Дузанаро ду бари рӯяш сиёҳ

 Имрӯз миёни дуроҳаи зиндагӣ зору ҳайрон монда, чӣ кор карданамро намедонам, аз ҳамин хотир ба умед ба ту нома навишта истодаам, ки шояд хонандагони сершуморат роҳи дурустро ба ман нишон медиҳанд.

Ман як ҷавонзани 23- солаи аз зиндагӣ наосудаам. Волидонам маро дар синни 19-солагӣ ба шавҳар доданд, аммо бахт ба рӯям нахандид. Ҳамагӣ се моҳ пас шавҳарамро суд карданд. Бо ягон гуноҳи сабук ба паси панҷара менишаст, шояд интизораш мешудам, вале шавҳари бе нангу бе номуси ман бачабозӣ карда, сари ин ҷинояти нангин ба даст афтид ва ба муҳлати тӯлонӣ ҳабс шуд. Умрамро барои ин марди шайтонсират барҳадар гузаронидан нахоста, ба хонаи падару модарам баргаштам. Аз шавҳарам ҷудо шудани маро шунида чандин мардони занмурда талабгорам гаштанд, вале дилам, ки аз ҷинси мард монда буд, хостгории ҳеҷ кадомашонро қабул накардам. Ҳамин тавр аз байн қариб ду сол гузашт ва тақдир маро бо марди дигаре рӯ ба рӯ кард, ки аз ҳамсараш расман ҷудо шуда буд. Ин мард бо ваъдаҳои осмонӣ маро аз нав ба зиндагӣ дилгарм намуд ва бо ризояти падару модаронамон мо риштаи тақдирамонро бо ҳамдигар пайвастем. Гумон доштам, ки ин дафъа хушбахт мешавам, зеро шавҳарам мисли ман дар зиндагӣ аллакай як маротиба шикаст хӯрда, азоби хонавайрониро медонист. Умедвор будам, ки ин марди заҳри талхи ҷудоиро чашида ба қадри зани меҳрубону хонаву дари обод мерасад, аммо хаёлам хом баромад. Ҳаққу ҳамсояҳо ва  хешу табори шавҳарам маро таъриф мекарданд, вале чаққонию тозакорӣ ва меҳрубонию ҳурмату эҳтироми ман дар чашми хушдоману хоҳаршӯйҳоям наметофт. Онҳо бо ҳар роҳ кӯшиш мекарданд, ки маро паст зада, дар чашми шавҳарам сиёҳ кунанд. Намедонам ҳамин бадгӯиҳои модару апаҳояш сабаб шуданд ё шавҳарам аз аввал ба ман чандон дил надоштааст, ки боз бо зани якумаш рафтуомадро сар кард ва дере нагузашта зану кӯдакашро гирифта ба Русия рафт. Чанд маротиба ба шавҳарам занг зада гуфтам, ки дилат ба зани худат, ки буд, барои чӣ маро бо фанду фиреб ба домат андохта ба никоҳи худ даровардӣ, охир аз чунин шавҳардорӣ бе шавҳар будан беҳтар аст. Дар ҷавоб мегӯяд, ки ман туро барои падару модарам гирифтам, то ки таги пойи онҳоро рӯфтаю хӯрокашонро пухта, хизмати пиру кампирро карда гардӣ.  Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, модараш ба ман рӯйи хуш намедиҳад ва ба тамоми кору борам эрод гирифта, як бурда нони мехӯрдаамро дар танам заҳр мекунад. Ману шавҳарам ЗАГС дорем, аммо зани ҷодугараш сари ин бачаро аз нав тоб дода, ӯро чунон ба худаш гарм кардааст, ки вақтҳои охир ошкоро “баромада рав, ман зану кӯдакамро ба хона меорам” мегӯяд. Сарҳисоби зиндагиамро гум карда, чӣ кор карданамро намедонам. Баромада равам, мардум маро гунаҳкор карда мегӯянд, ки агар хуб мебуд, магар аз ду шавҳар мебаромад, наравам, дар ин хона саг қадр дораду ман не.

Хонандагони азиз, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

З, хонандаи “Оила”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *