеаи мо низ дар ин масъала рисолати миллии худро фаромӯш насозад. Ин аст дидгоҳ ва даъвати шаҳрвандии банда дар мавзӯи имрӯзу фардои масъалаҳои марзӣ миёни ду кишвари ҳамсояи Тоҷикистон ва Қирғизистон.

Абдуллоҳи Раҳнамо, сиёсатшинос

Мавод аз саҳифаи Фейсбук

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *