Расул Боқиев зодрӯз дорад. Паҳлавони тоҷик 40-сола шуд

Паҳлавони машҳури тоҷик Расул Боқиев имрӯз ба синни 40-солагӣ расид.

Мувофиқи маълумоти “Википедия”, Боқиев Расул Худойназарович 29-уми сентябри соли 1982 дар шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст. Нозукиҳои гӯштии миллӣ ва ҷудоро аз падараш — Мураббии хидматнишондодаи варзиши ҶШС Тоҷикистон Боқиев Худойназар омӯхтааст. Дорандаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва Русия буда, айни ҳол дар Русия зиндагӣ дорад.

Ӯ Чемпиони чандинкаратаи Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо ва самбо, қураш ва «куштигирӣ», ширкатдори чемпионатҳои Осиё, ҷаҳон ва бозиҳои олимпӣ аст. Соли 2003 дар Бозиҳои панҷуми Осиёи Марказӣ (шаҳри Душанбе) дар бахши гӯштини ҷудо соҳиби ҷойи дуввум ва дар гӯштини миллии қураш сазовори ҷойи аввал ва медали тило гашт. Соли 2005 дар Чемпионати Осиё (шаҳри Тошканд) дар бахши гӯштини ҷудо соҳиби медали биринҷӣ ва дар гӯштини миллии қураш чемпиони ҷаҳон шуд. Худи ҳамин сол дар мусобиқаи байналмилалии Федератсияи Русия (шаҳри Йошкар-Ола) ғолиб омада, медали тилоро гирифт. Соли 2006 дар мусобиқаи Ҷоми ифтихории ҷаҳон (шаҳри Гамбурги Олмон) сазовори ҷойи дуюм ва медали нуқра, дар мусобиқаҳои байналмилалии Итолиё (Рум) ва Қазоқистон (шаҳри Алмаато) соҳиби ҷойи якум ва медали тило гардид. Дар Бозиҳои Осиё (2006, давлати Қатар) дар бахши гӯштини ҷудо медали биринҷӣ ва дар Чемпионати Осиё (2007, Кувайт) медали нуқраро соҳиб шуд. Соли 2007 дар мусобиқаҳои Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия (шаҳри Рио-де-Жанейро) сазовори ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гашта, барои иштирок дар Бозиҳои олимпии Пекин роҳхат гирифт. Соли 2008 дар Бозиҳои ХХIX олимпии Пекин (Чин) дар бахши гӯштини ҷуду соҳиби ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардид.

Чемпиони Федератсияи Русия оид ба гӯштини ҷудо (2009, шаҳри Налчик), ғолиби Ҷоми ҷаҳон дар давлати Тунис (2010), шаҳри Қоҳираи Миср (2010) ва шаҳри Бухарести Ҷумҳурии Руминия (2011), ширкатдори Бозиҳои олимпӣ дар шаҳри Лондон (2012) аст.

Бо ордени «Шараф» дараҷаи 1 сарфароз гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *