Таксисаворӣ ҳаётамро сӯхт

Салом хонандагони азиз! Лола ном дорам. Ҷавонзани 32-сола ҳастам ва имрӯз дар дуроҳаи қисмат зору ҳайрон мондаам. Мехоҳам дарди диламро ба шумо гуфта, маслиҳататонро пурсон шавам.

Волидонам маро ба ҷавоне ба шавҳар доданд, ки дар умрам ягон бор надида будам ва дар борааш чизе намедонистам. Аз рӯзи аввали зиндагӣ ситораҳои ману шавҳарам бо ҳамдигар мувофиқ наафтид, аниқтараш ман ба ӯ писанд наомадам. Шавҳарам духтари дигареро дӯст медоштааст, вале падару модараш арӯси таги чашм кардаи ӯро маъқул накардаанд. Шавҳарам ошкоро мегуфт, ки туро модарам хуш кард, вале дили ман то ҳол ба ҳамон дӯстдоштаи худам кашол аст ва ба ғайр аз ӯ дигар ягон касро дӯст дошта наметавонам. Шунидани чунин суханони талх аз забони шавҳар бароям бисёр дарднок буд, вале сари кафида зери тоқӣ гӯён, сир бой намедодам. Ҳамин тавр мо 15 сол бе ишқу муҳаббат сар ба як болин ниҳода, соҳиби ду гулписар гаштем. Шавҳарам дар ягон ҷо кор намекард, кораш танҳо ҷӯрабозию кӯчагардӣ буду халос. Ягон бор намепурсид, ки бачаҳояш чӣ мехӯранду чӣ мепӯшанд. Аробаи зиндагиро ба танҳоӣ мекашидам. Аввалҳо бо дӯзандагӣ як луқма нон ёфта мехӯрам, баъдтар  падарам ҳоли зори маро дида, бароям як мағоза харида дод, то ризқу рӯзиамро ёфта хӯрам. Аз шаҳр бор оварда дар мағоза бо нархи қиматтар мефурӯхтам. Дар бадали чанд сол аз ҳисоби даромади мағоза хонаи се ҳуҷрагӣ харида, аз иҷоранишинӣ халос шудам. Рӯзе шавҳарам ба мағоза омада гуфт, ки ба ӯ пули калон лозим шудааст. Мақсадашро пурсидам. Гуфт, ки ба Германия меравад ва ваъда дод, ки агар кораш дар он ҷо барор гирад, баъдтар ману бачаҳоямро низ бо худ мебарад.

Розӣ шуда ба дасташ  4000 доллар додаму моҳи апрели соли 2016 шавҳарам ба Олмон парвоз кард. Як моҳи аввал тез-тез телефон карда аҳволамонро мепурсид, баъд бе ному нишон шуд. Аз чанд ёру ҷӯрааш пурсидам, гуфтанд, ки сиҳату саломат кор карда гаштааст. Хотирҷамъ шуда корамро давом додам. Моҳи январи соли равон барои харидани бор ба шаҳри Душанбе равон шудам. Соати сеи баъди нисфирӯзӣ буд ва ягон нақлиёти мусофиркаш ба назар намерасид. Ҳайрон шудам, ки ба хона баргардам ё интизор шавам. Ҳамин вақт як мошини тамғаи «Опел-Астра” дар наздам қарор гирифт ва ронанда дарро кушода пурсид, ки ба куҷо равонаам. Гуфтам, ки бояд ба шаҳр равам. Ронанда, ки ҷавони ришдоре буд: “мо ҳам ба Душанбе рафта истодаем, шинед, шуморо то ҷойи даркориатон мебарам” гӯён, маро мурооти нишастан кард. Дар мошин боз як ҷавони ришдор ва духтараки зебое нишаста буданд ва зоҳиран одамони дуруст менамуданд, аз ҳамин хотир бе ягон гумони бад нишастам. Азбаски сахт монда шуда будам, дар роҳ хобам бурдааст. Як вақт бедор шуда дидам, ки духтар ба курсии пеши ронанда гузаштаасту дар бари ман ҳамон ҷавони ришдор нишастааст. Чашм кушодани маро дида ҷавон ба хушгӯи даромад ва ба ман наздик шудан гирифт. Худамро дур кашида гуфтам: “Эй бача, аз Худо шарм намедорӣ, охир ман зани шавҳардор ҳастам. Оилаю фарзанд дорам…” Ҷавон дандонҳои тиллояшро нишон дода писханд зад: “Хайр чӣ, ту ба ман маъқул шудӣ куклача, як кайф кунем, дунё ба охир намерасад…”

Фарёд задам, ки мошинро нигоҳ доред, мефароям, вале ба доду фиғони ман аҳамият надода, ронанда мошинро ба самти дигар ронд.

Ҳамин тавр он ду ҷавони худобехабар моро ба як биёбони бекас бурда, ба номуси ҳардуямон зӯран таҷовуз намуданд ва дар як дашти бепаҳно партофта рафтанд. Духтараки ҳамроҳам, ки духтари хона будааст, барои номуси барбодрафтааш зор-зор гиря мекард. Ҳоли ман аз ӯ беҳтар набуд, аммо илоҷе карда худро ба даст гирифтам ва аз дасти он духтарак гирифта ба ҷустуҷӯйи роҳи калон баромадам. Қариб як соат роҳ паймуда, ниҳоят роҳи ба самти пойтахт мерафтагиро ёфтем ва ба як маршрутка  нишаста ба шаҳр омадем.  Духтаракро ба хонаи холааш бурда воқеаро нақл кардам ва рақами мошинро дода гуфтам, ки агар хоҳед аз рӯйи он ду номард ба милитсия аризаи шикоятӣ нависед, албатта онҳоро ёфта ҷазо медиҳанд ва шаб ҳамон ҷо монда, саҳар ба хона баргаштам. Дастам дигар ба ягон кор пеш намерафт, чунки он ҳодисаи нангин маро руҳан сахт шикаст дода буд.

Қариб се моҳ ба худ омада натавонистам, на ба кор мерафтам, на ба худам аҳамият медодам ва ба фарзандонам. Ҳолати маро дида падару модарам ба ташвиш афтиданд, ки мабодо девона нашуда бошам. Пайвандонам ҳарчанд сабаби аз зиндагӣ дилсард шуданамро мепурсиданд, ба лаб муҳри хомӯшӣ зада, дар ҷавоб чизе намегуфтам, вале дарун ба дарун аз нангу номус мисли ҳезуми тар месӯхтам…

Хулласи калом, баъди чор моҳ андаке ба худ омада, дубора дари мағозаро боз намудам ва аз паси савдою зиндагиам шудам, зеро кӯдаконам ба ғайр аз ман дигар муттако ва парасторе надоштанд.

Хонандагони азиз, шояд ман ин сири нангинро бо худам ба гӯр мебурдам, аммо пайдо шудани шавҳари ду сол боз гумномам маро дар ҳолати ногувор мондааст. Падари фарзандонам ҳар рӯз занг зада мегӯяд, ки дар Олмон кори хуб ёфтам, бачаҳоро гирифта биё, дар ҳамин ҷо зиндагӣ мекунем. Ҳайрон мондаам, ки ба ӯ чӣ ҷавоб диҳам. Наравам, шояд шавҳарам талоқамро диҳад, агар равам, баъди он ҳодисаи нангин бо кадом рӯй ман бо ӯ сар ба як болин мегузорам?

Илтимос, маслиҳатҳои худро аз мани дар чорсӯйи зиндагӣ дармонда дареғ надоред!

Бо эҳтиром: Лола, аз шаҳри Кӯлоб.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

5 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *