Фаврӣ: Холмурод Шарифов даргузашт

Субҳи имрӯз арбоби давлативу сиёсӣ Холмурод Шарифов дар сини 91 солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора пайвандони марҳум хабар доданд.

Холмурод Шарифов яке аз чеҳраҳои шинохтаи фарҳангу адаби кишвар буда, солҳо дар вазифаи раиси шаҳри Панҷакент, Ёвон вазири фарҳанг ва раиси кумитаи табъу нашри кишвар фаъолият кардааст.

Таъсис ёфтани нашриёти «Адиб» ва Театри ҷавонони ба номи М. Воҳидов ба замони роҳбарии ӯ рост меояд. Ӯ ҳамчунин, яке аз адибони хушсалиқа буда, китобҳои зиёди бадеиву публитсистӣ ба табъ расонидааст. Марҳум номзади илмҳои фалсафа низ буд.

Ҷанозаи Холмурод Шарифов пагоҳ (рӯзи чоршанбе 27 декабр соати 12 дар масҷиди назди хонааш дар маҳаллаи Каленин) баргузор мешавад.

Аҳли қалами ҳафтаномаи «Тоҷикистон» аз марги Холмурод Шарифов андӯҳгин буда, ба пайвандони марҳум сабри ҷамл мехоҳанд. Дар ин нишонӣ мусоҳибаи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» бо Хулмурод Шарифов замима мешавад.     

Аз омӯзгорӣ то ҳамнишинӣ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *