Фавти Шириншоҳ Шоҳтемур охирин фарзанди Қаҳрамони Тоҷикистон

Барои мардуми тоҷик талафоти ҷуброннопазир аст, ки Шириншо Шотемури хурдӣ вафот кард, марде, ки барои Тоҷикистон нишони падари қаҳрамонаш ва дар Русия чароғи илми тиб буд. Ӯ тамоми умр посбони саломатии мардум, духтури чирадаст ва устоди забардасте буд. 

Дар натиҷаи бемории вазнини  тӯлонӣ 3 июн, дар синни 88 солагӣ, фарзанди Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншо Шоҳтемур, Шириншо Шириншоевич Шотемур, рентгенолог, номзади илмҳои тиббӣ, дотсент, духтури маъруф, муаллим, инсони соҳибдил ва дарёдил фавтид.  Ӯ зиёда аз ним аср дар Бемористони ба номи Боткини шаҳри Маскав фаъолият намуда, соҳои зиёд мудири шӯъбаи ташхиси нурӣ ва томография буд. Доктор Шотемур яке аз аввалинҳо шуда, дар Иттиҳоди Шӯравӣ томографияи компютериро аз худ намуд. Маҳз дар асоси китоби ӯ рентгенелогҳои кишвар технология навро омухтанд. Аксари онҳо барҳақ ӯро устоди худ медонанд. Барои ҳамаи мо, онҳое, ки доктор Шотемурро аз наздик мешинохтанд, марги ӯ талафоти бузург аст.

Ман ҳамдардии худро ба ҳамсари ӯ Людмила Гиргоревна, ба писараш Шириншо ва ҳамсари ӯ Бунафша, ки солҳои охир ҳамроҳ бо хоҳаронаш Шириншо Шириншоевичро нигоҳубин мекарданду бо ҳузури худ зиндагии ӯро зебо месохтанд, мерасонам. Ҳамчунин,  ба додарзодаи ӯ Андрей, ки ба наздикӣ падари худ Рустам Шотемурро ба хок супорид, ғамшарикам.

Шириншо Шириншоевич  3 сентябри соли  1932, дар посёлкаи назди Маскав Лопасн (ҳоло Чехов) дар оилаи  интернатсионалии Шотемур, арбоби бузурги ҳизбӣ ва давлатии РСС Тоҷикистон, раиси  Кумитаи Марказии Иҷроия (ЦИК) ва яке поягузорони ҷумҳурии шӯравии Тоҷикистон  таваллуд ёфтааст.

Модараш Киселёва Александра, шарқшинос, зодаи Лопасн буд. Ӯ дар манзили модракалони худ Евдокия Василевна, деҳқонзани босаводу меҳрубон, ки таҷрибаи зиёди зиндагии вазнин дошт ва муносибаташ бо домодаш Шириншо Шотемур хеле хуб буд, ба дунё омадааст.   Вақте, ки наберааш ба дунё омад, модаркалон ба домодаш гуфт, ки барои азхуд намудани номи ӯ хеле заҳат кашида буд ва шояд барои аз бар намудани номи тоҷикии наберааш ҳам вақти зиёде лозим шавад. Шотемур хандида дар ҷавоб гуфт, ки ба писараш номи худро мегузорад.  

Шириншои хурдӣ ҳанӯз панҷсола нашуда буд, ки аввал падараш ва баъд модарашро ба ҳабс гирифтанд. Падари ӯро душмани халқ эълон намуда, моҳи октябри соли 1937 парронданд. Модарашро бошад, пас аз ду соли маҳбас ба Сибир бадарға карданд, ки дар он ҷо ӯ аз ғаму андӯҳ ва қалби бемор  вафот кард. То охир қабри ӯро пайдо карда натавонистанд. 

Шириншо дар мактаб хеле хуб таҳсил мекард ва даим аълочӣ буд. Муаллимон ӯро дӯст медоштанд ва то охири умрашон бо ӯ дӯст буданд. Вақте ки ӯ мактабро хатм намуда, соҳиби номаи камол шуд, модаркалонаш аз болохона (чердак) аксҳоеро, ки моҳи июли  соли 1937 пинҳон карда буд, берун овард.  Дар яке аз аксҳо ӯ ҳамроҳи падараш буд.

Шириншоҳ Шоҳтемури хурди (писари Шириншоҳ Шоҳтемур)

Модаркалонаш  Евдокия Васильевна ба ӯ гуфт:

— Шоя, ман ин аксҳоро барои ту пинҳон кард монда будам. Падари ту одами бовиҷдоне буд ва ҳамаи суханоне, ки дар ҳақи ӯ мегуянд, туҳмат аст, ӯ инсони хуб буд, ба онҳо бовар накун. Хотираи ӯро маҳфуз дор ва бо чунин падар ифтихор кун…

Шириншо мехост таърихшинос шавад. Кушиш кард, ки ба факултаи таърихи Университети Москва  дохил шавад, аммо бо баҳонаи аз озмун нагузаштан қабул накарданд.  Аммо ҳамаи ин нодуруст буд , фарзандони  “душманони халқ-”ро ба факултаи тахрих роҳ намедоданд. Соли  1950 ба Донишкадаи тиббии № 1 дохил шуд.  Соли 1956, пас аз хатми донишкада Шириншоро аз руи тақсимот  ба шаҳраки  Ягоднии вилояти Магадан фиристоданд.

Дар онҷо, дар бемористони ноҳиявӣ ӯ ба таври амалӣ малакаи худро дар соҳаи рентгенодиагностика такмил дод. Пас аз панҷ сол, соли 1961  ӯ ба Москва баргашт ва ба аспирантураи Институти Марказии такмили ихтисоси духтурон дохил шуд. Соли 1964 аспирантураро хатм намуд ва соли 1967 диссертатсияи номзадиро таҳти унвони :

 «Опыт клинико-рентгенологических и томографических сопоставленный при острых пневмониях» ҳимоя намуд. Пасаз ҳимояи рисолаи номзадӣ ӯро ба ҳайси ассистенти кафедра ва баъдтар дотсент ба кор гирифтанд. Дар як вақт ӯ дар бемористони ба номи Боткин кор мекард, ки фаъолияташро  дар он ҷо то соли 2012, то рузи ба  синни 80 солагӣ расиданаш идома дод.

Тобистони соли 1964, шоира  Ситсилия Бенсиановна Бону, ҳамсари классики бузурги мо -Лоҳутӣ ба ман барои пайдо кардани суроғаи Шириншо кумак расонд. Ин дар арафаи 40 солагии ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Ман маълумотҳоро ба падари худ, Худоназар Мамадназаров, ки он замон дар вазифаи директори иҷроияи Шӯрои Вазирони РСС Тоҷикистон кор мекард, фиристодам. Падарам дар ин бора ба роҳбарияти Тоҷикистон гуфт ва Шириншо Шотемури хурдиро ба руйхати расмии даъватшудагони ҷашнвора шомил карданд. Тирамоҳи соли 1964 аз Маскав ба Душанбе тайёра бо меҳмонони ин ҷашнвора парвоз карда омад.  Ман аз кормандони фурӯдгоҳ хоҳиш намудам, ки тариқи радио мусофир Шотемуро ба назди бюрои маълумотдиҳӣ даъват кунанд.

Вақте, ки ӯ аз зинапояи тайёра мефаромад,  ҳамон лаҳза ӯро шинохтам. Ҳамин тавр, бори аввал Шириншо Шириншоевич ба сарзамини аҷдодии худ пой ниҳод. Баъд аз ҷашнвора Шириншо ба Хоруғ парвоз намуда, дар он ҷо бо амакаш Бобошо, ки бародари падараш буд ва дигар хешу ақрабояш вохурд. Хушбахтона, ман тули зиёда аз 55 сол бо Шириншо риштаи дустӣ доштам. Ӯ ватандусти ҳақиқӣ буд. Русия ва Тоҷикистонро яксон дӯст медошт. Инсони заҳматкаш, боору номус ва бовиҷдон. Дар ҷои кор ба ҳеҷ кас хушомад намезад , нуқтаи назари худ ва принсипҳои худро ба хотири баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар кишвар   доим ҳимоя карда метавонист. Донандаи хуби таърих буд, назм ва насри адабиёти русро хуб медонист, китобҳоро аз англисию олмонӣ тарҷима мекард зиёда аз 120 кори илмӣ ва  2 монография оид барентгенелогия ва томография ба чоп раоснидааст.   

Мо – тоҷикон метавонем бо номи Шириншо Шотемури хурдӣ ифтихор кунем. Якҷо бо  аъзоёни оилаи ӯ, хешу ақрабояш дар Русия ва дар Тоҷикистон мотамдорем. Бигзор Худованд ӯро дар осмонҳо нигаҳбон бошад.

Давлат Худоназаров,кинорежиссёр ва муаррих

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *