Фавти шаш нафар дар ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот

Давоми нуҳ моҳи соли равон дар вилояти Хатлон 11 ҳолати ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот рух додааст, ки дар натиҷа ҳашт нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Мутаассифона, дар ҳодисаҳои нохуш шаш нафари дигар фавтидаанд.

Ҳамза Бобозода, сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки “дар натиҷаи хулосаи кормандони хадамоти мо 132 ҳазору 500 сомонӣ ҷуброни яквақта ва кумакпулӣ ба сокинони зарардида расонида шуд”.

Ӯ мегӯяд, ҳодисаҳои нохуше, ки боиси марги сокинон гардидаанд, асосан дар ноҳияҳои Данғара, Муъминобод, Фархор ва Ҷайҳун мебошанд.

Ҳамчунин, нафароне, ки ҳангоми кор зарар дидаанд, аз ҷониби корфармо бо кумакпулии яквақтаи молӣ таъмин шудаанд.

«Мутахассисони Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон пайваста корҳои оммафаҳмониро миёни корфармоён пеш бурда, кормандону мутахассисонро низ ба риояи талаботҳои бехатарӣ ҳангоми кор даъват мекунанд. Вале, мутаассифона, ҳанӯз фавти сокинон ҳангоми фаъолият дар ҷамъияти корхонаҳои гуногун сабт мешавад»,- афзуд ҳамсуҳбатамон.

Машраб АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *