Фавқулпайдо Эмомҳусайни 7-сола довталаби рекордҳои Гиннес

Номи варзишгари ҳафтсола Эмомҳусайн Умаров аз деҳаи Болошаҳри Ҷамоати деҳоти «Гулистон»-и ноҳияи Рӯдакӣ моҳе мешавад, ки расонаӣ ва вирди забонҳо гардидааст. Ин хонандаи синфи якуми муассисаи миёнаи таҳсилоти умумии № 166-и ноҳияи мазкур, тавре аз волидонаш иттилоъ гирифтем, аз сесолагӣ ба намуди варзиши ҷуссабардорӣ  (отжимание) шуғл пайдо намуда, ҳамон вақт хонагиҳошонро ба шигифт оварда буд. «Писарамон Эмомҳусайн аллакай дар панҷсолагиаш ҷуссаи худро дар такя бо дастону пойҳо 1000 маротиба мебардошт, -мегӯянд волидони ин писараки ҳориқулзуҳур (фавқулпайдо). – Чун дидем, ки рӯз то рӯз маротибҳои бештар ҷуссабардорӣ мекунаду шавқу завқи зиёд ва идроки хеле мустаҳками машқу тамрин дорад, дар хона барояш шароити мусоид фароҳам овардем. Ӯ ҳар рӯз монда нашуда, тамрин менамуд, ки дар ҳисоби шумораи ҷуссабардориаш сару калобаамонро гум мекардем».

Имрӯз, баъди чор соли заҳмату талошҳои пайдарҳам волидону наздиконашон бовар доранд, ки Эмомҳусайн қудрати 11 000 маротиба ҷуссабардорӣ карданро дорад! Ин бачаяк мехоҳад рекорди  ҷопониеро,  ки 37 сол қабл аз ин   бо 10 507 ҷуссабардорӣ шомили китоби рекордҳои Гиннес гардидааст, бизанад ва шаъну шарафи варзишии Тоҷикистон соҳибистиқлолро афзун карда, Парчами миллиамонро баландтар ҷилвагар бисозад. Падари ин варзишгари ғайриодӣ Раҷабалӣ Умаров дилпур аст, ки фарзандаш аз уҳдаи ин рӯйдоди беназир бо сарбаландӣ мебарояд. Онҳо се-чор соли охир ҳам бо гуфтору ҳам бо рафтор ин мақсади наҷиби ватандӯстонаро ба таваҷҷуҳи масъулини варзиш расонданӣ мешуданд. Билохир рӯзи панҷшанбеи 7-уми декабри соли равон мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар Қасри фарҳанги  ба номи Кароматулло Қурбонови ноҳия чорабинии бошукӯҳи варзишӣ –фарҳангиро бахшида ба дастоварди боварнакардании ин тоҷикписар таҳти унвони « Эмомҳусайн Умаров довталаб ба рекордҳои Гиннес»-ро баргузор намуд. Толори пур аз ҷавонон, роҳбарони  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, инчунин варзишгарону рӯзноманигорон шоҳиди ҷуссабардориҳои Эмомҳусайн шуда, ба маҳорати варзишӣ ва идроки қавии ӯ офарин хонданд ва кафкӯбиҳо карданд. Эмомҳусайн дар зарфи 27 дақиқаю 23 сония, бидуни ягон мушкилию душворӣ, бемалол, аз рӯйи қоидаҳои намуди мазкур  1000 маротиба ҷуссабардорӣ нишон дод. Ҳозирин дар ҳисоби ҷуссабардориҳояш хаста шуданду ӯ не. Ҳатто рангу рӯяш тағйир наёфт. Табибон набзу фишори хунашро муоина карда, ягон дигаргунӣ дар набзу вазнинӣ дар нафасгириаш ошкор  накарданд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи  Рӯдакӣ ва кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи мазкур Эмомҳусайн Умаровро ба диплому мукофотҳои арзишманд қадрдонӣ карданд,. Инчунин ба гурӯҳи хонандагону донишҷӯёни беҳтарин стипендияҳои Президентӣ ва стипендияи  раиси ноҳия бо гувоҳномаҳо ва варзишгарони муваффақ бо  ифтихорномаю мукофотпулиҳо ботантана супурда шуд.

P.S. Варзиши «отжимание» маҳсули варзишгарони Аврупо буда, аслан аз он паҳлавонон барои обутоби бадан ва бахусус мушакҳои дасту по ва миён истифода мебаранд. Имрӯзҳо варзишгарони касбию ҳаваскор бештар дар фитнес-клубҳо  ва ҳангоми машқу тамринхо аз он истифода мекунанд. Маҳз Эмомҳусайни хурдсол ҳамаро водор кардааст, ки ба ин варзиш таваҷҷуҳ намоянд. Вақте ки рӯзноманигорони телевизон ва радиои «Озодӣ» дар бораи ҳунари воло ва ҳайратангези ин писарак навиштанд, дар тарҷумаи истилоҳи «отжимание» душворӣ кашида, аз ноилоҷӣ онро «болофишорӣ» гуфтанд, ки комилан нодуруст аст. Ин ҷо мафҳумеро пайдо ё эҷод кардан лозим аст, ки дарҳол маънои кадом намуди варзиш будани «отжимание»-ро дода тавонад. Мо чанд нафар ҳамкасбон дар ин боб баҳс намуда, охир ба қароре омадем, ки онро «ҷуссабардорӣ» бигӯем, ки нисбат  ба «болофишорӣ» маънояшро ифода мекунад. Ё шояд ҳамкасбону мутахассисони варзиш аз ин беҳтарашро пешниҳод бикунанд? Дар кишвари мо то кунун ягон хел мусобиқаи ҷуссабардорӣ (чи расмӣ ё ғайрирасмӣ ва ҳатто мактабию  мааллӣ ) баргузор нашудааст. Аз ин рӯ, Эмомҳусайн Умаровро метавон бешакку шубҳа асосгузори  ҷуссабардории Тоҷикистон ва чемпиону рекордгузори нахустини он ном бурд.

Эмоми НАЗАРИЁН

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *