Давлат Худоназаров: Роҳи дигар надоштам…

Имрӯз зодрӯзи Давлат Худоназаров, режиссёри маъруфи тоҷик аст. Номбурда дар оғози солҳои 90-ум вориди майдони сиёсат шуд ва номзад ба курсии президентӣ ҳам буд. Вале баъди ноком шудан дар интихобот ба Русия кӯчид ва феълан дар шаҳри Маскав зиндагӣ мекунад. Солҳои охир Давлат Худоназаров ба пажӯҳиши таърихи тоҷикон машғул аст ва дар ин замина китобу мақолаҳои ҷолиб ба нашр расонидааст. Дар зер суҳбати Одил Нозирро бо Давлат Худоназаров мутолиа кунед.

Ба мастер-класси Давлат Худоназаров, ки дар доираи 5-умин Кинофестивали байналмилалии «Дидор» дар Хонаи кино баргузор мегардид, дертар  омадам. Ҳангоми ворид шуданам Давлат Назарович чунин нақл дошт, ки оғози суҳбати мо шуд:

-Вақте дар Амрико будам, хоҳиш кардам, ки маро ба назди Нодирпур баранд… Аммо роҳбалад надоштам, он вақт забони англисиро намедонистам.  Як нафар суроғаи шоирро навишта доду ман ба таксӣ нишон дода рафтам то хонаи Нодирпур. Занги дарро пахш кардаму ӯ дарро ба рӯям кушод. Мо чанд соат суҳбат кардем… Аммо ин Нодирпур Нодирпуре набуд, ки дар Душанбе дида будем ва Нодирпуре набуд, ки ман тасаввур мекардам. Ӯ як марди ғариб ва хеле ҳақир буд… Ғарибӣ ба ӯ асар карда буд… Ӯ дар ғурбат хеле дигар шуда буд… 

Давлат Худоназаров: «Ман тоҷикам»

Ҳам ғарибу ҳам не

-Давлат Назарович, шумо дар бораи Нодирпур гуфтед. Худи шумо ҳам солҳост, ки берун аз Ватан зиндагӣ мекунед. Оё шумо ғариб ҳастед?

-Ҳам ғарибу ҳам не. Ин ду сабаб дорад. Якум, ман фарзанди советӣ ҳастам ва Маскав маркази Давлати Советӣ буд. Ман он ҷо таҳсил ва солҳои тӯлонӣ зиндагӣ кардам. Яъне, муҳити Маскав ва зиндагии он барои ман шинос аст. Дуюм, солҳои тӯлонист, ки мо дар Маскав барои бартараф кардани мушкилоти муҳоҷирон кор мекунем, яъне моро ҳар рӯз дар хона ва дар кӯча тоҷикон иҳота мекунанд.  Ман ноаён ва ҳамсарам – Гавҳар Ҷӯраева ба таври оммавӣ ҳуқуқ, забон ва фарҳанги муҳоҷиронро дар Русия дифоъ мекунад.  Ва сабаби аслии дурудароз зистани мо ҳам ҳамин аст. Албатта, эҳсоси ғарибӣ мекунам, ки дар Ватан нестам…

— Ватан барои шумо чӣ аст?

-Ҳама чиз, дунёи бепоён, ширинтарин эҳсос… Калимаи Ватан барои ман ифодакунандаи ҳам модар, ҳам фарзанд ва ғайра. Лекин Ватан барои ман як чизи абстрактӣ нест. Ин ҳама чиз аст, ҳам кӯҳҳо, ҳам овози мардум ва ҳам гузаштаи диёри ман. Худо раҳмат кунад, профессор Раҳматбой Раҳимови зарафшониро, ки дар  Санкт-Петербург буд.  Мо бо ин олими бузург, баъзе вақтҳо бо телефон як соат ва бештар аз он дар бораи тоҷикон ҳарф мезадем, ба ин васила хумор мешикастем. Масалан, об барои миллати мо чӣ аст? Мо дар бораи ин соатҳо суҳбат мекардем. Он кас дар мавриди оташ асар навишта буданд. Лекин ман онҳоеро бад мебинам, ки мафҳуми Ватанро бисёр истифода карда, онро дарк намекунанд. Ватанро бояд эҳсос кард…

«12 дақиқа дар автобуси 43»

Дар рафти мастер-класс Давлат Худоназаров дар бораи муҳим будани кадр дар филм суҳбат карда, ба кинематографистони ҷавон як чизи аҷибро нишон дод. Рӯзи охири мастер-класс режиссёр тариқи автобуси рақами 43 то кинотеатри «Зебунисо» омада, бо телефонаш ҳолати даруни автобус ва чеҳраҳои мусофирони онро аккосӣ карда, рамзӣ онро «12 дақиқа дар автобуси 43» гузошта, ба шогирдон нишон дод:

-Ман метавонистам субҳ бо таксӣ оям, аммо хостам, ки тариқи автобус омада, набзи шаҳҳро ҳис кунам, бӯй кунам, эҳсос намоям, — гуфт ӯ.

-Гуфтед, ки мехостам муҳитро, мардумро ҳис кунам? Чӣ ҳис кардед?

-Инро якбора гуфта намешавад. Азбаски кам меоям ва вақтам хеле маҳдуд аст, зуд наздик шудани бозгаштанамро нафаҳмида мемонам. Орзуям ин аст, ки бештар дар Ватан монам, то онро хубтар ҳис намоям. Чизҳои зиёде ҳастанд, ки маро рӯҳбаланд мекунад, шаҳр ба таври куллӣ обод мешавад, пешравиҳо зиёданд. Аз ин хурсандам. Аз он ки дунёи Душанбеи ҷавониҳои ман наметобад, ғамгин мешавам… 

-Шумо зиёд хушбахтед, ки модаратон болои саратон ҳастанд. Дар синну соли шумо модар доштан чӣ эҳсосест?

-Модару падар синну сол надоранд. Ман дар назди модарам ҳамоно хурдсолам. Вақте ки онҳо ҳастанд, ту тифл ҳастӣ, аммо вақте рафтанд, ту дар хонае мемонӣ, ки бомаш рафт. Модарам гоҳо асабӣ мешаванд ва мани 74 — сола дар назди ӯ як бачаи 7-8 сола мешавам. Модарам  баъзан вақт мегӯянд, ки вақти ман рафтааст, бояд равам. Ман мегӯям, ки шумо барои мо зарур ҳастед. Воқеан, будани модарам барои ман муҳим аст… Илоҳо бошанду бошанд…

-Дар ҳаёти шумо модаратон ва Меҳрубон Назаров чӣ нақш доранд?

-Гоҳо ба хулоса меоям, ки дар ман бештар хислатҳои модаркалонам инъикос шудааст. Бибиам, шахсияти бесавод буд, аммо дар нуқтаи назар, ҳиссиёт нисбат ба табиат ва рабти зиндагӣ диди шоирона дошт.

Худоназаров дар бораи Худоназаров

-Чанд рӯз боз ба кинематографистони ҷавон дарс мегӯед. Насли нави синамогарони ҷавонро чӣ гуна дарёфтед?

-Ҳоло инҳо дар сатҳи поён ҳастанд. Бояд бисёр кор кунанду омӯзанд…

-Ягон нафарашонро бо ҷавониҳои шумо муқоиса карда мешавад?

-Шояд, аммо замони мо дигар буд. Мо зиёд мутолиа мекардем. Ман албатта, аз ҳама фанҳо аълочӣ набудам, аммо китобҳои бадеӣ зиёд мехондам. Дар Душанбе соатҳо дар китобхонаи Фирдавсӣ менишастам. Шояд ҳамин сабаб шуд, ки аз синни 14 — солагӣ ба киностудия омадам.

-Барои чӣ маҳз киноро интихоб кардед?

-Ман аввал дар як кружоки суратгирӣ таҳсил мекардам, баъдан ба кино шавқ пайдо кардам. Тобистон дар филми «Қисмати шоир» ба сифати ёрдамчии оператор пазируфта шудам. Оператори ин кино, ҷанговар,  лётчики ҳарбӣ ва навозандаи хуб, инсони шариф Николай Владимирович Алановский буд, ки порсол вафот кард. Мо бо ҳам дӯст будем ва то маргаш робита доштем… Ҳамин тавр ман ба дунёи кино ворид шудам. 

-Филми аввалини шумо – «Алла»-ро иҷоза надоданд, ки ба экран барояд.Чанд филми дигаратон ҳам сарнавишти душвор доштанд. Ин чизҳо шуморо рӯҳафтода накард?

-Филми «Алла» аввалин филми муаллифии ман аст, ки дар он ҳам оператор, ҳам муаллифи сенария ва ҳам режиссёр худам ҳастам. Баъд аз он ки ин филмро боздоштанд, директори киностудия маро дастгирӣ кард ва иҷоза дод, ки ба сифати оператор корамро идома диҳам. Ҳамин тавр ман дар даруни кино будам ва ин шавқи маро кушта натавонисту идома додам.

-Чаро дар замони авҷи кори эҷодӣ киноро тарк кардед?

-Барои он ки аз Ватан канда шудам.

-Оё барои эҷодкор дар Ватан будан муҳим аст?

-Барои ҳама не. Барои ман бошад, муҳим аст, зеро ифода кардани фикру назариёт дар Ватан дигар аст. Берун аз Ватан ҳеҷ гоҳ кӯшиш накардаам. Албатта, дар Русия метавонистам, ба ман мушкил набуд, аммо нахостам.

-Шояд сиёсат шуморо аз кино канда кард?

-… шояд. Аммо ман ҳамеша дар фикри эҷодиёт будам ва ҳатто ба хотири эҷодиёт ягон маротиба довталабона хоҳиши гирифтани мансабро накардаам. Аммо маро ҳамеша иҷборан ба вазифаҳо тела медоданд.  Ҳатто котиби Иттифоқи кинематографистон шудани ман ҳам ба иродаи худам набуд. Як гурӯҳ бо роҳбарии  Анвар Тӯраев омада маро маҷбур карданд. Албатта, вақте котиби Иттифоқи кинематографистон шудам,  мақсаду мароми худро доштам. Мехостам барои миллӣ шудани кинои тоҷик бикӯшам. Зеро филмҳое ки пеш аз солҳои 60-ум сабт шудаанд, миллӣ нестанд.  Онро  чӣ дар Тоҷикистон, чӣ дар Ӯзбекистон ва чӣ дар Туркманистон ба навор гирӣ, фарқ намекунад.  Фақат либосҳо иваз мешаванду халос… Бинобар ин, мо кӯшиш кардем, ки кинои тоҷикро дигар намоем.

-Ҳоло аз вазъи кинои тоҷик огоҳед?

-Он қадар не…

-Охирин филми беҳтарини тоҷикии тамошокардаатон кадом  буд?

-Филмҳои Бахтиёр Худоназаров…  Филмҳои ӯ ганҷинаи гаронбаҳои кинои тоҷик ҳастанд.

Сиёвуш, Кимёгаров ва Лоҳутӣ

-Чӣ филме буд, ки мехостед ба навор гиред, аммо имкон нашуд?

-Ман мехостам Достони «Сиёвуш»-ро ба навор гирам, пеш аз он ки Кимёгаров сабтро оғоз кунад. Вақте ки «Корномаи Рустам» ва «Рустаму Сӯҳроб»-ро ба навор мегирифтем, ман ба «Шоҳнома» аз нуқтаи назари Фирдавсӣ нигоҳ мекардам, яъне алоқаи ман ба Тӯрон, ки ватани мост, бештар буд.  Сиёвуш нафаре аст, ки ҳам аз Эрон буду ҳам аз Тӯрон. Аммо чун Кимёгаров корро сар кард, ман даст кашидам, ҳатто барои операторӣ розӣ нашудам, аммо ҳамсарашон аз ман хоҳиш кард, то ки дар ин филм дар паҳлуи Кимёгаров бошам. 

-Ба андешаи шумо Кимёгаров  хостаҳои Фирдавсиро инъикос кард?

-Ӯ ҳар қадаре, ки метавонист кард.

-Ба андешаи Шумо саҳми Кимягаров дар кинои тоҷик чӣ гуна аст?

-Арбоби бузурги кино. Деворҳои кинои тоҷикро ӯ асос гузошт, агар ӯ набуд, кинои тоҷик шояд он қадар пеш намерафт.

-Гумон мекунам, беҳтарин кори шумо филми «Устод» аст, ки ба шумо шуҳрат ҳам овард. Барои чӣ сарнавишти Лоҳутӣ шуморо ҷалб кард?

-Тасодуфӣ. Ман роҳбари Иттифоқи киноматографистон будаму аз Кумитаи Марказӣ  хоҳиш карданд, ки бахшида ба 100 — солагии устод Лоҳутӣ як филми 20-дақиқагӣ ба навор гирем. Ман аз чанд нафар хоҳиш кардам, аммо онҳо рад карданд.  20 дақиқа ҳеҷ коре нест, гуфта онро худам сар кардам ва ин филм  2 соат шуд. Аммо дар садсолагии Лоҳутӣ онро нишон надоданд, баъдан нишон доданд ё не намедонам…

Дар гирдоби сиёсат

-Қабл аз суҳбат ман ба шумо ваъда карда будам, ки дар бораи сиёсат ва фаъолияти сиёсии шумо суол намекунам, аммо мебинам, ки ногузир аст… Сиёсат дар сарнавишти шумо чӣ нақш гузошт?

-Ман ҳеҷ гоҳ намехостам, ки ба сиёсат равам. Вале маро кашола мекарданд. Маро аз райони Ленин ба депутатӣ пешбарӣ карданд. Ман онҳоро намешиносам, бинобар ин ташаккур гуфта, рад кардам. Аз Бадахшон вақте пешниҳод шуд, онро низ рад кардам. Худораҳматӣ Назаршоев се маротиба омаду не гуфтам. Дар охир чанд нафар гуфтанд, ки маро ба хоинӣ муттаҳам мекунанд… Ҳамин тавр, маҷбур депутат шудам, зеро роҳи бозгашт набуд.  Ҳамин тавр, иҷборан ва ғайричашмдошт маро ба сифати раиси Иттифоқи кинематографистони СССР интихоб карданд.  Вақте маро ба интихоботи президентӣ пешниҳод карданд, рад кардам. Ҳатто чанд маротиба ба Собит Неъматуллоев занг зада, хоҳиш кардам, ки эшон номзадиашонро пешбарӣ кунанд… Аммо боз ҳам маро тела доданд. Мефаҳмед, одам гоҳо дар вазъияте меафтад, ки не гуфтан имкон надорад ва дигар роҳ нест…

-Аз он ки ба сиёсат рафтед, пушаймонед?

-Не, пушаймон нестам.

«Алла» ба ҷойи «Наврӯз»

-Солҳои охир шумо ба омӯзиши этнографияи мардуми Бадахшон ва рӯзгори олимоне, ки Бадахшонро таҳқиқ кардаанд, машғулед ва ҳатто доир ба Бобринский китоб навиштед. Чаро маҳз этнография?

-Бале, ман аллакай дар ин замина ду китоб нашр кардам. Оид ба Бобринский ҳам як китоб дар Италия ва якто дар Русия нашр расид. Алоқаи ман ба таърих хеле пештар оғоз шуда буд, ҳанӯз пеш аз банаворгирии филмҳо. Банда бо этнографҳои машҳури ҳамон давра Писарчик ва Ершов шинос шудам. Ҳатто дар замони донишҷӯӣ барои шиносоӣ ба назди Зарубин рафтам, аммо як нафари дигар баромаду хабари марги ӯро дод ва гуфт, ки вай ба ҷойи Зарубин аст. Ӯ Кисляков буд, ки баъдан шинос шудем. Дар замони донишҷӯйӣ   ба китобхонаи Ленин рафта, китобҳои пешазинқилобиро дар бораи тоҷикон мутолиа мекардам.  Ҳатто ҳамон солҳои 60 фикр кардам, ки дар бораи иди Наврӯз филм ба навор гирам,  аммо ҳаво барои павроз набуд. Вақте ба Бадахшон рафтем, охири апрел буд. Ман чизи сунъиро дӯст намедорам, бинобар ин дар бораи Наврӯз филм нагирифтам. Ҳамон шабурӯз дар деҳа як тифлак таваллуд шуд ва ман дар асоси он филми «Алла»-ро ба навор гирифтам. Дар ин филм чизе сохта нест,  ҷуз бо шамшер рақс кардани чӯпон…

-Кинои нағз дар кадом ҳолат ба вуҷуд меояд?

-Чизи зиёд даркор. Дар навбати аввал наср, насри боқувват. Баъдан сабаб. Барои пайдо кардани кинематограф сабаб лозим ва идея.

Рафтану баргаштан

-Дар замони соҳибистиқлолӣ шумо, Бақо Содиқов, Сайидо Қурбонов, Валерий Аҳадов, Маргарита Қосимова ва даҳҳои дигар рафтед… Оё дар ин муҳити холӣ кино сохта мешавад?

-Хеле мушкил, бинобар ин чунин рӯзҳои сангинро аз сар мегузаронем.

-Рафтан ба шумо ва инҳо чӣ дод?

-Ҳар кас ба ҳар сабаб рафт. Ман рафтам, ки нарафта наметавонистам. Ҳатто аз Русия ҳам рафтам. Баъзеҳо ба он сабаб ҷилои Ватан карданд, ки шароити иқтисодӣ вазнин шуд. 

-Ягон маротиба фикри бозгашт кардед?

-Ҳамеша.

-Чаро барнамегардед?

-Дар фикри баргаштан ҳастам. Ҳозир хонаи моро кӯчонида, хонаи нав месозанд. Хона, ки ба охир расид, шояд пурра меоям. Мо то имрӯз дар Русия лозим будем, аммо акнун ки нафақахӯрем, гумон мекунам, дар Ватан лозим ҳастем. Бачаҳои ҷавони кинематографро бояд тарбия кунем.  Ман имрӯз ба бачаҳо гуфтам, ки ман аз аввал ёрдамчӣ будам, аввал ёрдамчии Алановский ва ҳозир баъди 60 сол ёрдамчии шумо…

 МАЪЛУМОТНОМА: Худоназаров Давлатназар (13. 03.1944, ш. Хоруғи ВМКБ), коргардон, навор­бардор ва сенариянавис, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1989), Кор­ман­ди шоистаи маданияти љумњурї (1977), дорандаи Љоизаи давлатии ба номи Рўдакї (1972). Институти давлатии умумииттифоќии кинема­тографияи Маскавро соли 1965 хатм карда, дар «Тољикфилм» ба сифати коргардон, наворбардор, муаллифи филмњои њуљљатии «Лањзае чанд дар Афѓонистон», «Мирсаид Миршакар», «Хоруѓ», «Исфара», «12 рўз дар Баѓдод», «Љашни Абўалї ибни Сино», «Роњи дўстї» ва ѓайра мебошад. Дар филмњои бадеии «Љўра-саркор», «Достони Рустам», «Рустам ва Сўњроб», «Як умр кам аст», «Достони Сиёвуш», филми телевизионии «Ба Трускаветс кї меравад?» ба сифати наворбардор – тањиягар њунари баланд нишон додааст. Њамчун коргардон филми бадеии чандќисмаи «Субњи нахустини љавонї» ва «Марди роњ»-ро тањия кард, ки муваффаќият пайдо карданд. Чанд филми њуљљатии – «Моро љавонї рањнамо буд», «Лётчик», «Тавлид», «Оғоз» низ эљод кард. Солњои 1987-1991 Котиби якуми Иттифоқи кинематографистони СССР  буд. Аз оѓози солњои 90-уми асри гузашта муќими Маскав аст.

Одил Нозир,

«Тоҷикистон» №33, 2018

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *